Театри драмаи Тоҷикистон дар Бухоро

  • Театри драмаи Тоҷикистон дар Бухоро
  • Театри драмаи Тоҷикистон дар Бухоро
  • Театри драмаи Тоҷикистон дар Бухоро
  • Театри драмаи Тоҷикистон дар Бухоро

Ҳунарпешагони Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутии Душанбе ба мақсади намоиш додани намоишномаи «Шамсу Мавлоно» (асари Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, саркоргардони театр Султон Усмонзода) ба Бухоро ташриф оварданд.

Банда гувоҳам, ки театри драмаи ба номи Лоҳутии Душанбе ба Бухорои шариф борҳо сафар кардааст. Шодам, ки солҳои ҳаштодуми асри гузашта ҳангоми ташрифи эҷодии ин ҷамоа ба шаҳри бостонӣ бо амри тасодуф ба гурӯҳи эҷодии ин даргоҳ мулоқот кардаам. Он гоҳ ману додарам, ки тарғибгарони соҳаи маорифи сиёсӣ будем, иштирокдори семинари серӯза дар шаҳри Бухоро будем. Бегоҳӣ огоҳ гардидем, ки ҷамоаи театри ба номи А. Лоҳутии Тоҷикистон ин ҷо ба гастрол омадааст.

Вохӯриҳои мо бо чанде аз ҳунарпешагони тоҷик, аз ҷумла бо Бурҳон Раҷабов, Тӯра Шоҳимардонов ва дигарон, ки байнашон бухороиён низ будаанд, ба вуқӯъ пайваст. Мо дар театри тобистонаи маҷмааи «Лаби ҳавз» намоишномаи «Интихоби домод»-и Хоҷӣ Содиқро тамошо кардем. Вақти истироҳат бо санъаткорон суҳбат оростем.

Ниҳоят баъди солҳои тӯлонӣ бо шарофати сиёсати оқилонаи роҳбарони ду ҷумҳурӣ Ш. Мирзиёев ва Э. Раҳмон алоқаҳои анъанавиамон эҳё гардид.

Хушбахтона, робитаҳои фарҳангӣ, ҳамкориҳоямон рушд меёбад.

Тавре, ки меҳмонон таъкид карданд, чанде пештар мухлисони сурхондарёию самарқандӣ аз ҳунарнамоии онҳо баҳрабардорӣ кардаанд.

Ҳоло бошад, санъаткорони тоҷик ба мақсади намоиш додани намоишномаи «Шамсу Мавлоно» (асари Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, саркоргардони театр Султон Усмонзода) ба Бухоро ташриф оварданд.

Ҳангоми мулоқот бо ҳунармандон аён гардид, ки онҳо бо мақсади мустаҳкамтар кардани дӯстию бародарӣ ва шод кардани рӯҳи аҷдоди бузургамон, ки рӯзгорашон барои халқҳоямон намунаи ибрат аст, омадаанд.

Мазмуну мундариҷаи намоишнома, ки ба рӯзгори пурпанду ҳикмати хиради Шамси Табрезӣ ва Мавлои Рум  вобаста асту дӯстию рафоқат, меҳру оқибат, вафодорию садоқат барин ҷиҳатҳои инсониро дар бар гирифтааст, инро бори дигар собит месозад.

Чи хеле ки Артисти халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир таъкид намуд, ба сарзамине, ки замоне Рӯдакии бузург дар он дӯстиро тараннум карда, гуфта буд:

Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.

Ҳеҷ тахлӣ нест дар дил талхтар,

Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

боз қадам ниҳодан барои мо мояи ифтихор аст. Бигзор, дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек абадӣ бошад!

Шоми 8 январи соли ҷорӣ Театри драмаи мусиқии Бухоро намуди идона дошт. Он ҷо намоиши спектакли «Шамсу Мавлоно»-и Театри драмаи ба номи Лоҳутии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сурат гирифт.

Амрулло Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: