15 январ дар мамлакат марҳилаи аввали раванди барӯйхатгирии аҳолӣ ва соҳаи кишоварзӣ расман оғоз гардид. Дар ин чорабинии муҳими дорои аҳамияти давлатӣ сенаторон низ фаъолона иштирок мекунанд.
Аз ҷумла, сенаторон тавассути сомонаи расмии census.stat.uz бо истифода аз низоми ягонаи идентификатсияи OneID ба таври онлайн аз рӯйхат мегузаранд. Бешубҳа, фаъолнокии намояндагони халқ барои мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ намунаи ибрат буда, шаҳрвандонро ба иштироки фаъол дар ин маърака ташвиқ мекунад.
Бояд гуфт, ки дар доираи марҳилаи аввал аз 15 то 31 январ ба шаҳрвандон имконият фароҳам оварда шудааст, то тавассути Интернет маълумот дар бораи худ ва аъзои оилаи худро мустақилона ворид намоянд. Раванди барӯйхатгирии онлайн на танҳо дар дохили кишвар, балки барои ҳамватанони мо, ки муваққатан дар хориҷ қарор доранд, низ шароити мусоид фароҳам меорад.
Сенаторон таъкид менамоянд, ки барӯйхатгирии аҳолӣ дар банақшагирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар барои 10–20 соли оянда аҳамияти калон дорад ва ҳамаи шаҳрвандонро ба иштироки фаъол дар ин раванд даъват мекунанд. Зеро пойгоҳи ягонаи маълумот, ки аз рӯйи таркиби синнусолии аҳолӣ, сатҳи таҳсилот, шуғл, равандҳои муҳоҷират ва манбаъҳои даромад ташаккул меёбад, барои пешбурди самараноки сиёсати давлатӣ чун заминаи устувор хидмат хоҳад кард.
Хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлис.