Дар мамлакатамон ба аҳолӣ наздик кардани соҳаи тандурустӣ, барои беморон фароҳам овардани имкониятҳои қулай, аз ҷумла наздик кардани роҳи муолиҷа хусусан аз ташвиши сафари хориҷа раҳондани онҳо талаби замон аст.
Дар арафаи Соли нав дар Бухоро бори аввал сурат гирифтани трансплантатсияи ҷигар бо ҳамин мақсад ба амал омад. Сокини ноҳияи Олот Воҳидҷон Назаров чанд сол боз ба маризии сиррози ҷигар гирифтор шуда, барои муолиҷа азму кӯшиши зиёд кард.
Таклифи маъмурияти шуъбаи вилоятии Маркази амалии ёрии таъҷилии тиббии ҷумҳурӣ дар дили ӯ шарораҳои умед ҳосил намуд ва ӯ ба амалиёти ҷарроҳии мураккаб дар ҳамин муолиҷагоҳ розӣ шуд. Ҳамсари меҳрубонаш чун донор интихоб гардид. Вай баҳри аз маризӣ раҳонидани шавҳараш ба бахшидани пораи ҷигараш омода будани худро маълум кард. Ҳамин тариқ ҷараёни ҷарроҳӣ қариб даҳ соат давом кард. Ин амалиёт аз ҷониби трансплантологи Маркази миллии тиббӣ Ҷасур Собиров ва шифокори Эрон Сомон Некиҳболиён бо иштироки ҷарроҳони бухороӣ ҷомаи амал пӯшид. Аз байн аз ду ҳафта вақт гузашт. Ҳоло вазъи саломатии бемор ва донор мӯътадил аст. Онҳо таҳти назорати духтурон муолиҷаи зарурӣ мегиранд.
Ба қарибӣ дар ҳамин муолиҷагоҳ ҷарроҳии навбатии пайванди ҷигар ба амал омад.
А. Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.