Аъзои Парламенти ҷавонон ва намояндагони Созмони ҷавонони "Junge Union NRW"-и Олмон мулоқоти онлайн анҷом доданд

Аъзои Парламенти ҷавонони назди Сенати Олий Маҷлис бо намояндагони Созмони ҷавонони “Junge Union NRW”, ки дар замини федералии Рейн–Вестфалияи Шимолии Ҷумҳурии Федеративии Олмон фаъолият мекунад, дар формати онлайн мулоқот анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон, таҳкими ниҳодҳои демократӣ, таълими шаҳрвандӣ, равандҳои рақамисозӣ, энергетикаи «сабз», рушди устувори шаҳрҳо, инчунин ҳамкории байналмилалии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин, дар идома таъкид гардид, ки созишнома оид ба ҳамкорӣ, ки миёни Парламенти ҷавонон ва Созмони ҷавонони “Junge Union NRW” ба имзо расидааст, ба роҳандозии ҳамкории дуҷониба дар заминаи институтсионалӣ, густариши иштироки ҷавонон дар равандҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин ҷорӣ намудани механизмҳои муосири идоракунии демократӣ равона гардидааст.

Дар доираи созишнома ҳамкорӣ ҷиҳати табодули таҷриба, татбиқи ташаббус ва лоиҳаҳои муштарак, рушди институтсионии парламентҳои ҷавонон, тавсеаи иштироки ҷамъиятӣ ва ташаккули механизмҳои ҳисобдорӣ пешбинӣ шудааст.

Илова бар ин, истифодаи платформаҳои рақамӣ ва технологияҳои демократӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон, ташкили тренинг ва семинарҳои муштарак бо “Junge Union NRW”, бозомӯзии таҷрибаҳои пешқадам дар самти соҳибихтиёрии рақамӣ ва ислоҳоти идоракунии давлатӣ ҳамчун самтҳои муҳими ҳамкорӣ муайян гардиданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо бо мақсади таъмини иҷрои созишнома бобати таҳияи «харитаи роҳ»-и муштарак ба мувофиқа расиданд.

Хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: