Барои ҷаҳони муосир одат шудааст, ки натиҷаро бубинад: неру, инфрасохтор, рушди саноат. Вале пушти ҳамаи ин кори мураккаб ва қариб ноаёне меистад, ки дар умқи чанд километр зери замин анҷом мегирад. Дар бораи он, ки муҳандиси қабати замин чӣ гуна зери заминро «мефаҳмад», равандҳои печидаро идора мекунад ва дар коркарди кон аз технологияи навин истифода мебарад, мо бо муҳандис Шореҳ Тағоев суҳбат кардем.
Шореҳ Тағоев дар мактаби рақами 43-юми ноҳияи Нурато, пас аз он дар филиали Донишгоҳи нафту гази ба номи Губкин дар шаҳри Тошканд таҳсил намудааст. Магистратураро дар Маскав хатм кард. Шореҳ солҳои донишҷӯйӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ оиди фанҳои техникӣ иштирок намуда, ба гирифтани 21 медал (7 тилло, 8 нуқра ва 6 биринҷӣ) мушарраф гаштааст. Алъон, ӯ ҳамчун муҳандиси қабати замин дар ширкати «Сурхонгаз» фаъолият дорад.
– Шореҳ, бисёр вақт мегӯянд, ки ҳама чизе, ки мо дар рӯйи замин дорем, аз умқи он оғоз мешавад. Аз нигоҳи муҳандиси қабати замин ин андеша то чӣ андоза дуруст аст?
– Ин андеша комилан дуруст аст. Қаъри замин пояи энергетика ва саноат мебошад, аммо он худ аз худ чизе намедиҳад. Захираҳо танҳо он вақт ба арзиш табдил меёбанд, ки инсон онҳоро дуруст ва босаводона истихроҷ карда тавонад. Муҳандиси қабати замин маҳз дар марзи табиат ва истеҳсолот қарор дорад: ӯ меомӯзад, ки қабати замин чӣ гуна рафтор мекунад, флюидҳо (моеъу газҳо) чӣ гуна ҳаракат мекунанд ва қарорҳое қабул менамояд, ки самаранокии истихроҷро барои даҳсолаҳо пеш муайян мекунанд.
– Роҳи шумо ба сӯйи ин касб аз куҷо оғоз ёфт?
– Фикр мекунам, ҳама чиз аз оила ва муҳити кӯдакӣ оғоз мешавад. Ба ман бахт ёр буд, ки дар муҳите калон шудам, ки дониш ва тафаккури муҳандисӣ қадр мешуд. Волидон, хешовандон ва омӯзгорони ман одамони босавод буданд, бисёре аз онҳо фанҳои дақиқ – математика, физика, химияро дарс медоданд ва ҳамзамон ба геология ва омӯзиши зери замин шавқ доштанд. Падарам муҳандис буд, баъдан омӯзгор шуд ва ҳамеша амалӣ будани донишро таъкид мекард. Дар оила зуд-зуд масъалаҳои сохтори замин, ҷустуҷӯйи захираҳо, иртиботи илм ва фаъолияти воқеӣ баррасӣ мешуд. Ҳамаи ин тадриҷан дар ман шавқу ҳавас ба зери замин ва вазифаҳои муҳандисиро шакл дод.
Идомаи мантиқии ин роҳ интихоби донишгоҳи ихтисосии нафту газ гардид, ки дар он шавқ ба касби огоҳона табдил ёфт. Ҳанӯз дар солҳои донишҷӯйӣ ба ман натанҳо кор бо параметрҳои ҷудогона, балки дарки низом ҳамчун як кулл ҷолиб буд: қабати замин чӣ гуна ташкил шудааст, дар он кадом равандҳо мегузаранд ва онҳо чӣ тавр бо ҳам вобастаанд. Ин майл бо фаҳмиши мукаммал маро ба соҳаи муҳандисии таҳияи конҳо овард.
– Кай дарк кардед, ки моделсозӣ қисми калидии кори шумо мешавад?
– Ин фаҳмиш тадриҷан пайдо шуд. Аввал таҷрибаомӯзиҳо буд, кор бо додаҳои промислӣ, иштирок дар лоиҳаҳои воқеӣ. Баъдан моделҳои аввалини геологӣ ва гидродинамикӣ пайдо шуданд. Дар ин марҳила равшан шуд, ки моделсозӣ абзори универсалӣ аст: он имкон медиҳад, ки додаҳои парокандаро ба тасвири ягона ҷамъ оварем ва дар асоси он қарорҳои асоснок қабул кунем.
– Пас аз хатми донишгоҳ чӣ гуна ба соҳа ворид шудед?
– Мисли аксари муҳандисон – аз вазифаи ибтидоӣ. Ман ба таҳлили додаҳо машғул будам, дар сохтани моделҳо иштирок мекардам, ба лоиҳаҳои ҳамкасбони таҷрибадор кӯмак мерасондам. Ин давра бисёр муҳим буд, зеро масъулиятро меомӯзонад. Вақте дарк мекунӣ, ки пушти ҳисобҳои ту чоҳҳои воқеӣ, сармоягузорӣ ва амният меистад, муносибат ба кор тамоман дигар мешавад.
– Имрӯз шумо ба чӣ кор машғул ҳастед? Кори худро бо суханҳои одӣ чӣ гуна тавсиф мекунед?
– Вазифаи асосии ман кам кардани номуайянист. Мо маълумоти геологӣ ва технологиро таҳлил мекунем, модел месозем ва мекӯшем бифаҳмем, ки дар қабати замин воқеан чӣ мегузарад. Ин махсусан барои конҳои мураккаб муҳим аст, ки дар онҳо додаҳои мустақим каманд ва нархи хато хеле баланд. Ҳар қадар фаҳмиш дақиқтар бошад, ҳамон қадар таҳия самараноктар ва бехатартар мешавад.
– Чаро имрӯз муҳандисон маҷбуранд дар шароити номуайянии зиёд кор кунанд?
– Зеро давраи конҳои «осон» гузаштааст. Ҳоло объектҳое таҳия мешаванд, ки умқи бузург доранд, геологияашон мураккаб аст, коллекторҳои тарқишдор ва гузаронандагии паст доранд. Дар чунин шароит ба як сенария такя кардан мумкин нест, бояд чанд роҳи ҷараёни ҳолатҳоро баррасӣ кард ва омода буд, ки бо ворид шудани маълумоти нав қарорҳо ислоҳ шаванд.
– Кадом технологияи муосир ба шумо дар ин кор кӯмак мекунанд?
– Имрӯз мо фаъолона аз абзорҳои рақамии таҳлили додаҳо, моделсозии ададӣ ва усулҳои зеҳнии коркарди иттилоот истифода мебарем. Технологияҳои нав имкон медиҳанд бо ҳаҷми бузурги додаҳо кор кунем, қонуниятҳои пинҳонро ошкор гардонем ва моделҳои воқеитар созем. Ин имкониятҳои муҳандисро нисбат ба он чӣ 10-15 сол пеш дастрас буд, хеле зиёд мекунад.
– Метавонед намунае аз истифодаи чунин равишҳоро дар амал биёред?
– Яке аз лоиҳаҳое, ки мо рӯйи он кор дорем, ба пешгӯии тарқишдории қабати замин дар умқи зиёда аз 4 километр вобаста аст. Ченкуниҳои мустақим дар чунин умқ хеле каманд, аммо маҳз шикастаҳо дар бисёр ҳолатҳо самаранокии истихроҷро муайян мекунанд. Мо равиши комплексиро истифода мебарем: маълумоти геологӣ-геофизикӣ, гидродинамикӣ ва додаҳои ғайримустақимро як ҷо мекунем, то тасвири эҳтимолан дурусттарини сохтори қабати замин ба даст ояд.
– Яъне шумо амалан чизеро барқарор мекунед, ки бевосита диданаш номумкин аст?
– Бале, маҳз ҳамин тавр. Кори муҳандиси қабати замин аз бисёр ҷиҳат ба бозсозии таҳлилӣ монанд аст. Мо додаҳои парокандаро ҷамъ мекунем, гипотезаҳоро месанҷем, сенарияҳоро муқоиса мекунем ва қадам ба қадам ба тавсифи воқеъбинтарини зери замин наздик мешавем. Ин кори душвор аст, аммо аз нигоҳи зеҳнӣ хеле ҷолиб.
– Ин ба истеҳсолот чӣ таъсири амалӣ дорад?
– Таъсир хеле мустақим ва ченшаванда аст. Моделҳои дақиқтар имкон медиҳанд ҷойгиркунии чоҳҳоро беҳтар интихоб кунем, технологияҳои таъсиррасонӣ ба қабатҳои замин (идоракунии фишор ва ғайра)-ро дуруст интихоб намоем, хавфҳоро коҳиш диҳем ва коэффитсиенти истихроҷро баланд бардорем. Дар ниҳояти кор ин ҳама ба иқтисодиёти лоиҳа ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ таъсир мерасонад.
– Оё метавон гуфт, ки соҳаи нафту газ бештар технологӣ мешавад?
– Бешубҳа. Имрӯз қарорҳо ҳар чӣ бештар бар асоси додаҳо, моделсозӣ ва таҳлили маҷмӯӣ қабул мешаванд. Ин соҳа пешгӯишаванда қобили идора дар давраи дарозмуддат устувортар мегардад.
– Муҳандиси қабати замин дар оянда чӣ гуна бояд бошад?
– Ин ихтисоси касби васеъ аст. Ӯ бояд геология ва физикаи равандҳоро амиқ дарк кунад, вале ҳамзамон бо абзорҳои рақамӣ, моделҳо ва усулҳои таҳлили боэътимод кор карда тавонад. Муҳандиси муосир натанҳо амалгаро, балки таҳлилгар низ ҳаст.
– Шуморо дар касб чӣ бештар ангеза медиҳад?
– Дарки бузургии вазифаҳо. Ту ба қаъри Замин – яке аз мураккабтарин низомҳои табиат кор мекунӣ ва мефаҳмӣ, ки қарорҳои ту ба равандҳои воқеии истеҳсолӣ ва рушди иқтисод таъсир мерасонанд. Ин ба ҳисси масъулияти кас меафзояд.
– Агар кори худро ба як ҷумла тавсиф кунед, он кадом хоҳад буд?
– Мо равандҳои пинҳонии қаъри заминро ба қарорҳои фаҳмо ва идорашаванда дар рӯйи Замин табдил медиҳем.
Мусоҳиб Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».