«Евгений Онегин» дар саҳнаи театри тоҷик

Дар ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ яке аз асарҳои классикие, ки дорои бозёфтҳои навини бадеӣ ва эстетикӣ буд, намоишномаи театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов – «Аҳорун» «Евгений Онегин» мебошад.

Дар замони муосир ва ҷараёни пуршиддати таназзули тамаддуни башарӣ, тағйири босуръати арзишҳо дар саҳна арзи ҳастӣ намудани асари классикии таъсиргузор ба ахлоқи инсонӣ ифодагари нақши беназири санъати театр дар раванди баррасии арзишҳои маънавист.

Асари машҳури Александр Пушкин «Евгений Онегин», солҳои 1824-1831 дар шакли шеърӣ иншо гардида, дар заминаи тасвири таҳаввули иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеаи ашрофии рус мавзӯъҳои ахлоқӣ, фалсафиро дар бар дорад.

Таҳиягари асар дар саҳнаи театри «Аҳорун» ҳунарпешаи соҳибистеъдод, офарандаи нақшҳои ҷолиб дар театру синамо мунаққиди театр – Гулчеҳра Наимова мебошад, ки ҷустуҷӯҳои тӯлонии эҷодии хешро зимни таҳияи асари мазкур ҷамъбаст намудааст.

Романи манзуми Пушкин, ки диққати саҳнаҳои машҳури ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст, дорои унсурҳои назарраси саҳнавӣ буда, аз назари мо, маҳз ин ҷиҳат яке аз сабабҳои асосии таваҷҷуҳи таҳиягар ба асари мазкур мебошад. Аз ҷумла, муколамаҳои таъсирбахш, ҷанбаи ахлоқӣ, авҷгирии сужет, задухӯрд, забони шево, нуқтаи кулминатсионӣ барои саҳнасозӣ имкониятҳои зиёдеро фароҳам меоварад.

Дар асоси асари мазкур оҳангсози машҳур Чайковский операи маъруфи «Евгений Онегин»-ро офаридааст (1877), ки он саршори лиризми нафис ва ансамбли зебост. Ин опера намунаи олии мутобиқсозии адабиёти классикӣ бо санъати мусиқӣ буда, шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Соли 1946 операи «Евгений Онегин» дар саҳнаи театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Душанбе таҳия гардид.

Театршиноси номӣ Низом Нурҷонов дар боби «Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ»-и китоби хеш («История таджикского советского театра», стр. 257-261) асари мазкурро ҳамаҷониба таҳлил намуда, онро дар ташаккули маданияти мусиқии касбии тоҷик ҳодисаи муҳим меҳисобад. Муаллиф душвориҳои ҷараёни таҳияи ин асари маъруфро дар саҳнаи театри опера ва балети тоҷик қайд намуда, роҷеъ ба ҳунари таҳиягарон Р. А. Корох, В. Я. Райнберг, мудири қисми вокал – Е. А. Прокофев, нақшофар Т. Фозилова, А. Муллоқандов, рассом Е. Чемодуров ва дигарон таҳлилҳои муфассал намудаанд. Тарҷумаи М. Аминзода аз рӯйи маълумоти муаллиф хеле шоирона сурат гирифта, бо маънии аслӣ шабоҳат дошт.

Намоишномаҳои муосир зимни таҳияи асари «Евгений Онегин» асосан дар ду равия офарида шудаанд: шакли анъанавӣ, тафсири таърихӣ ва услуби таҷрибавӣ бо истифода аз танзими замонавӣ, равшанидиҳӣ, драматизм ва ҳаракатҳои пластикӣ. Дар тафсири Гулчеҳра Наимова ҳамбастагии ин ду ҷараён ба назар мерасад, ки воқеан моҳияти асари классикиро дақиқ падидор месозад. Аслан сабаби муроҷиат ба осори классикӣ фалсафаи амиқу нишонраси он аст, ки имрӯз низ дар ҷаҳони пур аз иттилоъ пайдо намудани маънии зиндагии инсонист.

Осори классикӣ чун қисми ҷудонопазири фарҳанги имрӯзӣ дар зиндагии иҷтимоӣ мавқеи сазовор дорад. Аз ин ҷиҳат, дар ҳаёти маданӣ пайдо шудани ҳар як асари тозаи саҳнавӣ воқеаи таърихист, зеро ҳар як замон қабл аз ҳама тавассути санъат ормонҳои хешро муҷассам месозад. Ба ақидаи санъатшиноси маъруф Козинтсев асарҳои классикӣ ба ҷуз сифати маълум – мувофиқати комили бадеии мазмуну шакл боз як хусусияти муҳимтаринро соҳибанд, барҷастатарини онҳо ҳамеша бо инсоният зиндагӣ мекунад».

Зимни муроҷиат ба эҷодиёти Шекспиру Шиллер, Пушкину Толстой, Достоевский театр ҳар дафъа тафсири ҷолиби осори ин санъаткорони бузургро падидор месозад. Бинобар ин, ба таври ба худ хос вижагии образҳои гуногуни адабиёти классикӣ кашф мегардад, ки ин ҷараён чун раванди эҳёи арзишҳое, ки аз маданияти ҷаҳон дастраси мо гардидаанд, ба назар мерасад. Зимнан интихоби осори адабӣ ва тафсири он дар саҳна на танҳо ба талабот ва характери замон, балки ба махсусияти шахсияти санъаткор, истеъдод ва шавқу завқи эҷодии ӯ вобастагии қавӣ дорад.

Шахсан ман таҳиягари асари «Евгений Онегин» – Гулчеҳра Наимоваро чун яке аз санъаткороне, ки аз адабиёту санъати Шарқу Ғарб огоҳии комил дорад, мешиносам. Таҳиягар чун яке аз шогирдони пешқадами ҳунарманди номӣ, асосгузори услуби навин дар театри тоҷик – Фаррух Қосимов аз мактаби эҷодии ӯ бархурдор аст ва ҳадафи аслии хешро аз таҷассуми асари мавриди тафсир дақиқ идрок месозад.

Аз ин ҷиҳат, ғояҳои асар ки дар таҷассуми он фалсафаи Шарқу Ғарб ифода ёфтааст (масалан қироату тасвири саҳнаи сандуқ бо рубоиёти Хайём, садо додани мусиқии классикии Бах чун хати асосӣ, тақвият додани сеҳри каломи воло дар асар, таъкиди бузургии шахсияти эҷодкор, арҷгузорӣ ба маърифат) яке аз ҷиҳатҳои ҷолиби таҳияи асари мазкур мебошад. Тасвири китобхонаи муҳташам чун рамзи ҷовидонии донишу фарҳанг дар саҳна низ ба қатори бозёфтҳои василаи тасвирӣ ва ороиши намоишномаи мазкур аст.

«Евгений Онегин» на танҳо шоҳкори шеърӣ, балки асари барҷастаи иҷтимоӣ ва фалсафист, ки дар таърихи адабиёт аҳамияти ҷудогона дорад. Муаллиф дар заминаи воқеияти иҷтимоии Русияи ибтидои асри XIX масъалаҳои иҷтимоӣ, таносуби байни шахсият ва муҳит, садоқату муҳаббат, шинохти моҳияти зиндагии инсонро ба қалам додааст. Онегин дар асар на танҳо «шахсияти бозмонда» ва аз зиндагӣ дилсард, балки инсонест, ки маънии зиндагии хешро меҷӯяд. Дар асар шинохти амиқи ҷаҳони ботинӣ, ҷустуҷӯйи ҳувияти шахсӣ низ мавриди тасвир аст, ки имрӯз низ аз мавзӯъҳои умдаи ахлоқист.

Дар тарҷумаи тоҷикии асар, ки ба қалами Муҳиддин Фарҳат мансуб аст ва соли 1967 анҷом пазируфтааст, дурахшу ҷилои асари классикӣ на танҳо нигаҳдорӣ шудааст, балки бо оҳангҳои марғуби хоси адабиёти Машриқзамин ғанӣ гардидааст.

Дар мақолаи саривақтии рӯзноманигор Одил Нозир, ки ба муносибати нахустнамоиши асари «Евгений Онегин» нашр шуд, роҷеъ ба дастовардҳои намоишнома ва санъати нақшофарии ҳунарпешагон фикру андешаҳои таҳлилӣ баён шудаанд.

Дар намоишнома Муҳибшо Содиқов нақши Онегинро бозидааст.

Татяна – Рухшона Улфатова муҷассамаи назокат аст, ки ин махсусият ба нақши ӯ оҳанги романтикӣ бахшидааст ва моҳияти образи ӯ эҳтиром ба арзишҳои зиндагист. Тафсири боварибахши образи Татяна ӯро дар қатори ҳунарпешагони беҳтарин муаррифӣ намуд ва ҳунарпеша соҳиби ҷоизаи махсуси ҷашнвораи «Парасту» гардид.

Ҷовидон Аминзода дар нақши муаллиф бори ғоявии асарро бар дӯш дорад ва бо лаҳни зебои матн хиради шахсияти эҷодкорро муҷассам месозад. Образҳои дигари намоишнома Ленский – Хайём Самадзода, Олга – Азизаи Файзалӣ, Доя – Сайлон Сафарова, Заретский – Қаҳрамон Олимҷонов, Модар – Лутфия Раҷабова, Анися – Сабрина Амонова, Генерал – Саидҷон Муродов, Гилё – Худобахш Муродов ва дигарон низ дар ансамбли ягонаи асар мавқеи сазовор доранд. Ба назар чунин мерасад, ки олами пурасрори назми классикӣ ва сеҳри сухан маърифати ҳунарпешагонро низ сайқал бахшидааст ва ба онҳо руҳбаландӣ ва эҳтирос ато намудааст.

Дар яке аз навиштаҳо дар саҳифаи иҷтимоии театри «Аҳорун» чунин суханон сабт шудаанд: «Мо боварӣ дорем, ҳангоме ки ҷаҳон дар ғавғои худ гум аст, театр ормонҳои ҳақиқатро ба рӯҳи инсонҳо бо забони дил баён месозад». Воқеан таҳияи асари классикии «Евгений Онегин» дар саҳнаи тоҷик яке аз саҳифаҳои дурахшон мебошад, ки он арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳанги ҷаҳонист.

Баҳор Хуррамзод,

номзади илми санъатшиносӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: