Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан

Ба муносабати 34-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан дар саросари ҷумҳурӣ таҳти шиори «Артиши миллӣ – сипари Ватан, посбони сулҳи мост!» ҷашнвораҳои ватандӯстӣ оғоз ёфтанд.

Дар доираи моҳонаи «Ватанпарварӣ» баргузории чорабиниҳои гуногун дар миқёси васеъ ба нақша гирифта шудааст.

Ба ин муносибат дар мактаби таълими умумии рақами 4-уми ноҳияи Тӯрақӯрғон чорабинии хотирмон баргузор гардид. Дар он собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳ, хидматчиёни ҳарбӣ ва ҷавонон иштирок карданд. Дар бораи моҳияти моҳи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ки аз 15 декабр то 15 январи соли ҷорӣ идома меёбад, андешаҳо шунида шуданд.

Намояндагони қисми ҳарбии дар ноҳияи Поп ҷойгиршуда намоишҳои ҳарбӣ нишон доданд.

Аз тарафи маъмурияти мактаб ба хонандагони пешқадам, варзишгарони фаъол ва устозони онҳо туҳфа ва ташаккурномаҳо тақдим карда шуд.

Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: