Навъе Президент таъкид кард, яке аз муҳимтарин тамоюлҳои мустаҳкамнамоии сулҳ ва осудагӣ дар мамлакат кушодадилии иҷтимоию динӣ дар ҷамъият мебошад. Дар мамлакатамон тамоми халқҳо, намояндагони конфессияҳо, ки дар муҳити дӯстиву ҳамгароӣ умр ба сар мебаранд, мисле узви як оилаи бузург буда, Ӯзбекистонро хонаи умумӣ мешуморанд ва дар равнақи ин диёр саҳм мегузоранд. Онҳо бойигарии калони мо мебошанд, хулоса кардааст роҳбари давлат.
Дар муассисаҳои таълими умумии мо таълим бо ҳафт забон аст. Барномаҳои телерадиоӣ бо дувоздаҳ забон пахш мешаванд. Рӯзномаву маҷаллаҳо низ бо забонҳои гуногун аз нашр мебароянд.
Корҳое, ки бобати таҳкими муносибатҳои байнимиллӣ ва ҳамҷиҳатӣ дар мамлакати сермиллати мо ба амал бароварда мешаванд, қобили таваҷҷуҳанд. Дар ҳузури Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва масъалаҳои кор бо ҳамватанҳои хориҷӣ 157-то маркази мадании миллӣ,бештар аз 2000 созмони динӣ мансуб ба 16 кофессия фаъолият мебаранд. Худи ҳамин рақамҳо далел бар он, ки дар мамлакат тамоюли кушодадилӣ чи қадар устувор аст.
Ҳанӯз соли 2021 бо мақсади боз ҳам мустаҳкамнамоии риштаҳои меҳру оқибат дар байни халқҳои гуногунмиллат Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи муайянсозии Рӯзи дӯстии халқҳо” қабул гашт. Акнун ҳар сол дар мамлакатамон 30 июл ҳамчун “Рӯзи дӯстии халқҳо” таҷлил карда мешавад.
Соли 2025 дар арафаи ин ид бо ташаббуси роҳбари давлат боз як амали хайр сару сомон ёфт – дар Боғи дӯстӣ воқеъ дар пойтахт растаҳои 22 маркази мадании миллӣ кушода шуд. Имрӯз ин маскан ба маънои ҳақиқӣ ба тимсоли ҷамъияти бисёрмиллат дар кишвари мо табдил ёфтааст. Дар маҷмӯаи мазкур якчанд иншооти дуошёнаи хушнамуд қомат рост кардааст. Ҳар як бино инъикосгари арзишҳои маданӣ ва меъмории миллии халқҳои гуногун мебошад. Олами маънавӣ, рангорангии фарҳангии мардуми сермиллат низ дар иншооти нав муҷассам.
Инак, павилонҳо дар муддате,ки сипарӣ гашт, ба чорабиниҳои фарҳангиву маънавӣ мизбонӣ намуд. Аз ҷумла, тадбири идона ба муносибати фарорасии Соли нави 2026 дар ҳамин маскан муташаккилона сурат гирифт.
Растаҳои мазкур дар баробари мустаҳкамсозии ҳамҷиҳатии дохилӣ дар ба роҳ гузоштани равобити дӯстонаи байналхалқӣ саҳм мегузорад. Дар ин ҷо барои дар доираи ҳамкории маданӣ ба роҳ гузоштани ҳамкориҳо бо хориҷиён лоиҳаҳои муштарак низ ба амал бароварда мешаванд. Имрӯз ин маҷмаа иборат аз иншооти меъмории якдигарро такрорнакунанда ба рамзи дӯстӣ ва рафоқати халқҳои гуногунмиллат табдил ёфтааст.
Соли 2021 таҳти қарори Девони Вазирон нишони сарисинагии “Дӯстии халқҳо” таъсис дода шуд. Ҳар сол дар арафаи Рӯзи дӯстии халқҳо ходимони мақомоти давлатии маҳалливу хориҷӣ, созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ, субъектҳои соҳибкорӣ, вакилони соҳаи иҷтимоӣ ва расонаҳои ахбори оммавӣ, ки дар кори мустаҳкамнамоии дӯстӣ ва ҳамҷиҳатии халқҳоямон ҳиссаи муносиб мегузоранд, бо ин нишони сарисинагӣ тақдир мешаванд.
Маркази миллии мадании тоҷикони ҷумҳурӣ низ дар қатори дигар марказҳо баҳри амалӣ гардондани вазифаҳое, ки бобати мустаҳкамсозии муносибатҳои бародарона, таҳкими дӯстӣ ва ҳамгароӣ, эҳтироми якдигар, зинда доштани анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои маънавии ба халқҳоямон хос гузошта шудаанд, муттасил ҳаракат менамояд. Мо бо иштироки фаъолон дар асоси нақшаҳои пештар муайянгашта забон ва адабиёти миллӣ, маданият ва урфу одатҳои аҷдодиамонро тарғиб ва ташвиқ менамоем. Китобҳои тоҷикӣ таҳти ҳомигии марказ аз рукни “Накҳати сухан” рӯйи чоп мебинанд. Чанде пеш маҷмуаи ҳикояҳои адибаи сурхондарёӣ Ӯғилой Ҷӯрабоеваро ба табъ расонда, муаррифии онро дар маҳалли зисти муаллиф доир намудем. Саъйи мо дар роҳи боз ҳам қавитар гардондани робитаҳои фарҳангии маданӣ ва адабӣ дар доираи байналхалқӣ низ самара мебахшад. Ба наздикӣ китоби нави Шоири мардумии Тоҷикистон Фарзона бо унвони “Саҳарнам” таҳти ҳомигии мо аз чоп баромад. Барои муташаккил сурат гирифтани рӯнамоии он омодагӣ мебинем. Ҳамчунин ният дорем вохӯриҳои адибони тоҷики Тошканд ва вилояти Суғдро дар ду ҷониб ташкил намоем.
Воқеан, яке аз муҳимтарин вазифаи Маркази мадании мо боз ҳам наздиктар гардондани муносибот байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, хоссатан мазмуни тоза бахшидан ба ҳамҷиҳатии бародарони азалӣ – тоҷикону ӯзбекон мебошад. Ду халқе, ки дар давоми асрҳои зиёд дар як сарзамин, дар муҳити ягонаи фарҳангӣ ба сар бурда омадаанд, воқеан ҳам “як халқи ба ду забон ҳарфзананда” мебошанд. Дӯстӣ, устодиву шогирдии ниёҳои бузургамон Ҷомию Навоӣ нафақат қаринии ду аллома ва шоири бузург,балки рамз ва ифодагари маънавии халқҳои тоҷик ва ӯзбек мебошанд.
Вақтҳои охир муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ дар соҳоти гуногун ба давраи нав баромад. Ин ҳамкорӣ нафақат дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ,балки дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт, аз ҷумла, дар риштаҳои маданиву фарҳангӣ падидор мегардад, ки аз ин халқҳои гуногунмиллати ду ҷониб бисёр мамнунанд.
Халқҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа нафақат аз ҷиҳати ҷуғрофӣ,балки аз рӯйи нуқтаи назар ва андеша, умумияти таърих, арзишҳо ва урфу одатҳои аҷдодӣ ҷиҳатҳои зиёди умумӣ доранд. Ин сарзамин макони ягонаи маънавӣ низ мебошад дар роҳи пиёдасозии ормонҳои милливу умумиинсонӣ. Ба туфайли саъю ҳаракати якҷои сарони ду кишвар, намоён шудани иродаи қатъии сиёсати онҳо дар роҳи расидан ба мақсадҳои бузург ва аз ҷониби онҳо ба имзо расидани Декларатсия оиди мустаҳкамсозиии дӯстӣ ва тифоқии абадӣ марраҳои баланд забт шуданду мешаванд. Ҳамкориҳои амалии ба ҷонибҳо манфиатбахш ба дараҷаҳои нав мебароянд.
Иродаи сиёсии роҳбари давлат дар ҷодаи даст ёфтан ба тифоқиву рафоқат ба муҳити маънавӣ ва ҳамзистии осоиштаи халқҳои минтақа низ таъсир гузошта, кушодадилӣ, меҳру оқибат байни миллат ва халқиятҳо, ҳамҷиҳативу эҳтироми тарафайн ба давраи нав ворид мегардад. Хато намешавад агар гӯем, ки яке аз поягузорони ғояи нави “Рӯҳи Осиёи Марказӣ” маҳз роҳбари давлати мост.
Вохӯрии сарони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Хуҷанд яке аз воқеаҳои муҳими сиёсии соли 2025 дар ҳаёти халқҳои минтақа арзёбӣ гашт ва ифодаи амалии “Рӯҳи Осиёи Марказӣ” қарор гирифт. Ин рӯҳ пойдевори сулҳ, ҳамҷиҳатӣ ва бинои муносибатҳое эътироф гашт, ки дар асоси ҳамкориҳои ба ҷонибҳо манфиатбахш гузошта шудааст. Боз як воқеаи муҳим он ки дар сарҳадҳои се давлат “Стеллаи дӯстӣ” устувор гардид. Ин обида нафақат нуқтаи ҷуғрофӣ, балки тимсоле қарор гирифт, ки дилҳои се бародархалқро ба ҳам мепайвандад.
Ба наздикӣ роҳбарони се давлат Шавкат Мирзиёев, Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Ҷапаров барои саҳми бузургашон баҳри таъмини сулҳ ва таҳкими амният ба Мукофоти байналхалқии сулҳ ба номи Лев Толстой тақдир шуданд. Дар чорабинӣ ба ин муносибат нақши онҳо дар имзо шудани Декларатсияи Хуҷанд ва ҳиссаи бузургашон дар таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ алоҳида таъкид гашт.
Роҳбари давлати мо дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис ва мардуми Ӯзбекистон, аз ҷумла, қайд карда гузашт, ки моҳи марти соли 2025 дар Хуҷанд сарони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон бори аввал ба шартномаи таърихӣ дар бораи нуқтаҳои пайванди ҳудудҳои давлатии се кишвар имзо гузоштанд ва “Баённома дар бораи дӯстии абадӣ”-ро қабул карданд...
Инак, соли 2026 низ фаро расид. Умедворем ин сол низ бо воқеаҳои муҳим бой ва соли башарофат дар ҳаёти мамлакат ва халқҳои бисёрмиллати мо қарор мегирад. Чи дар кишвари рӯ бар ривоҷи мо, чи дар минтақа ва чи дар дунё корҳои муҳим дар роҳи мустаҳкамнамоии пояҳои дӯстӣ ва рафоқат байни халқҳо самараи дилхоҳ мебахшанд.
Гуландом СУБҲОНОВА,
раиси Маркази мадании тоҷикони ҷумҳурӣ.