Дар шаҳри Самарқанд дар доираи моҳонаи ватанпарварӣ таҳти шиори «Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ – сипари Модар-Ватан» зинаи вилоятии озмуни «Сардорони сипар» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҷавонони самарқандӣ ширкат варзида, доир ба тайёрии ҳарбӣ-ватандӯстӣ, неруи ҷисмонӣ ва фаъолияти роҳбарӣ истеъдоди худро намоиш доданд.
Хосатан истифода аз аслиҳаи ҳарбӣ, яъне ба қисмҳо тақсим кардани автомати Калашников ва аз сар чидани он хеле шавқангез гузашт. Беҳтарину пешқадамҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
– Мақсади асосии тадбир, – гуфт сардори гарнизони ҳарбии Самарқанд полковник Шодмон Азизов, – ҷавононро ба дифои Ватан тайёр кардан аст.
Инчунин, дар чорчӯбаи моҳонаи мазкур ҳокими вилоят Адиз Бобоев ба ҳавзаи маркази ҳарбии Самарқанд ташриф фармуда, бо сарбозону афсарон суҳбат орост ва аз хонаҳои омӯзишӣ, толори варзиш, осорхонаи ҳарбӣ дидан кард.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.