Рақамикунонӣ ҷараёни техникӣ нест, балки...

Ҷараёни рақамикунонӣ дар ҳама соҳа бо суръат пеш меравад. Низоми идоракунии давлатӣ низ дар ин ҷараён истисно нест. Баръакс, технологияҳои рақамӣ ба воситаи асосии ташкили босифат, шаффоф ва самараноки вазифаҳои давлатӣ табдил ёфтаанд.

Рақамикунонӣ на танҳо суръати пешниҳоди хидматро афзоиш медиҳад, балки боварии шаҳрвандонро ба давлат мустаҳкам мекунад.

Мақсади асосии рақамикунонӣ дар идоракунии давлатӣ автоматикунонии ҷараёнҳо бо кам кардани омили инсонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон ва суръат бахшидан ба ҷараёни иттилоот мебошад.

Аз аввали солҳои 2000-ум Ӯзбекистон ба рушд ва рақамикунонии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ афзалият медиҳад. Аз ҷумла, дар «Барномаи ҳамаҷонибаи рушди низоми миллии иттилоот ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2013–2022», «Стратегияи амалҳо оид ба панҷ самти афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017–2021», инчунин, «Ӯзбекистони рақамӣ–2030» ва «Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022–2026» як қатор тадбирҳо барои татбиқи табдили рақамӣ дар иқтисодиёти миллӣ, саноат ва умуман ҷомеа пешбинӣ шудаанд.

Аз ҷумла, ба кор андохтани системаи асосии ҳукумати электронӣ–Портали ягонаи интерактиви хидматрасонии давлатӣ, дар ин самт, инчунин дар ҷорӣ ва рақамикунонии технологияҳои нав дар идоракунии давлатӣ комёбиҳои назаррас ба даст омадаанд.

Муҳимтарин шартҳои татбиқи бомуваффақияти Стратегияи «Ӯзбекистони рақамӣ–2030» дастгирии молиявии бахш ва баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ мебошад.

Аз рӯи маълумот гуфтан мумкин, дар Ӯзбекистон шумораи умумии корбарони интернет ба 27,2 миллион нафар расидааст.

Хидматҳои давлатӣ дар асоси тамоюли «як оина» иҷро карда шуда, ба коғазбозии аз ҳад зиёд роҳ намемонад.

Шаҳрвандон метавонанд хидматҳоеро ба монанди андоз, пардохтҳо, бақайдгирӣ ва гирифтани иҷозатномаҳоро аз хонаҳои худ набаромада иҷро кунанд. Дар ин ҷараён хатари коррупсия кам мешавад, зеро ҳамаи равандҳо ба таври электронӣ анҷом дода мешаванд. Вақт ва захираҳо сарфа карда мешаванд ва сифати хизматрасонӣ беҳтар мегардад.

Айни замон ба иҷрои амалии ин барномаҳо гувоҳ мешавему худамон низ ҳамчун иштирокчии ҷараёни рақамикунонӣ аз ин истифода мебарем.

– Рӯзе ба поликлиникаи деҳа рафтам. Дигаргуниҳо хеле бисёр. Деҳаамон аз маркази ноҳия 22 км. дур. Аммо рафти кор, тартиби беморқабулкунӣ... ҳамааш автоматиконида шудааст. Аз шароити шаҳриён фарқе надорад, – ҳикоя кард муаллими собиқадор Турсунбой Шаропов дар як сӯҳбат. – Ба патронажи маҳалла вохӯрда будам, маро ба хонае, ки якчанд компютер доштааст, даровард ва маълумоти иловагиро ба компютер навишту ба хонаи лаборатория рафтанамро таъин намуд. Коғаз надодед-ку, гӯям «Коғазатон аллакай аз шумо пештар расида рафт, муаллим», – гӯён ҷавоб дод. Замона ниҳоят хуб, чӣ хоҳӣ дар вақташ, дар пешат муҳайё. 70 сол умр дидам. Дар давоми ин сол ҳар чӣ гуна вазъиятҳои душворро дидем. Афзалиятҳое, ки дар соҳаи маориф амалӣ гаштаанд, ба дил ҷӯшу хурӯш меорад, хоҳиш пайдо мешавад, ки боз ба кор – ба мактаб гардам. Ҳоло, дар ҳама соҳа имкониятҳо, шароитҳои хуб ҳадду канор надоранд. Ба қадри ин ҳаёт расему шукрона кунем.

Бо овардани ин гуна мисоли ҳаётӣ дигаргунӣ ва пешравиҳое, ки танҳо дар соҳаи тиббиёт ба назар мерасад, гуфта гузаштем. Ин хел ҷараёнҳои тезкорро дар ҳамаи соҳа дидан мумкин.

Яке аз марҳилаҳои муҳими рақамикунонӣ ташкили мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ тавассути платформаи ягона мебошад. Ин зарурати пур кардани як маълумотро чанд маротиба бартараф мекунад, хатогиҳоро ҳангоми пешниҳоди хизматрасонӣ ба шаҳрвандон кам карда, имкон медиҳад, ки таҳлили статистикӣ ва асосноккунии ҳамаҷонибаи қарорҳои идоракунӣ анҷом дода шавад.

Системаҳои рақамӣ гардиши ҳуҷҷатҳо ва интизоми иҷроро автоматӣ мекунанд. Мӯҳлат, сифат ва сабаби ҳар як вазифа бо таврӣ электронӣ инъикос меёбанд. Ин ба роҳбарон имкон медиҳад, ки зудтар қарорҳо қабул кунанд.

Рақамикунонӣ танҳо як ҷараёни техникӣ нест. Он пеш аз ҳама ташкили нави фаъолиятро талаб мекунад. Аз ин рӯ, хизматчиёни давлатӣ бояд дар мавзӯъҳои малакаҳои рақамӣ, усулҳои корҳои замонавӣ ва қоидаҳои амнияти киберӣ машғулот ташкил кунанд.

Бо афзоиши ҳаҷми маълумот ба ҳифзи он низ аҳамият меафзояд.

Тадбирҳои амнияти киберӣ, технологияҳои рамзгузорӣ ва кори устувори серверҳо аз ҷумлаи афзалиятҳои идоракунии давлатӣ мебошад. Агар амнияти маълумотҳо таъмин карда нашавад, ҳамаи дастовардҳои рақамикунонӣ зери хатар мемонад.

Рақамӣ кардани низоми идоракунии давлатӣ на танҳо як навсозии техникӣ, балки марҳилаи нав дар фарҳанги идоракунӣ ва муносибатҳои шаҳрвандӣ мебошад. Он ба ҷомеа хидматҳои кушода расонида, хизматҳои замонавӣ ва самаранокии давлатиро фароҳам меорад ва дар айни замон ба рушди иқтисодӣ низ мусоидат мекунад.

Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: