Ҳазрати шоҳмот аз Хаймар

Рӯзҳои истироҳати Соли нав буд, ки телефони мобилиам занг зад. Гӯшакро бардоштам.

– Ман, Ҳазрат Имомов, аз маҳаллаи Хаймар, шогирди падаратон, – худро муаррифӣ намуд мусоҳибам. – Пагоҳ дар маҳаллаи мо ба муносибати Рӯзи муҳофизони Ватан мусобиқаи бонуфузи шоҳмот баргузор мешавад, мо шумо, мухлиси ашаддии ин бозии шавқангезро ба он даъват мекунем. Ҷоиза ҳам дорад. Розигӣ додам.

Воқеан, дар бораи маҳаллаи Хаймари ноҳияи Самарқанд ҳанӯз айёми бачагӣ солҳои 60-70-уми асри гузашта аз модаркалони раҳматиам Тоҷиой Пардаева, ки раиси деҳшӯрои Хаймар буданд, нақлу ривоятҳои зиёд шунида будам ва дертар ҳамчун хабарнигор маводи ҷолибе ҳам ҷамъ намудам.

Дертар, вақте падари бузургворам Ҳасан Наҷмиддинов (рӯҳашон шод бод!) дар мактаби миёнаи рақами 95-уми ба номи устод Мирзо Турсунзода (ҳоло рақами 12)-уми деҳаи Хаймар мудир таъин гардиданд, ман ҳамчун хабарнигор дар анҷуманҳои гуногуни фарҳангии таълимгоҳи мазкур ширкат меварзидам. Хосатан, агар аз Тоҷикистон ё Афғонистон меҳмонони олиқадр оянд, падарам маро ҳам таклиф мекарданд. Вохӯриҳои шавқангезро бо устодони сухан чун Ҷалол Икромӣ, Боқӣ Раҳимзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигарон то ҳол дар хотир дорам, ки базми шеъру ғазалхонӣ, суруду оҳангҳои  дилнишин авҷ мегирифт. Дар маркази деҳа гузошта шудани муҷассамаи шоири зиндаёд, шаҳиди диёри афғон Хуршед Қамар воқеаи таърихӣ гардид. Боиси ифтихору хушнудист, ки алҳол маҳаллаи Хаймар туфайли сиёсати дурандешонаи сарвари давлат ободу зеботар гардид. Бояд гуфт, ки ин мусобиқаи шоҳмот бо ташаббусу дастгирии Ҳазрат Имомов сол то сол ривоҷу равнақ меёбад. Ҳоло бо ғайрату талошҳои ӯ дар маҳалла мактаби шатранҷ бунёд шуда, қариб сад нафар писаракону духтараконро аз гирду атрофи маҳалла барои омӯхтани асрори он ҷамъ овардааст.

Ба муносибати Рӯзи муҳофизони Ватан мусобиқаи бонуфузи шоҳмот баргузор гардид. Дар он аз шаҳру ноҳияҳои вилоят варзишгарони зиёд барои ба даст овардани туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулӣ талош варзиданд.

Дар оғози мусобиқа ҷонишини раиси маҳалла Раҳмонқул Ҳамроқулов, гроссмейстери байналхалқӣ Тоҳирҷон Воҳидов, ҷонишини раиси федерасияи шоҳмоти вилоят Илҳом Эргашев, устоди соҳибтаҷриба Бахтиёр Акобиров, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Абдуваҳҳоб Воҳидов, собиқадори таълим Муҳаммад Султонмуродов ва дигарон ба варзишгарон комёбиҳо таманно намуданд.

– Муроҷиатномаи Президенти мамлакат, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми Ӯзбекистон ҳамчунин «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» эълон гардидани соли нав, бешубҳа, барои тараққии ҷамъият хидмат хоҳад кард, – иброз дошт Ҳазрат Имомов. – Барои ба мо, варзишгарон, эътироф гардидани комёбиҳои назарраси шоҳмотбозони номдорамон Ҷавоҳир Синдоров, Нодирбек Абдусатторов ва дигарон хушоянд аст. Имсол дар Самарқанд бозиҳои олимпӣ оид ба шоҳмот баргузор хоҳад шуд. Дар он шоҳмотбозони самарқандӣ ҳам шарафи Ӯзбекистонро ҳимоя мекунанд.

Умед дорем, ки шогирдони мактаби мо низ замоне дар мусобиқаҳои бонуфузи байналхалқӣ ширкат варзида, номи деҳаи Хаймар ва ноҳияи Самарқандро маълуму машҳур мекунанд.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: