«Рӯзи дарҳои кушод» дар қисми ҳарбӣ

Ба қарибӣ дар қисми ҳарбии тасарруфи Округи ҳарбии махсуси «Ҷанубӣ – Ғарбӣ» дар доираи «Моҳонаи ватандӯстӣ» таҳти шиори «Артиши миллӣ – сипари Ватан–модар, посбони сулҳ» бозии интеллектуалии «Заковат» баргузор гардид.

Дар он 8-то ҷамоа, ки аз байни хидматчиёни ҳарбии хидмати муддатнок созмон ёфтааст, иштирок карданд. Дар ҷараёни баҳсу мунозараҳои шиддатнок иштирокдорони мусобиқа донишу ҳозирҷавобии худро намоиш доданд. Мувофиқи натиҷаи ниҳоӣ ҷамоае, ки сазовори ҷойи аввал шуд, аз ҷониби фармондеҳии Округи марказии ҳарбӣ соҳиби мукофот гардид.

А. Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: