Чу ёри мувофиқ бувад дар барат...

Баъди он ки роҳи оҳанро убур намуд, мошин ба тарафи чапи роҳи калони Фарғона – Қува тоб хӯрда, дар дами дарвозаи оҳанин истод.

Хабари хушу гуворо

Баъди он ки роҳи оҳанро убур намуд, мошин ба тарафи чапи роҳи калони Фарғона – Қува тоб хӯрда, дар дами дарвозаи оҳанин истод.

– Ба назарам, ҳавлии шумо гуфтагӣ ана ҳамин аст, – гуфт ронанда.

Вақте аз мошин фаромадам, якбора даричаи дарвоза кушода шуд ва Каримҷонака бо лабханди ба худаш хос ба истиқболам баромад.

– Хуш омадед, бародар! Аз дидоратон хеле сарфарозам, – гуфт ӯ бо лутф ва маро вориди ҳавлӣ раҳбаладӣ намуд.

Хотираам фанд надиҳад, тақрибан понздаҳ ё шонздаҳ сол пеш меҳмони соҳибони ин ҳавлӣ шуда будам. Маро Масъуди Мирзо ва Олимҷон Ҳусайнов ҳамроҳӣ мекарданд. Ҳарду таҳти сарпарастии Каримҷон Муҳиддинов масъулияти таълиф ва пахши гуфторҳои тоҷикии радиои вилоятро бар дӯш доштанд. Саҳни ҳавлӣ хеле васеъ менамуд, аммо ҳоло боз чанд дари дигар иморат сохтаанд, ки дар натиҷа саҳни ҳавлиро андак «дуздидааст». 

Дар як гӯшаи мизи дарози болояш анвои гуногуни долони дароз рӯ ба рӯйи ҳам нишастем. Каримҷонака даст ба дуо бардоштанд ва бори дигар «Хуш омадед» гӯён пиёлаи чойи гармро ба ман дароз карданд.

– Дуруду паёми маъмурияти «Овози тоҷик» ва ин китобро барои шумо ва завҷаи муҳтараматон армуғон овардам. Шумо ва мухбирони дигари рӯзнома, ки баъди меҳнати пурмаҳсул дар шаҳри Тошканду соири вилоятҳои ҷумҳурӣ даври пирӣ меронед, ҳамеша дар дилу дидаҳо қарор доред, – гуфтам ба соҳибхона ва китоби «100-солагии Овози тоҷик»-ро дароз кардам.

– Ташаккур! Аз чунин таваҷҷӯҳ банда хеле сарфарозам, – даст рӯйи сина гузошта гуфт Каримҷонака.

Ҳувайдо буд, ки вайро ин хабар ва тақдими китоб хеле шоду масрур намуд ва дар замири ӯ оташи ифтихорро шӯъла занонд.

– Албатта, баъди солҳои дароз зуҳури чунин илтифоту мурувват ва меҳрубонӣ нисбат ба кормандони собиқи худ танҳо мояи ифтихор аст, – изофа намуд Муҳиддинов.

Вай соҳиби чанд мукофот, аз ҷумла нишонҳои «Шуҳрат», «Яксолагии истиқлоли Ӯзбекистон» ва «Собиқадори меҳнат» дараҷаи 1-ум мебошад.

Ҳақи устодӣ дошт ӯ

Дар ҷараёни радду бадали фикрҳо Каримҷонака чанд бор номи Тешабой Қодиров ном шахсро ба ёд овард ва гуфт, ки вай аз тоҷиктаборони деҳаи Аввали ноҳияи Фарғона, солҳои дароз дар Кумитаи радиошунавонии вилоят (ҳоло бахши вилоятии Садову симои Кумитаи миллии садову симои ҷумҳурӣ) ифои вазифа менамуд. Аз таҷрибаи ғании Қодиров аксарият баҳраманд гаштаанд. Вай ба кадрҳои ҷавон ҳамеша муроқибат мекардааст.

– Тобистони соли 1981-ро ҳаргиз фаромӯш намекунам. Мактаби олии ҳизбии Тошкандро хатм намуда, ба Фарғона баргаштам. Дар даҳлези Кумитаи радиошунавонӣ бо Тешабойака рӯ ба рӯ омадам. Баъди аҳволпурсии муқаррарӣ ибрози хушҳолӣ кард, ки таҳсил дар мактаби ҳизбиро бо сари баланд ба анҷом расонидам, – изҳор намуд Каримҷонака.

Маълум шуд, ки гап сари ҷойи зист рафтааст ва Тешабойака гуфтааст, ки аризае навишта, ба Кумитаи иҷроияи шаҳр бурда супорад. Ҳамин ҳавлие, ки Каримҷонака бо аҳли оилааш зиндагӣ мекунад, маҳз натиҷаи ҳамон як гуфтугӯи кӯтоҳ бо Қодиров будааст.

Каримҷонака аз хидматҳои беғарази Қодиров ба ашхоси зиёд бо эҳтироми хос ёдоварӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, ин марди солору хоксор, аммо соҳиби гапу кори худ иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон, яке аз қаламкашони маъруфи вилоят маҳсуб мешуд, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нест.

– Дар ҳақиқат, чунин шахсиятҳо, ки барои сабук кардани мушкилоти дигарон аз таҳти дил ҷидду ҷаҳд мекунанд ва осудагии дигаронро осудагии худ медонанд, дар ҷомеа ангуштшумор буданд. Месазад, ки дар бораи Тешабой Қодирови шодравон, ки аз худ номи нек боқӣ мондааст, дар рӯзномаи «Овози тоҷик» матлабе чоп кунед, – гуфт Каримҷон Муҳиддинов.

Зани хуби фармонбари порсо...

– Модарам зодаи шаҳристони Риштон, баъди издивоҷ бо падарам то охири ҳаёт дар деҳаи Пидиргони Сӯх зиндагӣ кардаанд. Дар замони мо пеш аз издивоҷ рӯбарӯшавии арӯсу домод, тақдими гулдаста ва даъват ба тарабхона ба хаёли ҳеч кас намеомад. Ҳамаи кор бо хосту қарори волидайни ду тараф иҷро мешуд. Хонадоршавии ману Салимахон маҳз ҳамин тавр сурат гирифтааст, – гуфт Каримҷонака.

Салимахон Муҳиддинова фориғуттаҳсили мактаби миёнаи рақами дуюми шаҳристони Риштон ба номи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Ин мактабест, ки таҳсил дар он асосан ба забони тоҷикӣ сурат мегирифт ва маъруфтарин муассисаи таълимии тоҷикии ноҳияи Риштон маҳсуб мешуд.

Ба гуфтаи апаи Салимахон аввал техникуми молияи Тошкандро хатм намуд ва чанд муддат дар Иттиҳодияи тандурустии вилоят ба сифати иқтисодчӣ кор кард. Сонӣ маҷбур шуд, ки табдили касб намояд.

– Вақте ки риштаи ҳаётамро бо Каримҷон Муҳиддинов пайвастам, ба Омӯзишгоҳи таълими томактабии Марғелон ба хондан даромадам. Баъди таҳсил фаъолиятамро дар кӯдакистони рақами 10-уми шаҳри Фарғона, ки марбути Комбинати бофандагӣ мебошад, ба ҳайси мураббӣ шурӯъ намудам ва тайи даҳ сол бевосита ба парваришу тарбияи кӯдакони синни томактабӣ шуғл варзидам, – мегӯяд Салимахон Муҳиддинова.

Ӯ бист соли ҳаёташро ба иҷрои вазифаи мудири кӯдакистон бахшидааст. Ҳатто дар мавсими пахтачинӣ, бо мусоидати шавҳараш чанд шабу рӯзро дар бошишгоҳҳои саҳроӣ гузаронидааст.

– Падарам Бобоҷон Носиров коргари совхоз буданд. Модарам – Қаноатхон кадбонуи хона. Ҳарду бо тарбияи фарзандон ҳамеша ҷиддан машғул шудаанд. Ману шавҳарам аз маслиҳатҳояшон хеле баҳра бурдаем. Наметавонам, ки аз собиқ котиби райком ва муаллими забон ва адабиёти тоҷик Ҷӯрабой Маҳкамов ёдовар нашавам. Он кас ҳамеша мегуфтанд, ки забони модарии худро ҳифз кунем ва нагузорем, ки он аз байн равад. Аммо афсӯс, ки ҳоло аз мактабҳои тоҷикии Риштон ному нишон боқӣ намондааст, – мегӯяд Салимахон Муҳиддинова.

Ҳамзамон байти Саъдӣ ба ёдам расид:

Зани хуби фармонбари порсо,

Кунад марди дарвешро подшо.

Бирав, панҷ навбат бизан бар дарат,

Чу ёри мувофиқ бувад дар барат.

Кори радио хуб пеш меравад

Каримҷонака ба шуъбаи тоҷикии Ширкати садову симои вилоят ба кор ҷалб шудани донишҷӯйи аълохони Донишгоҳи давлатии Фарғона Фархунда Мандоноваро хеле фоли нек арзёбӣ кард. Вай гуфт, ин духтараки дидадаро ва садояш марғубу дилрабо барои рангин шудани барномаҳои «Армуғон»-и радио талоши зиёд ба харҷ медиҳад. Ҳамзамон донандаи хуби забони давлатӣ аст.

– Солҳои пеш гуфторҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русии радиои вилоят аввал сабт мешуд ва баъд онро дар мавҷи ҳаво пахш мекарданд. Аммо соли сеюм аст, ки барномаи «Армуғон» ба таври зинда, ҳафтае се-чаҳор маротиба дар мавҷи ҳаво пахш мешавад. Дар ин ҷода хидмати Фархунда беназир аст, – мегӯяд бо қаноатмандӣ Муҳиддинов.

Тавре ки вай боз таъкид меварзад, гоҳ-гоҳ ба идораи садову симои вилоят сар зада, бо Фархунда дар бораи беҳбуди барномаҳои тоҷикии радио, ба мусоҳиба ҷалб намудани одамони касбу кори гуногун, ки аз табори тоҷикон ҳастанд, маслиҳату машварат медиҳад ва ӯ онро бо ҷону дил қабул мекунад.

Дарвоқеъ, барномаҳои тоҷикии Кумитаи радиошунавонии вилоят охири солҳои 60-уми қарни гузашта роҳандозӣ шудааст. Аммо баъди 43-соли фаъолият бо сабабҳои гуногун ин садо хомӯш шудааст. Моҳи апрели соли 2011, вақте ки нигорандаи ин сатрҳо ба ҳайси муҳаррир ба ширкати садову симои вилояти Фарғона ба кор пазируфта шудам, бо кумаки устод Муҳиддинов аввалин амале, ки анҷом додам, барқарор кардани гуфторҳои тоҷикии ин радио буд.

– Ҳоло барномаи «Армуғон» дар байни тоҷикони вилоятҳои водии Фарғона, вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Боткенти Қирғизистон мухлисони зиёд дорад, – мегӯяд Муҳиддинов.

Расму ойинҳо чаро аз байн мераванд?

– Баъзан ба фикр фурӯ меравам ва дилам беихтиёр ба расму ойинҳоямон месӯзад, ки бо мурури замон аз байн мераванд. Ба таври мисол, агар касе шуморо ба туй ё ягон маросими хурсандии худ хабар карданӣ бошад, даъватномаро тавассути телеграм бароят мефиристад. Аммо пеш ба маросими хатнасурии фарзандон соҳибтӯй ё вакилаш меомад ва ду нони танӯрӣ дода, шуморо ба тӯй хабар мекард, – бо ҳавас ба ёд меорад собиқ мухбири «Овози тоҷик».

Тавре вай меафзояд, баъди тановули ош ва нозу неъмат соҳибхона ҳатман ба нишони эҳтиром ба калонсолон дар чорсуе дутоӣ нон баста медод ва онҳоро бо иззату икром гусел мекард. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо ҳатто шахсоне, ки бар асари беморӣ ё азодорӣ наметавонанд ба маросим ҳозир шаванд, аз оши тӯй бенасиб намемонданд. Соҳибхона дар як табақ ҳаққи онҳоро мефиристод. Чунин расму ойин дар замири одамон меҳру мурувват пайдо мекард, ки дар бисёр минтақаҳо аз байн рафтааст.

– Дуруст аст, ки баъзе одамон маросимҳоро хеле бодабдаву бошукӯҳ мегузаронанд ва он ба сабқати ғайрирасмӣ табдил меёбад. Шояд қарори махсуси танзими маросимҳо ба дабдабабозиҳои зиёд хотима бахшад, – мегӯяд бо умед Муҳиддинов.    

 Гапталошӣ ва рашк ба некӣ намеанҷомад!

– Зиндагӣ маҷмӯаи бешу камист, ҳаёти одамӣ аз пастиву баландиҳо иборат аст. Дар айни ҳол даҳҳо оиларо мисол овардан мумкин аст, ки бар асари нофаҳмиҳо, муноқишаву низоъҳои беасос рӯ ба парокандагӣ овардаанд. Чунин ҷудошавиҳо ҷомеаи моро ба нигарониҳо мувоҷеҳ намудааст, – мегӯянд зану шавҳар.

– Оё дар байни шумо ягон ихтилофи назар ба вуқӯъ пайвастааст?

– Шавҳарам мардеанд қобили эътимод, меҳрубону соҳибмаърифат ва меҳвоннавоз. Дар маҳалла соҳиби обрӯ мебошанд. Айб аст, ки байнамон ягон муноқиша ё гапталошӣ сурат гирад, зеро ҳар гуна муноқиша, муомилаву муносибати бади зану шавҳар ба фарзандон таъсири манфӣ мерасонад, дилашон аз зиндагӣ сард мешавад. Хосатан, дар назди келин рӯй додани чунин ҳодиса кори аз ҳама безеб ва ногуфтаниву носутуданӣ аст, – посух медиҳад апаи Салимахон.

– Рашк барои ману ҳамсарам ва тамоми аъзои хонаводаамон бегона аст. Ҳамеша ба фарзандон насиҳат мекунем, ки аз балои рашк эмин бошанд, фирефта шуда оилаи худро ба вартаи барбодшавӣ мубтало накунанд, – ба ҳарфҳои ҳамсараш илова намуд Каримҷонака.

Ногуфта намонад, ки ду духтари онҳо машғули зиндагии озоду ободи худ мебошанд ва зуд-зуд аз ҳоли падару модар ва хусуру хушдоман хабар мегиранд. Писари ягонаашон – афсари шуъбаи корҳои дохилӣ Қаҳрамонҷони 43-сола. Вай байни ҳамхидматон соҳиби обрӯву эътибор гаштааст. Келинашон Ҳафизахонро аҳли маҳалла ҳамчун ҷавонзани баодобу накӯном мешиносанд. Писару келин соҳиби ду писару як духтар шудаанд ва набераҳо низ ба бобову момои худ меҳру муҳаббат нишон медиҳанд.

– Ба бахти ману завҷаам ҳаргиз чашми бад нарасад, – туф-туфкунон мегӯяд бо табассум Каримҷон Муҳиддинов, ки имрӯзҳо ба синни мубораки 75 қадам мениҳад ва сӯйи ҳамсараш менигарад.

Вай ҳар як ҳарфи шавҳарро бо сухан ё имои сар тасдиқ менамояд. Ман бошам, бо як бағал таассуроти хубу гуворо ва табъи аъло ҳавлии Каримҷонака ва Салимаапаро тарк мекунам.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: