Ӯзбекистони Нав – модели нави сиёсати хориҷӣ

  • Ӯзбекистони Нав – модели нави сиёсати хориҷӣ
  • Ӯзбекистони Нав – модели нави сиёсати хориҷӣ

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки дар солҳои охир вазъи геосиёсии ҷаҳон ба таври ҷиддӣ тағйир ёфта, таҳдидҳо ба соҳибихтиёрии давлатӣ, амнияти иқтисодӣ ва суботи сиёсати хориҷии кишварҳо меафзояд.

Дар чунин шароити мураккаб ҷамъомади видеоселекторӣ, ки таҳти раёсати Президент, бахшида ба фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷ баргузор гардид, ба таври равшан оғози марҳилаи тамоман навро дар сиёсати хориҷии мамлакат нишон дод.

Хусусан, дар ҷамъомад Сарвари давлат на танҳо дастовардҳои бадастомадаро холисона таҳлил намуд, балки ошкоро муайян кард, ки минбаъд сиёсати хориҷӣ бояд бар асоси кадом тамойилҳо, меъёрҳо ва натиҷаҳои мушаххас пеш бурда шавад.

Аз ҷумла, яке аз муҳимтарин андешаҳои аз ҷониби Президент қатъиян таъкидшуда ин аст, ки меъёри ягонаи арзёбии фаъолияти дипломатӣ — натиҷа мебошад. Ин як равиши комилан нав буда, ба даст кашидан аз «дипломатияи кабинетӣ» ва ташаккули сиёсати хориҷии амалӣ равона шудааст, ки фоидаи воқеии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ меорад.

Имрӯз сафир на танҳо шахсе мебошад, ки муколамаи сиёсӣ мебарад, балки намояндаи давлатест, ки сармоя ва технология меорад, бозорҳои содиротиро мекушояд, ҷараёни сайёҳонро афзоиш медиҳад, барои муҳоҷирати қонунии меҳнатӣ шароити мусоид фароҳам месозад ва муҳимтар аз ҳама, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони моро дар хориҷ ҳимоя мекунад. Мустаҳкам намудани асосҳои қонунгузорӣ ва институтсионалии ин талаботҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими назди парлумон ба шумор меравад.

Рақамҳои дар ҷаласа зикршуда низ метавонанд ҳамчун намунаи равшани самаранокии дипломатияи иқтисодӣ арзёбӣ шаванд. Аз ҷумла, дар соли 2025 гардиши савдои хориҷӣ аз 80 миллиард доллар гузашта, ҳаҷми содирот ба 33,5 миллиард доллар расид ва ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ аз 43 миллиард доллар бештар гардидааст. Инҳо натиҷаҳои дақиқи сиёсати хориҷии боз, прагматик ва ташаббускор мебошанд.

Барои Палатаи қонунгузорӣ дар ин ҷо масъалаи асосӣ аз такмили минбаъдаи қонунҳое иборат аст, ки ба ҳимояи сармоягузориҳо, дастгирии содиркунандагон, рушди логистика ва роҳравҳои савдо нигаронда шудаанд. Зеро, чунонки Президент алоҳида таъкид намуд, амнияти иқтисодӣ пойдевори асосии амнияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Ғайр аз ин, минбаъд барои сафирон муайян шудани нишондиҳандаҳои KPI аз қабили даромад аз содирот, ҷараёни сайёҳон, муҳоҷирати қонунии меҳнатӣ ва ҷалби сармоягузорӣ масъулият ва шаффофиятро дар низоми сиёсати хориҷӣ боз ҳам бештар мекунад. Дар ҳамин маврид зикр кардан бамаврид аст, ки Сарвари давлат дар ҷамъомад ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ошкоро гуфт, ки фаъолияти сафирон дар ин самт дар баъзе кишварҳо қаноатбахш нест. Ҳол он ки фароҳам овардани ҷойҳои кори қонунии сердаромад яке аз роҳҳои самараноктарини баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Инчунин, барои то соли 2030 ба 20 миллион нафар расонидани шумораи сайёҳон зарур аст, ки фаъолияти сафоратхонаҳо ба таври куллӣ таҷдид карда шавад. Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани вазифаҳои мушовирон оид ба сайёҳӣ ва фарҳанг қарори дуруст ва саривақтӣ мебошад. Палатаи қонунгузорӣ бояд ба дастгирии ҳамкории миёни бахши хусусӣ, минтақаҳо ва намояндагиҳои дипломатӣ тавассути муколамаи байнипарлумонӣ дар ин самт диққати махсус диҳад.

Ташаббуси Президент оид ба навсозии Консепсияи фаъолияти сиёсати хориҷӣ низ посухи муносиб ба тағйироти шадиди ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Дар консепсияи нав ба инъикоси манфиатҳои миллӣ дар доираи як низоми ягона дар самтҳои дипломатияи иқтисодӣ, амният, сармоягузорӣ, содирот, нақлиёт ва логистика, инчунин масъалаҳои обу иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Аъзои парламент бояд тавассути баррасии ин консепсия ва назорат аз болои татбиқи он саҳм гузоранд, то сиёсати хориҷӣ воқеан ба манфиати мардум хизмат намояд.

Дар маҷмӯъ, ҳамчун вакили Палатаи қонунгузорӣ мо омодаем сиёсати хориҷиро дар ҳамоҳангӣ бо қонунгузорӣ, назорати парлумонӣ ва манфиатҳои ҷомеа дастгирӣ намоем, инчунин ба таъмини самаранокии фаъолияти сафирон ва вазоратҳо саҳми худро гузорем. Зеро сиёсати хориҷии қавӣ — заминаи иқтисодиёти қавӣ, ҷомеаи устувор ва зиндагии шоиста мебошад.

Гулнорахон Абдувоҳидова,

узви Кумитаи меҳнат, тандурустӣ ва масъалаҳои иҷтимоии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: