Суханони ҳикматомези бузургон
Мехоҳам машҳур бошам, зеро шуҳрат хушбахтист аммо мехоҳам судманд бошам, зеро судманд будан вазифа аст.
Виктор Гюго.
Насиҳат дар назди мардум насиҳат нест, таҳқир аст.
Алӣ ибни Абутолиб.
Ҳеч кас ба андозаи касе, ки ҳақиқатро мегӯяд, мавриди нафрат қарор намегирад.
Афлотун.
Одамӣ то вақте ба дигарон ниёз дорад, фурӯтан ба назар мерасад. Аммо ҳамин, ки ниёзаш бартараф шуд, худи воқеияшро нишон медиҳад.
Франсуа де-Лорашфуко.
Девона ҳамонест, ки худро идора карда наметавонаду дигаронро идора кардан мехоҳад.
Публий.
На ҳеч инсоне дӯсти ту ва на ҳеч инсоне душмани туст. Балки ҳар инсоне муаллими туст.
Ҷуброн Халил Ҷуброн.
Инсонҳо дар ду ҳолат чеҳраи воқеии худро нишон медиҳанд: аввал ин, ки комилан ба хостаҳои худ расида бошанд, ё бидонанд, ки ба хостаҳояшон намерасанд.
Суқрот.
Ҳар як кас хонаи дарбастаест, ки танҳо бо муҳаббат метавон ин дарро боз кард.
Натанаэл Уэст.
Замоне, ки ёдгириро бас кардӣ, шурӯъ ба мурдан мекунӣ. Ёдгирӣ зинда будан аст.
Алберт Эйнштейн.
Дар кишваре, ки тартибот ҳаст, дар амалу гуфтор далер бош. Дар кишваре, ки тартибот нест, дар амал далер бош, вале дар гуфтор ҳуш дор.
Конфутсий.
Замоне фаро мерасад, ки хирадманд сукут меварзад, нодон сирри худро фош месозад ва бадкор амал мекунад.
Иво Андрич.
Дар ҷомеаи бемор ростгӯ манфур аст. Зеро ҳақиқат оинаест, ки чеҳраҳоро урён мекунад. Ва бештари мардум аз дидани худашон безоранд.
Артур Шопенгауер.
Ҷаҳолат бештар аз доноӣ эҳсоси амният эҷод мекунад.
Чарлз Дарвин.
Донае, ки рушд кардан нахоҳад, ҳар чи қадар обу офтоб бидиҳед, ба он андоза мегандад.
Бузург Алавӣ.
Шодӣ ҳолате гузаро нест, балки тавоноии таҳаммули андӯҳ аст. Фақат рӯҳе, ки ранҷро шинохта, метавонад бихандад.
Зигмунд Фрейд.
Тарҷума ва таҳияи А. Субҳон.