Ватанпарварӣ: аз сухан то амал

Ватан барои ҳар як инсон арзиши муқаддас дорад. Ватан танҳо сарзамине нест, ки мо дар он ба дунё омадаем, балки маконест, ки тақдири инсон, андеша ва орзуҳои ӯ бо он пайванд мегиранд.

Аз ин рӯ, мафҳуми ватанпарастӣ набояд дар суханҳои зебо ва шиорҳои баланд маҳдуд гардад, балки пеш аз ҳама, дар рафтори амалии шаҳрвандӣ ва дар эҳсоси масъулиятшиносӣ ифода ёбад.

Ҳарчанд бисёр касон худро ватанпараст, ватандӯст ҷилва медиҳанд, дар амал каманд онҳое, ки онро бо рафтору кирдори хеш собит кунанд. Дар асл барои ватандӯст иҷро кардани корҳои бузург шарт нест. Ҳар амали поку ҳалол, ҳар иқдоми хубу нек ва ҳар хидмати кӯчаке, ки ба манфиати ҷомеа анҷом дода мешавад, нишони равшани ватанпарастист.

Ватан зодгоҳи муқаддас аст, аз ин рӯ мақоми онро ба мақоми шахси аз ҳама азиз – модар баробар дониста, Ватан-Модар мегӯем. Ватан моро чун модар бо ҳазорон орзую умед ба воя мерасонад, то ҳангоми таҳдид кардани хатаре варо бо дилу ҷон ва тамоми вуҷуд ҳифз намоем, нагузорем, ки душмани бадният хоки муқаддасашро нопоку тороҷ кунад. Мо ватандӯстиро бояд аз ниёгони баору номуси хеш, ба мисли Шерак, Восеъ, Тумарис, Ҷ. Мангубердӣ ва дигарон омӯзем, ки дар роҳи озодии Ватан ҷони худро фидо кардаанд.

Шукр, ки Ватанамон – Ӯзбекистон орому озод ва аз давлатҳои саодатманд аст. Президент ва ҳукумат барои осудагиву фаровон зиндагӣ кардани халқамон тамоми шароитро муҳайё мекунанд. Бо вуҷуди ин, нафароне ҳастанд, ки ношукранд, доим меноланд, аз корҳои хуб ҳам  хатову айб меҷӯянд. Албатта, айб ҷустану айбдор кардан осон аст. Вале агар ҳар кас вазифаи худро софдилона иҷро ва қонунро эҳтиром намояд, дар ҷамъият бетараф набошад, ҷомеа пеш меравад, яъне ватандӯстӣ дар амал аст, на дар сухан. Боз як ҷиҳати ватандӯстӣ ин пос доштани забон аст. Ватанпарастӣ аз арҷгузорӣ ба забони модарӣ оғоз меёбад, касе, ки забонашро хор мекунад, ба решаи миллати худ табар мезанад, ватанпарвару ватанхоҳ буда наметавонад.

Ватан решаи ҳастӣ, ҳусни эҳтиром ба забони модарӣ, хотираҳои кӯдакӣ ва орзуҳои ояндаи мост. Ҳар шаҳрванде, ки барои пешрафти ҷомеа, тарбияи насли солим ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳм мегузорад, ватанпарасти ҳақиқист. Зеро, Ватане, ки фарзандони бедордил дорад, ҳаргиз хору заиф намегардад.

Муаттар Абдуева,

магистранти бахши аввали Донишгоҳи давлатии Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: