Аз қадим Ватани мо чун сарзамини бисёр азизу авлиё, донишманду адибон, раҳнамою сарварони мардумони кишвар маълуму машҳур аст, ки бештарини онҳо бо кору номи нек, донишу корномаҳои худ дар таърих сабти ном кардаанд. Яке аз чунин инсонҳои қавиирода, ки дар асри ХХ ҳаёт ба сар бурда, аз худ хотираҳои нек боқӣ гузоштааст, арбоби маъруфи давлатӣ ва дипломати сиёсатмадор Рафиқ Нишонов мебошад.
Роҳи ҳаётии ин инсони соҳиби қалби бузург ва хидматҳои ӯро ҷиҳати пос доштани дӯстии халқҳо пеши назар оварда, ба ҳақ будани ин гуфтаҳо дубора амин мегардем.
Бояд гуфт, ки номи Рафиқ Нишонов ҳанӯз ҳангоми Котиби бахши идеологияи Комитети Марказии Ҳизби коммунистии Ӯзбекистон буданаш ба мо ошно буд. Баъд чанд сол номи Нишонов дар матбуоти маҳаллӣ нопадид гардид. Пас аз чанде маълум шуд, ки ӯ тӯли ин солҳо дар кишварҳои Шри-Ланка, Малдив ва Ӯрдун ба сифати Сафири Фавқулодда ва Мухтори давлати Шӯравӣ адои хидмат намудааст.
Р. Нишонов дар авҷи солҳои бозсозӣ ба Ӯзбекистон баргашт. Аввал дар вазифаи Раиси Президиуми Шӯрои Олӣ, баъдан ҳамчун роҳбари асосӣ – Котиби якуми Комитети Марказии Ҳизби коммунистии Ӯзбекистон кор кард. Маҳз дар ҳамин солҳо дар тамоми ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ худшиносии миллӣ боло рафт. Мавсуф барои амалҳои шоиста дар таҳкими робитаҳои кишварҳо ва ҳамҷиҳатии миллӣ, ба сифати ливобардори дӯстии халқҳо шӯҳратёр гардид.

Метавон дар ин маврид як мисоли ҳаётиро овард. Дар гузаштаи наздик, ҳангоми дар сари қудрат будани ҳокимияти коммунистӣ ва сохтори сотсиалистӣ халқу миллатҳои мамлакатҳо таҳти шиори «Дӯстии халқҳо поянда бод!» ҳамҷиҳат зиндагӣ, меҳнат ва эҷод мекарданд. Аммо баъд аз «бозсозӣ»-ҳои Горбачёв дар минтақаҳои гуногун ошӯбҳои миллӣ сар заданд. Аз ҷумла, дар Молдова, дар ҷумҳуриҳои соҳили Балтика, Қавқоз ҳамоишҳои гуногун бо даъвоҳои миллатгароӣ рух доданд. Байни Озарбойҷону Арманистон барои Қаробоғи Кӯҳӣ низоъҳо ба миён омаданд. Чунин ошӯбу моҷароҳо Ӯзбекистонро низ дар канор нагузошт. Дар Фарғона байни аҳолии маҳаллӣ ва туркҳои месхетӣ, ки замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) аз минтақаи Қавқоз ба ҷумҳурии мо иҷборан муҳоҷир шуда буданд, ошӯб сар зад. Ва ин низоъ маҳз бо сиёсати оқилонаи роҳбари нави ҷумҳурӣ Рафиқ Нишонов қатъ гардид.
Дар солҳои роҳбарии Нишонов дар Ӯзбекистон барои беҳдошти фарҳангу маърифати тоҷикони муқими кишвар саъю ҳаракати зиёд, корҳои шоиста низ анҷом ёфт. Яке аз амалҳои шоёни таҳсин, ки дар ин солҳо барои аҳли адаби тоҷики Ӯзбекистон рух дод, пас аз давутоз ва саргардониҳои зиёд, маҳз бо дастгирии роҳбари Ӯзбекистон Рафиқ Нишонов дар ҳамкории нашриёти «Адиб»-и Душанбе ва нашриёти «Адабиёт ва санъат»-и ба номи Ғафур Ғуломи Тошканд бо теъдоди 30 ҳазор нусха рӯйи чоп омадани баёзи назму насри эҷодкорони муосири Самарқанд – «Гулдастаи Самарқанд» мебошад. Бинобар ин, метавон гуфт, ки хидмати Нишонов дар нашри нахустин китоби тоҷикӣ дар Ӯзбекистони сотсиалистии замони бозсозӣ фаромӯшнопазир мебошад, ки минбаъд ин ба ҳукми анъана даромада, нашриётҳои Тошканд ва Душанбе китобҳои аксар эҷодкорони тоҷики Ӯзбекистонро рӯйи чоп оварданд ва дар солҳои Истиқлол чунин корҳо доман густурд.
Ин аст, ки ба рӯзгор ва паҳлуҳои фаъолияти ин инсони маърифатпарвар, дипломати моҳир, сиёсатмадори ботаҷриба, марди хайрхоҳу накӯкор таваҷҷуҳи хоса дорам. Ҳар мақолаву матолиберо, ки дар бораи мавсуф дар нашрияҳо рӯйи чоп меомаданд, бо шавқ мехондаму мехонам. То ҳол чун дирӯз дар хотир дорам, ки рӯзе дар дасти яке аз равшанфикрони Самарқанд Латифҷон Раҳимов китоберо дидам, ки дар ҷилди он ному насаби Рафиқ Нишонов бо акси нуронияш сабт шуда буд. Китоб «Деревья зеленеет до метели. Рафик Нишанов рассказывает Марине Завада и Юрий Куликову» («Дарахтон то бӯрон сарсабзанд. Рафиқ Нишонов ба Марина Завада ва Юрий Куликов нақл мекунад») ном дошт ва бо забони русӣ дар Маскав нашр шуда буд. Китобро барои мутолиа бо худ бурдам. Бинобар шавқовару ҷолиб будани ёдномаҳои китоб онро дар фурсати кӯтоҳ хондам.
Дар китоб воқеаю ҳодисаҳо аз овони тавлиди Рафиқ Нишонов дар хонаводаи кишоварзони деҳоти кӯҳистони Ғазалкенти атрофи Тошканд оғоз гардида, то солҳои аввали асри бисту як давом мекунад. Дар ҷараёни мутолиа хонанда бо ашхоси гуногун, хислатҳои онҳо, сохтори давлатдорӣ дар солҳои шӯравӣ, вазъи иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат, тарзи зисти мардуми маҳаллӣ, арзишҳои мил-лӣ, дӯстию рафоқат байни мардуми гуногунмиллати Ӯз-бекистон шинос мешавад.
Дар китоб мавқеи сафир дар ҳаёти иҷтимоӣ ва робитаҳои тарафайни давлатҳо низ хеле ҷолибу мутаассир инъикос ёфтааст. Ин саҳифаҳо барои сафирон низ ҳамчун дастуруламал хидмат хоҳад кард. Ба як маънӣ, онро энсиклопедия – донишномаи хурди як давраи муайяни таърихи Ӯзбекистон ва китоби дарсии ҳаёт гуфтан ҷоиз аст. Дар он меҳру садоқат нисбат ба волидайн, наздикон, дӯстиву рафоқат, бо муҳаббат хизмат кардан ба Ватан ифодаи худро ёфтааст.
Аз байн чанде гузашта, моҳи сентябри соли 2021 нашри ӯзбекии ин китоби хотираҳои Рафиқ Нишонов – «Дарахтлар бӯронгача яшнайди»-ро дар дасти шогирди собиқам Шаҳриёр Рӯзимуродов дидам. Китоб бо ташаббуси яке аз фардони обрӯманди Самарқанд, журналисти маъруф Раҳимҷон Султонов дар нашриёти «Академнашр»-и Тошканд чоп шуда буд.
Шаҳриёр таассуроти худро дар бораи мазмуну мундариҷаи китоб гуфту ман дар бораи, дар бораи хидматҳои Нишонов дар роҳи дастгирии аҳли адаби тоҷик фикр кардам ва изҳор намудам, ки ин китоб бояд ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шавад. Зеро он хусусияти энсиклопедӣ дошта, дар китоб бисёр воқеа ва номи шахсони таърихӣ зикр шудааст ва донистани онҳо барои хонандагони тоҷик низ аз манфиат холӣ нест.
Аз байн ду рӯз гузашта, дӯсти деринаам Раҳимҷон Султонов, ки мутасаддии нашрҳои русӣ ва ӯзбекии китоб буд, занг зада гуфт, ки Шаҳриёр ғояи ба тоҷикӣ тарҷума кардани китобро гуфтааст ва ӯ инро ҷонибдор аст. Хоҳиш кард, ки масъалаи тарҷумаро ба уҳда гирам. Ин бори масъулиятро ба дӯш гирифтам ва дар фурсати кӯтоҳ тарҷумаро ба анҷом расондам. Китоб аз ҷониби журналисти маъруфи тоҷик, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов таҳрир гардида, таҳти назари мутасаддии нашр Р.Султонов хеле хушсифат аз нашр баромад ва манзури хонандагон гардид.
Бо як сухан метавон гуфт, ки арбоби давлатӣ ва дипломат Рафиқ Нишонов дар куҷо ва дар кадом вазифа набошад, барои ба олам маълуму машҳур намудани Ӯзбекистони азиз кӯшидааст, дар ҳама ҷой ёди Ватан кардааст ва дар шароити муташанниҷи давлатдории замони шӯравӣ барои ҳифзи сиҳатии мардуми меҳнаткаши мамлакат, бавижа кӯдакон талош намуда, дар шароити муташанниҷи сиёсӣ бобати қатъ кардани моҷароҳои байни миллатҳо саҳм гузоштааст ва барои пойдории сулҳу оромӣ дар кишвар истодагарӣ намудааст, ки ин ҳама шоёни эътироф ва эътиборанд. Месазад ба шарафи 100-солагии зодрӯзи ин марди шариф (14 январ) аз ӯ бо некӣ ёд намоем.
Аслиддин ҚАМАРЗОДА,
Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон.