Ватан дар дили ҳар як инсон маъвои махсус дорад ва маъвои муқаддас аст. Зеро диёри ҷаннатосои дорои боғу роғҳои сабз, кӯҳҳои баланд, дарёҳои равон, шаҳру деҳаҳое мебошад, ки дар он мо метавонем озодона нафас кашем, орзуҳоямонро пурра амалӣ намоем ва ояндаи худро созем. Ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳарбиён, балки масъулияти муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.
Дар тӯли 34 соли гузашта, Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон роҳи бузургро паймуда, ба сатҳи баланди касбӣ ва техникӣ ноил гардид. Имрӯз артиши мо бо техникаи муосири ҳарбӣ таҷҳизонида шуда, дорои мутахассисони баландихтисос мебошад. Вай қодир аст, ки тамомияти арзӣ, истиқлолияти давлатӣ ва амнияти миллии кишварро таъмин намояд.
Қувваҳои Мусаллаҳ ин асоси амнияти миллии ҳар як давлат мебошад. Дар шароити кунунии ҷаҳон, ки таҳдидҳои гуногун вуҷуд доранд, нақши артиши қавӣ хеле муҳим аст. Артиши Ӯзбекистон дар таъмини амнияти марзҳо, муқобилаш бо террористон ва экстремистон, ҳифзи объектҳои муҳими давлатӣ ва пешгирии таҳдидҳои ҳарбӣ нақши калидӣ мебозад. Сарбозон ва афсарони мо шабу рӯз хидмат мекунанд, то мо дар осоиштагӣ ва бехатар зиндагӣ кунем, фарзандонамон дар мактабҳо таҳсил кунанд, ҳунармандон эҷод намоянду кишвар инкишоф ёбад.
Ҳар сарбозе, ки дар посбонии марзҳои Ватан меистад, ҳар афсаре, ки масъулияти омодагии ҷангии қисмҳои худро дар дӯш дорад, ҳар як хидматчии Қувваҳои Мусаллаҳ сипари боэътимоди Ватан аст. Онҳо аз хоб ва роҳат даст кашида, бехатариву амнияти моро таъмин мекунанд.
Вале ҳифзи Ватан танҳо масъулияти сарбозон ва афсарон нест. Ин мафҳум маънои хеле васеъ дорад ва кулли шаҳрвандони кишварро фаро мегирад. Ҳар яки мо ба тарзи худ метавонем дар ҳифзи Ватан саҳм гузорем. Ҳифзи Ватан барои толибилмон ва донишҷӯён ин таҳсили аъло, соҳиби донишҳои баланд ва мутахассисони хуб шудан аст. Илм ва маърифат – силоҳи пурқувватест, ки метавонад Ватанро қавӣ ва пешрафта созад. Ҳар як корманд, ки вазифаашро аз сидқи дил иҷро карда, бо меҳнати худ ба баландшавии иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд, ба ҳифзи Ватан машғул аст.
Нақши занон ва модарон низ дар ҳифзи Ватан хеле назаррас аст. Онҳо на танҳо оиларо нигоҳ медоранд, балки насли навро тарбия карда, арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои ниёконро ба фарзандон меомӯзонанд. Тарбияи фарзандони ватандӯст, инсонҳои нексират ва меҳнаткаш айни ҳамон ҳифзи Ватан мебошад.
Ҳифзи Ватан ҳамчунин ҳифзи арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои ниёкон аст. Мардуми мо таърих ва фарҳанги ғанӣ дорад. Мо ворисони Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Мирзо Улуғбек, Аҳмад Фарғонӣ, Абуалӣ ибни Сино ва дигар бузургони илму фарҳанг ҳастем. Мо бояд натанҳо бо ному насаб ва илму заковати онҳо ифтихор кунем, балки барои вориси муносиб шудан ва наврасонро дар ин рӯҳия тарбия кардан кӯшиш намоем.
Иқтисодиёти қавӣ асоси муътамади истиқлолият ва амнияти давлат мебошад. Инкишофи иқтисодӣ, боло бардоштани сатҳи зиндагии халқ, эҷоди ҷойҳои нави корӣ, рушди саноат ва кишоварзӣ – ҳамаи инҳо ба мустаҳкам гардидани тараққиёти Ватан мусоидат мекунанд.
Хулоса, ҳифзи Ватан ин на фақат вазифа, балки ифтихор ва шаъну шарафи ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон аст. Ҳар яки мо, вазифадорем, ки новобаста аз касб синну сол, мақом ва мавқеъ барои ҳифзи Ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Дар охир мехоҳам тамоми шаҳрвандони кишвари азизамонро ба муносибати 34-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан табрику муборакбод намоям.
Шукруллоҳ СИРОҶ,
донишҷӯйи бахши тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тирмиз.