“Боғи ҷавонон” ба истифода дода шуд

Дар ноҳияи Давлатобод боз як иншооти муҳими иҷтимоӣ – “Боғи ҷавонон” ба истифода дода шуд.

Маскани бофароғати дар маҳаллаи  Порлоқ сохта шуда нафақат ба ҷавонони маҳаллӣ, балки ба аҳолӣ ва меҳмонони вилоят низ хизмат мекунад.

Дар кушодашавии  маскан ҳокими вилоят, узви Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкатҷон Абдураззоқов, нурониён, вакилони корхонаву ташкилотҳо ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Ҳокими вилоят дар сухани худ таъкид намуд, ки чунин лоиҳаҳо самараи амалии ислоҳоте мебошад, ки барои рушди мамлакатамон ва некӯаҳволии аҳолӣ амалӣ карда мешавад. Таъкид намуд, ки  ин корҳо марҳилаи  аввали лоиҳа мебошанд ва дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки боғро пурра аз нав сохта, инфрасохтори иловагии фароғатӣ ва варзишӣ таъсис дода мешавад ва намудҳои хизматрасонӣ васеъ карда мешавад.

Барои амалигардонии лоиҳа аз буҷаи давлат 7,8 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шуд ва дар ин ҷо корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, шабакаи барқ пурра нав карда шуд. Системаи обёрӣ аз нав сохта, ҳудуди маскан ободу кабудизор карда шуд.

Аз ҳама муҳимтаринаш дар натиҷаи амалӣ гаштани  ин лоиҳа 75 ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд ва беш аз 35 нафар соҳибкор имкони оғози фаъолияти худро пайдо кард.  Ин як қадами муҳим дар самти таъмини шуғл ва дастгирии соҳибкорӣ буд.

“Боғи ҷавонон” барои ҳама боз аст ва ҳамчун як маскани истироҳатии қулай ва бехатар натанҳо барои ҷавонон, балки барои оилаҳо, куҳансолон ва кӯдакон низ хизмат мекунад. 

– Дар давраи бачагиам ҳамроҳи падару модарам ба ин маскан меомадем,- мегӯяд яке аз иштирокчии чорабинӣ Ҳилола Бойматова. – Шароит ин хел нағз  набуд. Дар ҳар гӯшаи боғ як-ду тамаддихонаи хурду барои бачагон майдончаи бозӣ буду халос. Имрӯз манзара тамоман дигар шудааст. Якчанд атраксионҳо, барои дам гирифтани хурду калон имкониятҳо хеле бисёр. Боғ ба номи худ мосу хос – боғи фароғатӣ ва варзишӣ шудааст. 

Дар охири чорабинӣ   бинокорон, мутахассисон, масъулони ташкилотҳои соҳаҳо ва шаҳрвандони фаъоле, ки барои татбиқи лоиҳа заҳмат кашиданд, рағбатонида шуданд.

Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: