Ҳавои олуда ё ифлос аз мушкилоти хеле ҷиддии замони мост, ки нафақат ба саломатии инсон, балки боз ба ҳолати иқлими ҷаҳонӣ таъсири бад мерасонад.
Партови корхонаҳои саноатӣ, воситаҳои нақлиётӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳотӣ дар худ хелҳои мухталифи касифкунандаи ҳаворо доранд, ки аз зарраҳои хурд то гази гармхонаҳоро дарбар гирифта, дар ҳаво ва муҳит ҷараёнҳои табииро тағйир медиҳанд. Ин моддаҳо ба бештар шудани асорати бади гармхонаҳо мусоидат мекунанд, ки боиси боло рафтани ҳарорати миёнаи сайёра ва дар тамоми ҷаҳон сабабгори тағйир гардидани обу ҳаво мешаванд.
Касифшавии ҳаво ва иқлим ба якдигар зич вобаста буда, низоми мураттаберо фароҳам меоваранд, ки вай ба ҳаёти сайёраи Замин таъсир мегузорад. Буғҳо, зарраҳо ва газҳое, ки бинобар фаъолияти инсон ба ҳаво партов мешаванд, нафақат сифати ҳаворо бад мекунанд, балки боз ба ҷараёнҳои иқлим таъсири ҷиддӣ мерасонанд.
Манбаъҳои ифлоскунандаи ҳаво гуногунанд, онҳо ҳам омилҳои табиӣ ва ҳам антропогениро дарбар мегиранд. Хурӯҷи вулқонҳо, сӯхтори ҷангал, гирдбоди чангу ғубор, фаъолияти биологии рустанӣ ва ҳайвонот аз ҷумлаи манбаъҳои табиии он ба шумор мераванд.
Вале бояд гуфт, ки бобати афзудани сатҳи моддаҳои заҳролудкунанда, ки ба иқлим таъсири ҷиддӣ мерасонанд, маҳз фаъолияти инсон нақши калидӣ мебозад.
Сӯхтори канданиҳои сӯзишворӣ дар энергетика, саноат ва нақлиёт, партови ҷараёнҳои истеҳсолӣ, ҳамчунин хоҷагиии қишлоқ манбаъҳои асосии антропогенӣ ба шумор мераванд. Ин ҷараёнҳо боиси партови гази ангидрид, метан ва оксиди нитроген гардида, ба афзудани ҳодисаҳои нохуши обу ҳаво ва иқлим сабабгор мешаванд.
Олудашавии ҳаво ҳам ба иқлими ҷаҳонӣ ва ҳам ба иқлими минтақавӣ асорати ҷиддӣ мегузорад, сабаби тағйироте мешавад, ки ба низомҳои экологӣ ва ҳаёти одамон таъсири бад мерасонанд. Инро мо дар мисоли пойтахти ҷумҳурӣ – Тошканд низ мушоҳида мекунем. Олудашави ҳавои Тошканд дар тӯли солҳои охир ба дараҷае расид, ки Президенти мамлакатро зарур омад ба ин мушкилот дахл намояд.
Дар ҷамъомаде, ки ба наздикӣ бо иштироки Президент Шавкат Мирзиёев баргузор шуд, бобати беҳсозии вазъи экологии пойтахт чораҳои бетаъхир ва фармоишоти ҷиддӣ қабул карда шуданд. Чунончи, барои беҳтар намудани вазъи экологии Тошканд чораҳое пешбинӣ гардиданд, ки ба муборизаи зидди чангу олудашавии ҳаво нигаронида шудаанд.
Инҳо, пеш аз ҳама, аз кабудизоркунӣ, яъне зиёд кардани қитъаҳо, пӯшиш ва хиёбонҳои сарсабз иборат буда, аз вазифаҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд. Мақсад аз он на камтар аз 25 фоизи ҳудуди шаҳрро кабудизор кардан аст.
Муборизаи зидди чангу ғубор низ аз вазифаҳои аввалиндараҷа таъин гардид. Устувор кардани низомҳои обпошӣ ва ҳавзҳо барои шустани нақлиёти автомобилие, ки ба шаҳр ворид мешаванд, аз ин ҷумла мебошанд.
Таъкид шуд, ки назорати иншооти саноатӣ, зиёд намудани ин назорат аз болои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ низ барои коҳиш додани миқдори партови моддаҳои зарарнок муҳим мебошанд.
Пӯшида нест, ки нақлиёт ҳам аз ҷумлаи воситаҳои олудакунии ҳавои шаҳр аст. Бинобар ин коҳиш додани асорати нохуши нақлиёти автомобилӣ ба экологияи пойтахт бояд яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисобида шавад.
Президент таъкид намуд, ки барои поксозии ҳаво ва муҳити пойтахт бояд нисбати ин мушкилот чораҳои мунтазам коркард шаванд, зеро ин барои ҳифзи саломатии шаҳрвандон хеле муҳим мебошад.
Аз ин рӯ бобати иҷрои ҳарчи зудтару беҳтари ин вазифаҳо ва ҳалли мушкилот комиссияи махсус созмон дода шуд, ки бояд ҳам қарорҳои кӯтоҳмуддатро дар доираи иқтисодиёти «сабз», аз ҷумла мубориза ба муқобили оқибатҳои инверсия ва тирбанд коркарда барояд, ҳам ҳар рӯз барои аз байн бардоштани манбаъҳои олудакунии ҳаво, ошкор намудани онҳо рейдҳо баргузор кунад.
Вазифа гузошта шуд, ки дар ин бобат сиёсати хеле фаъол ба роҳ монда шавад, то дар соҳа рушди устувор ба даст ояд.
Ораш Акабоев,
донишҷӯйи соли чоруми Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон.