Солҳои охир дар Ӯзбекистони Нав ислоҳоти васеъмиқёсе, ки амалӣ мегарданд, марҳилаи тамоман нави рушдро дар ҳаёти давлат ва ҷомеа оғоз бахшиданд. Ин ислоҳот, ки бар арзишҳои қадру қимати инсон, адолат, ошкороӣ ва ҷавобгарӣ асос ёфтаанд, бо ҳадафу вазифаҳои дақиқи ба рушди устувори кишвар равонашуда пайваста идома доранд.
Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030», ки соли 2023 қабул гардид, самтҳои асосии рушди кишварро муайян кард. Дар доираи ин ҳуҷҷати барномавӣ дар давраи гузашта дар тамоми соҳаҳо корҳои фарогир анҷом дода шуданд.
Аз ҷумла, ҳаҷми маблағҳое, ки аз буҷети давлатӣ ба соҳаи тандурустӣ равона мегарданд, зиёд карда шуд, пойгоҳи моддию техникӣ ва иқтидори кадрии муассисаҳои тандурустӣ беҳтар гардид. Хидматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам наздиктар шуда, пешниҳоди хидматҳои босифати тиббӣ то сатҳи маҳалла таъмин мегардад. Дар натиҷа, шароити зиндагии аҳолии кишвар беҳтар шуда, нишондиҳандаи миёнаи умр аз 73,8 сол то 75,1 сол афзуд. Ҳамаи ин самараи ислоҳотест, ки дар доираи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» амалӣ мегарданд.
Албатта, дар бораи натиҷаҳои бузурге, ки дар муддати кӯтоҳ ба даст омадаанд, метавон мисолҳои зиёд овард. Аммо давраи имрӯза бозбинӣ намудани Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030»-ро тақозо менамояд. Бо ин мақсад, лоиҳаи такмилёфтаи стратегия таҳия гардида, ба муҳокимаи васеи ҷомеа пешниҳод шудааст ва бо назардошти андеша ва пешниҳодҳои аҳолӣ такмил меёбад.
Дар стратегияи навшуда, дар баробари дигар соҳаҳо, ба рушди низоми тандурустӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Аз ҷумла, мақсад гузошта шудааст, ки то соли 2030 давомнокии миёнаи умр ба 78 сол расонда шавад, ки ин чораҳои амалиест барои беҳтар намудани ҳаёт ва саломатии аҳолии кишвар.
Дар ин ҳуҷҷати барномавӣ ба саломатии кӯдакон низ аҳамияти махсус дода мешавад. Яъне, барои ташхиси барвақти бемориҳои ирсӣ фарогирии скринингҳо васеъ мегардад. Ин чораҳо ба тарбияи насли оянда ҳамчун насли ҳамаҷониба солим ва комил мусоидат мекунанд.
Дар стратегия инчунин баланд бардоштани самаранокии пешгирӣ ва табобати бемориҳои ирсӣ дар байни кӯдакон, инчунин то 7 дараҷа коҳиш додани сатҳи таваллуди навзодон бо нуқсонҳои модарзодии барои ҳаёт хатарнок мақсад гузошта шудааст. Дар сурати татбиқи маҷмӯии ин чораҳо, пешгирии бемориҳои ирсӣ дар байни кӯдакон таъмин гардида, самаранокии табобат меафзояд.
Ҳамчунин, ошкорсозии барвақти бемориҳои саратон ва коҳиш додани сатҳи фавт, инчунин таъмин намудани фарогирии 100-фоизаи табобат барои ҳамаи бемороне, ки дар онҳо омосҳои хатарнок муайян шудаанд, пешбинӣ мегардад. Ҳамаи ин ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани қаноатмандии мардум аз низоми тандурустӣ хизмат мекунад.
Бо назардошти ин, ҳамаи мо бояд дар муҳокимаи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030», ки нав хоҳад шуд, фаъолона иштирок намуда, пешниҳодҳои худро ироа намоем. Зеро ин ҳуҷҷати барномавӣ барои рушди минбаъдаи кишвар ва таъмини фаровонии мардуми он заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.
Севара УБАЙДУЛЛАЕВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.