Намоишгоҳи «Дар тӯли асрҳо» баргузор гардид

Дар намоишгоҳи Қасри байналхалқии фарҳанги Икуо Хироямаи Академияи бадеии Ӯзбекистон ифтитоҳи аввалин намоишгоҳи шахсии мусаввири миниатюра Хайриддин Муҳиддинов таҳти номи «Дар тӯли асрҳо» баргузор шуд.

Дар намоишгоҳ «Роҳи абрешим», «Арӯс», «Шаҳзода», «Тӯмарис ва сафири Форс», «Бобур дар Афғонистон», «Шоҳ ва гадо», «Маликаи ҳинд», «Ҳавлии кӯҳна», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Хусрав ва Ширин», «Мусобиқаи гӯштингирии ду миллат», «Корвони Астрахан» ва дигар асарҳо ба намоиш гузошта шудааст. Дар ин асарҳо мероси фарҳанги миллӣ, шахсони таърихӣ, арзишҳои миллӣ ва симои шахсони бузург инъикос ёфтааст.

Эҷодкор Хайриддин Муҳиддинов соли 1971 дар шаҳри Тошканд таваллуд ёфтааст. Дар мактаби ҷумҳуриявии бадеии ба номи Бенков таҳсил гирифтааст. Ӯ узви Иттифоқи рассомони Ӯзбекистон аст. Асарҳои рассомро дар осорхонаҳои мамлакати худамон ва ҳам дар хориҷа дидан мумкин аст.

Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: