Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ISSIQ NON-XUJAYLI», воқеъ дар маҳаллаи Муртозабии ноҳияи Хуҷайлии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар як шабонарӯз тақрибан 3,5 ҳазор дона нон ва маҳсулоти нонӣ истеҳсол менамояд.
Дар корхона 15 нафар корманд фаъолият мекунанд. Нонҳои қолабӣ, булочка ва дигар маҳсулоти нонӣ, ки дар ин ҷо тайёр мешаванд, ба нуқтаҳои савдо, инчунин тибқи шартнома ба ташкилотҳои гуногун расонида мешаванд.
Дар рӯзҳои наздик бо дастгирӣ ва 300 миллион сӯм қарзи «Ӯзмиллийбонк» васеъ намудани корхона, хариди танӯрҳои нави нонпазӣ ва баланд бардоштани сифат ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аксбардор: М. Ҳабибуллоев (ӮзА).