Дар Боғи миллии «Боботоғ», воқеъ дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё, бойчечак шукуфт.
Сол то сол, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим, ба мушоҳида мерасад, ки бойчечак – гуле, ки аз омади баҳор дарак медиҳад, барвақттар мешукуфад.
Шукуфтани бойчечак, аз як тараф, аз фаро расидани фасли навсозӣ дарак дода, ба дилҳо шодию хурсандӣ бахшад, аз ҷониби дигар, бар асари болоравии ҳарорат, сол ба сол ва рӯз то рӯз ҷиддитар гардидани мушкилоти экологиро ифода менамояд.
Бойчечак сиёҳгӯш гиёҳи бисёрсола буда, ба оилаи пиёзгулҳо мансуб аст ва аз 7 то 20 сантиметр меёзад. Он асосан дар моҳҳои феврал-март мешукуфад ва мева медиҳад. Бойчечак дар минтақаҳои биёбонӣ ва адирҳо, дар хокҳои ҳосилхез, регзор ва санглох мерӯяд.
Бо вуҷуди ин, рӯзҳои сарду барфолуди зимистон ҳанӯз дар пешанд. Умед дорем, табиат боз ҳам моро бо барфу борон, ки манбаи фаровониву неъматанд, баҳраманд месозад.
Сурайё НОРМАНӢ.
Вилояти Сурхондарё.