Вазифаҳои афзалиятноки таҳкими минбаъдаи амнияти ҳарбӣ ва мудофиаи мамлакат баррасӣ шуданд

  • Вазифаҳои афзалиятноки таҳкими минбаъдаи амнияти ҳарбӣ ва мудофиаи мамлакат баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳои афзалиятноки таҳкими минбаъдаи амнияти ҳарбӣ ва мудофиаи мамлакат баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳои афзалиятноки таҳкими минбаъдаи амнияти ҳарбӣ ва мудофиаи мамлакат баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳои афзалиятноки таҳкими минбаъдаи амнияти ҳарбӣ ва мудофиаи мамлакат баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳои афзалиятноки таҳкими минбаъдаи амнияти ҳарбӣ ва мудофиаи мамлакат баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳои афзалиятноки таҳкими минбаъдаи амнияти ҳарбӣ ва мудофиаи мамлакат баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳои афзалиятноки таҳкими минбаъдаи амнияти ҳарбӣ ва мудофиаи мамлакат баррасӣ шуданд

13 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев оид ба масъалаҳои таҳкими амнияти ҳарбӣ ва мудофиаи мамлакат ҷамъомади васеи Шӯрои амният баргузор гардид.

Дар чорабинӣ аъзои Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Девони Вазирон, роҳбарони вазорату идораҳое, ки ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ дохиланд, фармондеҳони округҳои ҳарбӣ, роҳбарони секторҳои ҳарбӣ-маъмурӣ, инчунин намояндагони дигар идора ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Тӯли солҳои гузашта ҷиҳати таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар корҳои шоиста амалӣ гардиданд.

Артиши миллии мо бо силоҳу техникаи муосир таъмин мегардад. Сатҳи омодагии ҷангӣ ва маънавию рӯҳии хидматчиёни ҳарбӣ пайваста боло меравад, иқтидори саноати мудофиа мустаҳкам мешавад.

Дар қӯшунҳои Вазорати мудофиа усулҳои нави тактикӣ ҷорӣ гардида, шумора ва шиддати машқҳо 1,5 баробар афзуд, шуъбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ва марказҳои омодасозии мутахассисон таъсис ёфтанд.

Дар натиҷаи корҳое, ки бобати рақамисозии артиш оғоз ёфтанд, самарадории амнияти иттилоотӣ, идоракунӣ ва хидматрасониҳо ба таври назаррас афзоиш ёфт.

Бо ташаббуси Сарвари давлат низоми таҳсилоти ҳарбӣ куллан нав гардида, Донишгоҳи амнияти ҳарбӣ ва мудофиа бо ҳайати профессор-устодону инструкторони баландихтисос таъсис ёфт.

Дар раванди таълим ҷорӣ гардидани технологияҳои пешрафтаи рақамии таҳсил, аз ҷумла низомҳо дар пояи зеҳни сунъӣ ва усулҳои муосири баҳогузорӣ, сифати омода намудани кадрҳои ҳарбиро ба марҳилаи нав баровард.

Дар ҷамъомад вазифаҳои афзалиятноки таъмини амнияти мамлакат ва таҳкими иқтидори мудофиа баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки дар ҷаҳон низоъҳои гуногуни минтақавӣ вусъат меёбанд, мусобиқаи силоҳгирӣ шиддат мегирад ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дипломатияи байналмилалӣ заиф мегардад. – Як масъаларо бояд хуб дарк кунем. Табиати ҷангҳои муосир комилан тағйир ёфт. Акнун кадом давлат танҳо бо такя ба шумораи танк, ҳавопаймо ё сарбозон ғалаба мекунам гӯяд, сахт иштибоҳ хоҳад кард. Имрӯз ҷангҳо дар асоси зеҳни сунъӣ, идоракунии рақамӣ, воситаҳое, ки аз масофаи дур зарбаи дақиқ мезананд, технологияҳои киберӣ ва роботӣ, инчунин фишорҳои сиёсиву иқтисодӣ ҷараён мегиранд, – гуфт Сарвари давлат.

Аз ин рӯ, таъкид шуд, ки ба арзишмандтарин неъмат табдил ёфтани сулҳу оромиро набояд барои як лаҳза ҳам фаромӯш кард. Барои ҳифзи ин сарват бошад,  барои пешакӣ посух додан ба хатарҳо зарурати ба низоми кори «проактивӣ» гузаштани ҳар як соҳа ва шабака ёдовар карда шуд.

 Сарфармондеҳи олӣ вазифаҳои муҳимтаринро, ки ба дурнамои оянда нигаронида шудаанд, муайян кард. Ба такмили минбаъдаи низоми тайёр кардани кадрҳои ҳарбӣ диққати махсус дода мешавад.

– Набояд фаромӯш кард, ки таҷдиди низоми таҳсилоти ҳарбӣ ва тайёр кардани кадрҳо, шарти асосии ташаккули симои нави артиш мебошад, – гуфт Президент гуфт.

Зикр гардид, ки хизмати ҳарбии ҳатмӣ на танҳо чун марҳилаи омодагии ҷисмонӣ ва ҳарбӣ, балки барои дар ҷомеа мақоми худро дарёфтани ҷавонон ҳамчун зинаи омода кардани онҳо ба бозори меҳнат ва касби мустақил бояд ташкил карда шавад.

Ба ин хотир, дар артиш низоми комилан нав ҷорӣ мешавад, ки тибқи он ҳар як ҷавон ҳадди ақал соҳиби як касб мегардад. Бо назардошти самт ва ихтисосҳои асосии қисмҳои ҳарбӣ барои бозомӯзии касбҳо ба сарбозон барномаҳои 3–6-моҳа таҳия мешаванд. Аскарҳо пас аз анҷом додани барнома, аз имтиҳони тахассусӣ гузаронида шуда, ба онҳо сертификати касбӣ тақдим мегардад.

Ҳар сол 5 ҳазор сарбоз интихоб шуда, дар доираи барномаҳои «Як миллион барномасоз» ва «Панҷ миллион пешвои зеҳни сунъӣ» таълим дода мешаванд.

Ба сарбозон имконият дода мешавад, ки ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ дар худи қисми ҳарбӣ барои дохил шудан ба боргоҳҳои таълими олӣ имтиҳон супоранд. Аскароне, ки аз санҷишҳои тестӣ бомуваффақият гузашта, ба донишҷӯӣ қабул мешаванд, пас аз анҷоми хидмати ҳатмӣ таҳсилро дар донишгоҳ оғоз мекунанд.

Ҳамзамон, барои ҷавононе, ки пас аз хидмат мехоҳанд дар донишгоҳҳо таҳсил кунанд, хароҷоти гирифтани сертификатҳои забонҳои хориҷӣ ва фаннӣ пардохта мешавад. Агар онҳо ба боргоҳҳои таълимӣ дар асоси шартнома қабул шаванд, кредити таълими бидуни фоиз дода мешавад.

Ғайр аз ин, барои таъмини шуғли ҷавононе, ки аз артиш баргаштаанд, имтиёзҳои махсус тақдим мегардад. Аз ҷумла, барои ҷавононе, ки мехоҳанд соҳибкорӣ кунанд, 6 фоизи фоизи кредити бонкӣ аз ҷониби давлат пардохта мешавад. Барои ҷавононе, ки мехоҳанд дар ташкилотҳои давлатӣ кор кунанд, амалиёти иловаи 10 фоиз имтиёз дар тестҳое, ки аз ҷониби Агентии самаранокии идоракунӣ гузаронида мешавад, роҳандозӣ мегардад. Ба ҷавононе, ки дар бахши хусусӣ кор кардан мехоҳанд, хароҷоти омӯзиши касб ва гирифтани сертификат пардохта мешавад.

– Бо як сухан, “адои хизмати ҳарбии ҳатмӣ бояд ба роҳи муваффақияти ҷавонон” табдил ёбад, – гуфт Президент.

Таъкид гардид, ки омода кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои муҳандисӣ-техникӣ, киберамният ва мубориза бо хуруҷҳои иттилоотӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарин мебошад. Аз ин рӯ, зарурати таҳкими пойгоҳи ҳарбӣ-илмӣ дар самти муҳандисӣ-техникӣ ва таъсиси технопаркҳои ҳарбӣ дар минтақаҳо зикр шуд.

Баробари таҳкими минбаъдаи омодагии ҷангии хидматчиёни ҳарбӣ, мунтазам ғанӣ гардондани ҷаҳони маънавии онҳо низ талаби замон мебошад.

Дар ин раванд китобхонӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, соли ҷорӣ ба тамоми қисм ва муассисаҳои ҳарбӣ дар маҷмӯъ 1 миллион нусха адабиёти бадеӣ дастрас карда мешавад.

Дар байни хонандагони мактаб-литсейҳои ҳарбии сохтори Қувваҳои Мусаллаҳ, сарбозони хидмати ҳатмӣ, курсант, сержант ва зобитон барои Ҷоизаи Сарфармондеҳи олӣ озмуни китобхонӣ роҳандозӣ мегардад. Муҳлати хидмати ҳарбии сарбозоне, ки дар озмунҳои сатҳи округ, фармондеҳӣ, вазорат ва Сарфармондеҳи олӣ ғолиб ва ҷоизадор мешаванд, ба як моҳ кам карда мешавад.

Ҳар сол дар байни хидматчиёни ҳарбӣ аз рӯйи зиёда аз 10 навъи анъанавии варзиш, аз ҷумла бисёрҳарба, ҷанги дастӣ ва вазнбардорӣ мусобиқаҳо баргузор мегарданд. Акнун, аз соли ҷорӣ аз рӯйи намудҳои муосири варзиш, чун киберспорт, технологияҳои дрон ва роботҳо низ мусобиқаҳо дар се марҳила ташкил карда мешаванд.

– Таҳлили доимии вазъияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, таҳкими иқтидори артиши миллӣ – талаби имрӯз аст. Артиши Ӯзбекистон бояд ҳамеша барои ҳифзи халқ омода бошад, барои ин чолок, дорои технологияи воло ва ба шароити нави ҷангӣ мутобиқ будани онҳо зарур аст, – гуфт Президент.

Аз ин рӯ, зарурати зоҳир намудани диққати махсус ба муҷаҳҳаз кардани қӯшунҳо бо маҷмуъаҳои роботӣ, ки дар пояи зеҳни сунъӣ амал мекунанд ва системаҳои бесарнишин, техникаи сабуки ҳарбӣ, силоҳу аслиҳаи муосир ва воситаҳои иктишофӣ баён гардид.

Президент ҳамчунин таъкид кард, ки рушди минбаъдаи саноати мудофиа, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар корхонаҳои соҳа бояд яке аз вазифаҳои афзалиятнок бошад.

Дар шароити рақамисозии ҳама соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷамъият, таъмини амнияти киберӣ ва устувории инфрасохтори миллии рақамӣ аҳамияти махсус дорад. Аз ин рӯ, ба масъулон супориш дода шуд, ки оид ба таъмини ҳифзи маълумоти шахсӣ ва системаҳои рақамӣ чорабиниҳои маҷмӯиро таҳия намоянд.

– Қадр кардани меҳнати хидматчиёни ҳарбӣ, ҳифзи иҷтимоии аъзои оилаҳои онҳо ва нафақахӯрони ҳарбӣ бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор бигирад, – гуфт Президент ва дар ин самт як қатор навовариҳои муҳимро эълон кард.

Бахусус, аз 1 апрел миқдори иловапулӣ барои хизмати бисёрсолаи зобитони Вазорати мудофиа 2 баробар зиёд карда мешавад. Музди меҳнати сарбоз ва сержантҳое, ки бо шартнома хидмат мекунанд, 10 фоиз меафзояд.

Маоши кормандони ғайринизомии садорат ва шуъбаҳои корҳои мудофиаи минтақавӣ имсол 20 фоиз ва соли оянда боз 50 фоиз зиёд карда мешавад.

Барои низомиёне, ки беш аз 30 сол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хидмат кардаанд, миқдори маоше, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа ба назар гирифта мешавад, аз 75 то 100 фоиз баланд бардошта мешавад.

Ҳамзамон, доираи сохтмони хонаву ҷой барои хидматчиёни ҳарбӣ васеъ мегардад.

Ба масъулон супориш дода шуд, ки лоиҳаи қонунро, ки таъминоти нафақаи хидматчиёни ҳарбиро муайян менамояд, таҳия намуда, ба парлумон пешниҳод кунанд.

Бо назардошти рӯз ба рӯз тағйир ёфтани мазмун ва миқёси хатару таҳдидҳои муосир ва гузошта шудани вазифаҳои бузург дар назди соҳаи мудофиа ва амният, Сарвари давлат зикр кард, ки вақти бознигарии Доктринаи мудофиа, ки ҳашт сол пеш қабул шудааст ва Консепсияи амнияти миллӣ, ки дар соли 1997 қабул гардида буд, фаро расидааст.

Таъкид шуд, ки Доктринаи нави мудофиа бояд мавқеи кишварро оид ба напайвастан ба ягон блоки ҳарбӣ ҳифз карда, такя ба дипломатияи бисёрҷонибаро идома диҳад ва рушдро дар самти стратегия, истиқлолияти ҳарбӣ ва суботи минтақавӣ, ки ба технологияҳои баланд асосноконида шудааст, таъмин намояд.

– Дар маҷмӯъ, доктринаи нав бояд барои навсозии технологии артиш ва ҷорӣ намудани тасмимҳои пешрафтаи ҳарбӣ ҳамчун замина хидмат кунад, – гуфт Президент.

Сарвари давлат дар анҷоми ҷамъомад сарбозон ва сержантҳо, афсарон ва генералҳои диловари Қувваҳои Мусаллаҳ, собиқадорон, аъзои оила ва наздикони онҳоро ба муносибати 34-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан самимона табрик гуфт.

– Бо шуҷоат, садоқат ба савганд ва фидокории Шумо дар роҳи ҳифзи халқу диёр тамоми миллати мо ифтихор мекунад. Бигзор, дар сарзамини зебои мо ҳамеша сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ пойдор бошад, Ватани ҷоноҷони мо боз ҳам устувору обод гардад! – гуфт роҳбари давлати мо.

Дар ҷамъомад ҳисобот ва пешниҳодҳои вазири мудофиа, фармондеҳони округҳои ҳарбӣ ва дигар масъулон шунида шуданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: