Дар шароити ҷаҳони муосир, ки тағйироти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ босуръат ҷараён мегиранд, нақши маҳалла ҳамчун пояи устувори ҷомеа боз ҳам муҳимтар мегардад. Эълон гардидани «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» на танҳо иқдоми рамзӣ, балки барномаи амалиест, ки ба таҳкими ҳамбастагӣ, беҳбуди шароити зиндагӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон равона шудааст.
Маҳалла дар фарҳанги миллӣ на танҳо як воҳиди маъмурӣ, балки мактаби тарбия, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории иҷтимоӣ ба шумор меравад. Дар маҳалла инсон арзишҳои ахлоқӣ, эҳтиром ба калонсолон, ғамхорӣ ба кӯдакон ва масъулиятшиносиро меомӯзад. Рушди маҳалла маънои фароҳам овардани муҳити солимро дорад, ки дар он бехатарии ҳар як сокин таъмин мегарда онҳоро мешунаванд ва қадр мекунанд. Пешрафти ҷамъият мафҳуми фарох аст, он шароити муносиби зист, дастрасӣ ба маорифу тандурустӣ, муҳити тоза, имкониятҳои шуғл ва фазои фарҳангиро дар бар мегирад. Вақте ки ин унсурҳо дар сатҳи маҳалла мустаҳкам мешаванд, ҷомеа дар маҷмӯъ рушд мекунад. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба инфрасохтори маҳалла – роҳ, равшанӣ, майдончаҳои варзишӣ ва фарҳангӣ сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст.
Яке аз омилҳои асосии рушди маҳалла иштироки фаъоли сокинон мебошад. Ташкили шӯроҳои маҳаллӣ, баргузории вохӯриҳо, ҳашарҳои ободонӣ ва иқдоми ихтиёрӣ ҳисси масъулият ва ҳамбастагиро тақвият мебахшанд. Вақте шаҳрвандон дар қабули қарорҳо саҳм мегиранд, эътимод афзоиш меёбад ва мушкилот бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ҳал мешаванд.
Нақши ҷавонон ва занон низ дар ҷомеа арзанда аст. Ҷавонон неруи пешбарандаи ҷамъиятанд. Ҷалби онҳо ба лоиҳаҳои иҷтимоӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ на танҳо истеъдодҳоро рушд медиҳад, балки аз хатарҳои иҷтимоӣ низ ҳифз мекунад. Занон бошад, бо ташаббусҳои худ дар соҳаҳои тарбия, фарҳанг ва соҳибкорӣ метавонанд ба некӯаҳволии маҳалла таъсири амиқ расонанд. Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ва занон омили муҳими рушди устувор аст. Рушди маҳалла танҳо бо талоши сокинон маҳдуд намешавад. Ҳамкории самараноки мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ имконият медиҳад, ки барномаҳо босамар татбиқ шаванд. Дастгирии лоиҳаҳои хурди иҷтимоӣ, омӯзишҳои касбӣ ва ташаббусҳои экологӣ метавонад сатҳи зиндагиро ба таври назаррас беҳтар созад.
Имрӯз дар кишвари мо ислоҳоти васеъмиқёс барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар кардани сифати зиндагии аҳолӣ амалӣ карда мешаванд. Бо коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар маҳаллаҳо, ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ ва таъмини шуғли шаҳрвандон баробарии иҷтимоӣ ва рушди устувор дар ҷомеа кафолат дода мешавад.
– Маҳалла на ҳамчун як минтақаи хурди ҳудудӣ, балки ҳамчун пайванди иҷтимоие, ки бо тарзи умумии зиндагӣ, арзиш, анъана ва расму оинҳо ба ҳам пайванданд, мактаби ҳаёте, ки мактаби ҳамсоягиро талқин мекунад, вуҷуд дошт. Дуои пиронсолон, тарбияи ҷавонон, фарҳанги шафқат, оштӣ ва ҳамоҳангӣ – ҳамаи ин дар муҳити маҳалла асрҳо боз ташаккул ёфтааст. Дар марҳилаҳои гуногуни таърих, вазифаҳои маҳалла низ вобаста ба тағйирёбии замон ва низомҳо тағйир ёфтаанд. Дар ҷое, ки маҳалла қавӣ аст, ҷомеа устувор, шаъну шарафи инсон баланд аст, – мегӯяд раиси маҳаллаи «Маҷнунтол»-и ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон Юсуфҷон Яқубов.
Дар 560 хонаводаи маҳалла беш аз 3200 нафар сокинон истиқомат карда, 19 субъекти соҳибкорӣ мавҷуд. Муҳаррики асосии рушди маҳалла хидматрасонии маишӣ мебошад. Дар ин самт шумораи шаҳрвандоне, ки аз имкониятҳои мавҷуда оқилона истифода бурда, тиҷорати худро оғоз кардаанд, рӯ ба афзоиш аст. Яке аз онҳо Одилҷон Исматуллоев мебошад. Ҳоло ин соҳибкор ба истеҳсоли либосворӣ оғоз кардааст. Корхона дар асоси фармоишҳо барои бозори дохилӣ ва хориҷӣ маҳсулот истеҳсол мекунад ва беш аз 50 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардааст. Имрӯз заноне, ки аз ин ҷо даромад ба даст меоранд, ба некӯаҳволии оила саҳм мегузоранд. Онҳо аз ин имконият хурсанданд.
Паёми навбатии Президент ба Олий Маҷлис ва мардуми Ӯзбекистон ҳамчун як ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки самтҳои стратегии рушди давлат ва ҷомеаро муайян мекунад. Дар Муроҷиатнома ба таври возеҳ гуфта мешавад, ки тамоми ислоҳот ба манфиатҳои инсон, муколама бо мардум, тамоюлҳои ошкороӣ ва масъулиятшиносӣ асос ёфтаанд ва муҳимтар аз ҳама, сиёсати давлатӣ бояд ба натиҷаҳои амалӣ дар сатҳи маҳаллӣ, тавассути робитаи наздиктарин бо аҳолӣ сурат бигирад. Чуноне ки Сарвари кишвар таъкид кардааст: «Новобаста аз он, ки дар тӯли таърих бо чӣ озмоишҳои душвор рӯ ба рӯ шудем, мо пеш аз ҳама аз ваҳдат қувват мегирефтем.
Дар замонҳои душвор мардуми мо душвориҳоро китф ба китфи ҳамдигар гузошта, паси сар карданд. Оила ба оила, ҳамсоя ба ҳамсоя кумак кард. Мо бояд ҳамеша ба ин арзиши беназири худ содиқ бимонем ва насли ҷавонро дар ин руҳия тарбия кунем. Имрӯз дар ҷомеаи мо доштани ақида ва назарҳои гуногун табиӣ ва ин талаботи ягонаи демократия аст. Аммо новобаста аз миллат, забон ва дин, як ғояи бузурге вуҷуд дорад, ки беш аз 38 миллион мардуми моро муттаҳид мекунад. Ва ин манфиатҳои Ватан, манфиатҳои мардуми мост. Нақш ва таъсири низоми маҳалла дар расидан ба чунин ҳадафи бузург беандоза аст. Зеро агар маҳалла осоишта бошад, ҷомеа низ орому хотирҷамъ хоҳад буд. Агар маҳалла рушд кунад, тамоми кишвари мо шукуфон хоҳад шуд».
Аз ин лиҳоз, таъини соли 2026 ҳамчун «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» шиори рамзӣ нест, балки равиши барномавӣ аст, ки нуқтаи истиноди иҷтимоии ислоҳотро ба таври возеҳ муайян мекунад.
Моҳияти ин ғоя содда, вале хеле муҳим аст, ниёзҳо, дардҳо ва мушкилоти шаҳрвандон аввал дар сатҳи маҳалла эҳсос мешаванд. Аз ин рӯ, идоракунии одилона ва муассир бояд аз ҳамин ҷо – аз маҳалла – нуқтаи наздиктарин ба ҳаёти ҳаррӯзаи одамон оғоз шавад. Имрӯз маҳалла на танҳо як минтақаи маъмурӣ аст, он ба як такъягоҳи табиии ҷомеаи шаҳрвандӣ, муҳите табдил меёбад, ки дар он назорати ҷамъиятӣ ва фарҳанги ҳамбастагӣ барқарор мешавад.
– Тағйироте, ки солҳои охир дар низоми маҳалла амалӣ шудаанд, барои ба таври системавӣ роҳандозии «кор бо аҳолӣ» хидмат мекунад, – афзуд фаъоли маҳалла Марҳамат Қарабоева. – Аз ҷумла, дар натиҷаи ворид шудани тағйироти куллӣ дар низоми «ҳафтгонаи маҳалла» беш аз 100 намуди хидматрасонӣ, аз қабили қарз, субсид, ҷубронпулӣ ва кумаки молиявӣ барои ҳалли мушкилоти аҳолӣ дар маҳал мустақиман ба сатҳи маҳалла интиқол дода шудаанд, ки ин имконияти расонидани кумаки мақсаднокро ба миллионҳо шаҳрвандон васеъ кардааст. Ин равиш на танҳо бо тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ, балки инчунин барои афзоиши даромади аҳолӣ тавассути ҳавасмандгардонии шуғл ва соҳибкорӣ равона шудааст. Зеро муҳимтарин чиз барои шаҳрванд «система» нест, балки натиҷа аст: кор, манбаи даромад, ҳалли мушкилот ва муносибати одилона.
Аз ҷумла, ташаббусҳое, ки ба вогузории захира ва ваколатҳо ба маҳалла дар беҳтар кардани некӯаҳволии аҳолӣ равона шудаанд, ба марҳилаи сифатан нав ворид мешаванд. Дар доираи «Буҷаи ташаббускор», агар сокинони маҳалла бо ташаббуси худ лоиҳаи муҳим, аз қабили роҳ, об, мактаб ва боғчаҳои кӯдаконаро пеш баранд, васеъ кардани механизмҳои пӯшонидани қисме аз хароҷот аз ҷониби давлат ба роҳ монда шудааст.
– Тавре ки дар Паёми Сарвари давлат гуфта шудааст, шукуфоии кишвар, пеш аз ҳама, аз маҳалла оғоз мешавад, – иброз дошт Ю. Яқу-бов. – Маҳз бо дидани шароити роҳҳо, об, барқ ва нақлиёт, боғча, мактаб ва клиникаҳои оилавӣ одамон ислоҳоти моро арзёбӣ мекунанд. Аз ин рӯ, рушди низоми маҳалла самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад. Айни замон дар маҳаллаи мо низ масъалаҳои марбут ба роҳ, об ва барқ алоҳида ҳал карда мешаванд. Дар ин раванд соҳибкорони мо ҳамчун неруи ҳалкунанда дар сафи пеш қарор доранд, ки иншооти саноатӣ ва хидматрасониро ташкил медиҳанд, ҷойҳои кории доимӣ эҷод мекунанд.
Масъалаи васеъ кардани имкониятҳои молиявии маҳалла низ мувофиқи мантиқи умумии Паём тафсир карда мешавад. Аз ҷумла сиёсати дастгирии соҳибкорӣ ва бетағйир гузоштани меъёрҳои асосии андоз дар соли 2026. Дар айни замон ташаббуси ҷудо кардани 10 триллион сӯм барои лоиҳаҳои инфрасохтории соҳибкорӣ, 140 триллион сӯм барои рушди тиҷорати хурду миёна захираҳо пешбинӣ шудааст. Аз ин маблағ 43 триллион сӯм барои дастгирии соҳибкории занон ва ҷавонон равона карда мешавад, ки ба афзоиши устувории молиявии маҳалла хидмат хоҳад кард.
Инчунин ташаббуси ҷудо кардани 8,5 триллион сӯм барои маҳаллаҳо бо ҳисоби захираҳои иловагӣ нишон медиҳад, ки маҳалла ҳоло ба як воситаи воқеии иқтисодӣ барои таъмини некӯаҳволӣ табдил меёбад. Маҳаллаҳои фаъолтарин аз ҷониби давлат дастгирӣ шуда, низоми нав ва муҳим ҷорӣ карда мешавад. Дар саросари мамлакат рейтинги «Беҳтарин маҳаллаи андозсупоранда» роҳандозӣ мешавад, ки имкониятҳои иловагиро барои афзоиши фаъолияти иқтисодии маҳаллӣ ва боз ҳам беҳтар кардани маҳалҳо фароҳам меорад. Тибқи тартиби нав 100 маҳаллаи беҳтарин, ки дар ин рейтинг натиҷаҳои баландтаринро ба даст овардаанд, солона аз буҷаи давлатӣ 2 миллиард сӯм кумаки молӣ мегиранд. Ин маблағ дар асоси фаъолияти иқтисодӣ ва риояи қонунгузории маҳалла тақсим карда мешаванд. Истифодаи маблағи ҷудошуда бо қарори шӯрои маҷлиси шаҳрвандон муайян карда мешавад. Ба таври мушаххас, ин маблағ барои таъмири роҳҳои дохилӣ, беҳтар кардани таъминоти барқ, навсозии системаи равшанӣ, барқарорсозии шабакаҳои коммуналӣ ва рушди ҳамаҷонибаи инфрасохтори маҳалла истифода мешаванд. Ин ташаббус рақобати солимро байни маҳаллаҳо тақвият медиҳад ва дар баробари беҳтар кардани риояи қонунҳои андоз, ба беҳтар шудани шароити зиндагии сокинон мусоидат мекунад.
Дар хулоса ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки эълон шудани соли 2026 ҳамчун «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» – даъватест ба амал, ҳамкорӣ ва масъулиятшиносӣ. Рушди маҳалла аз ҳар яки мо оғоз меёбад – аз муносибати нек ба ҳамсоя, аз саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва аз эҳсоси шаҳрвандӣ. Танҳо дар сурати ҳамбастагӣ ва талоши муштарак мо метавонем ҷомеаи солим, обод ва шукуфон бунёд намоем.
Мағфират Мамаҷонова,
хабарнигори «Овози тоҷик».