“Ватандӯстӣ аз имон аст”

Таҳти чунин шиор дар мактаби ҳамагонии рақами 11-уми ноҳияи Сӯх бахшида ба Рӯзи муҳофизони Ватан чорабинии фарҳангӣ ба вуқӯъ пайваст.

Нахуст, суруди миллӣ садо дод, сипас донишомӯзони фаъол дар бораи ислоҳоти соҳаи артиши миллӣ маълумот дода, дар васфи Ватан шеърҳо қироат карданд.

Инчунин гурӯҳи  хонандагони синфи 10-ум саф ороста роҳ гаштанд, ки эътибори аҳли ҳамоишро ба худ ҷалб кард. Дар маҷмӯъ, дар ҳар як баромади донишомӯзон муҳити ватандӯстӣ эҳсос гардид, ки ин дар ҳаракатҳои онҳо акси худро ёфт.

Дар охири  чорабинӣ як гурӯҳ донишомӯзони фаъол бо Сипоснома сарфароз гардиданд.

Ҳ.РАҲМАТОВ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: