Ҳангоми бетартибиҳо дар шаҳри Машҳади Эрон 15 автобус оташ зада шуд

Дар шаҳри Машҳади Эрон понздаҳ автобус, ки арзиши ҳар кадомашон ба ҳисоби миёна 18 миллиард риал (тақрибан 18 000 доллар) мебошад, оташ зада шуданд.

Дар ин бора агентии иттилоотии “Tasnim” бо истинод ба Кумитаи фарҳанг ва корҳои иҷтимоии Шӯрои шаҳри Машҳад хабар дод.

Тибқи иттилоъ, 320 истгоҳи автобус, 600 аломати роҳ ва монеаҳо осеб дидаанд, инчунин ба метро ҳамла сурат гирифтааст. Зарари расида аз ин вайронкориҳо ба чандсад миллиард риал баҳогузорӣ мешавад, хабар додааст report.az.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: