Дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис ва мардуми Ӯзбекистон аз 26 декабри соли 2025 дар назди ходимони маориф низ вазифаҳои муҳим гузошта шуд.
Дар Муроҷиатнома дар бораи сифати таълим, мустаҳкам намудани ҳамоҳангии тарбия ва арзишҳо, омода кардани хонандагон ба ҳаёт ва касбу ҳунар ҳамчун вазифаҳои муҳим муайян карда шуд. Инчунин, ташкили самараноки корҳои таълим дар асоси принсипи ҳамкории оила – маҳалла – мактаб, ташкил намудани «Шаҳраки касбҳо» қайд карда шуд.
Таъкид гардид, ки ҷудо кардани маблағҳои буҷавӣ барои беҳтар кардани сифат ва инфрасохтори таълим хидмат хоҳад кард.
Навсозии техникумҳо ва ҷорӣ намудани барномаҳои байналмилалӣ барои омода кардани имкониятҳои васеъ ба хонандагони мактабҳо барои интихоби касб фароҳам меорад.
Хулоса, дар Муроҷиатнома низоми ба сатҳи нав баровардани сифат, самара ва кори таълиму тарбия ба миён гузошта шудааст. Мо якҷоя бо ҷамоаи педагогӣ вазифаҳои зикршударо пурра дастгирӣ мекунем ва мунтазам амалӣ мегардонем.
Р. Шарипова,
директори мактаби таълими ҳамагонии рақами 56-уми ноҳияи Давлатободи шаҳри Намангон.