Ибодулло Машраб шеър мехонад

Ба наздикӣ аз шеърхонии яке аз устодони санъати театрии тоҷик Ибодуллои Машраб баҳраманд ва хеле мутаассир шудам.

Ифоданок хондани шеър низ – санъат. Ман дар вохӯриҳо бо адибони номварамон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ, Гулназар, Гулрухсор, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Зулфия Атоӣ ва дигарон шеърхониҳояшонро бо мароқ шунидаам.

Аз забони худи шоир шунидани шеъре, ки аз дил баромада, дигархелтар таъсир мебахшад.

Наима Қаҳҳорова ва Абдуқодир Маниёзов барин адабиётшиносҳо низ дар ифоданок хондани шеър маҳорати ба худ хос доштанд.

Бо вуҷуди ин, фикр мекунем, шунидани шеъри тоҷик аз ҷониби намояндагони санъат, алалхусус, санъати театрӣ дилрастар аст. Бигирем, қироати нозуктарин торҳои эҳсосро ба ларзишорандаи Маҳмуди Воҳидро, ки садои довудӣ дошт. Дар рӯзҳои мо Ортиқи Қодир ва Муҳаммадҷон Шодӣ барин чеҳраҳои намоёни ҳунар дар ифоданок хондани шеър ҳунари комил доранд. 

Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ибодуллои Машраб, ки чун актёр ва коргардони театру телевизион маълум ва машҳур аст, айни замон, сабку лаҳни хос дар шеърхонӣ доштааст...

Вай баъди хатми Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи Луначарскийи Маскав ба Душанбе баргашт. Ба сифати актёр дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов, дар Театри давлатии лӯхтаки Душанбе ҳамчун актёр-коргардон, дар телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси саркоргардон, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ба сифати актёр фаъолият намуд. Солҳои 2000–2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар солҳои 2006–2015 чун директори Театри Лоҳутӣ ва солҳои 2015–2019 ба ҳайси муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон адои вазифа намуд.

Мавсуф дар намоишҳои театрии «Хусрав ва Ширин»-и Птитсин, «Хонасӯзон»-и М.Фриш, «Рӯдакӣ»- и Сотим Улуғзода, «Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-и Меҳмон Бахтӣ, «Хатои охирини Искандар» ва «Спитамен» -и Барот Абдураҳмон, кинофилмҳои «Ашк ва шамшер», «Хоби бедорӣ», «Сароби ишқ», намоишномаҳои телевизионии «Пандномаи Саъдӣ», «Ворисон», «Ҷиноят ва ҷазо» ва ҳоказо нақшҳои ҷолиб офаридааст.

Вай изҳор намуда, ки «ман ҳамаи нақшҳоямро дӯст медорам. Дар ҳар нақши ман порае аз қалбам ҷой дорад».

 Яке аз арбобони санъати театрии тоҷик чун овозхон низ маъруфият дорад. Бештар аз чиҳил суруду оҳангҳои гӯшнавозаш дили шунавандагонро тасхир кардааст.  Барои саҳми муносибаш дар рушду нумӯи фарҳангу ҳунари тоҷик бо Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи байнидавлатии ИДМ «Ситораи иттиҳод» тақдир шудааст.

Устод Ибодуллои Машраб табъи хуби шоирӣ низ дорад. Вай вобаста ба нақшҳои иҷронамудааш чунин рубоӣ навишта:

Гаҳ шоҳу гаҳе гадо будан кори ман аст,

Тасвиру тасаввур гули ашъори ман аст.

Осон бувадам тасаввури ҳар нақше,

Тасвири набуда кори душвори ман аст.

Ин шеър низ аз қаламиҳои тоза ба коғазрехтаи ӯст:

Решаҳои ориёнӣ дар вуҷуди мо бувад,

Хун ба хун омехта дар тору пуди мо бувад.

Ориёиему хуршед аст моро раҳнамо,

Ҳар саҳар аз Шарқ месабзад ҳамин нури Худо.

Нури ақлу нури имон, нури Ҳақ аз осмон,

Нури меҳру нури шафқат, нури нерӯи замон.

Рӯдакӣ оғоз бахшиду дарӣ шуд ҷовидон,

Бо тилисми «Шоҳнома», «Маснавӣ»-ву «Бӯстон».

Мо, ки аз асли нажоди Ориёно будаем,

Соҳиби фарҳанги волои «Авасто» будаем.

Ворисони ин забони ҳамзабонон будаем,

Аввалан тоҷику баъд аз он мусалмон будаем.

Ин Ватан бо илму фан машҳури дунё гаштааст,

Илми ӯ аз хок то авҷи Сурайё гаштааст.

Розиву Беруниву Хоразмиву Хайёми ӯ,

Ибни Синояш далели шуҳрати айёми ӯ.

Эй, ки аз худ мекунӣ таърихи ин халқи куҳан,

Бохабар бошӣ, насӯзад то забонат дар даҳан.

Ориён бо зар «Авасто»-ро навишта бешумор,

Бо қалам таҳриф карданҳо намеояд ба кор.

Шунидани шеър аз забони шоир чӣ қадар хушоянд. Вақте устод Ибодуллои Машраб ҳамин шеъри худро ифоданок мехонд, боз як бор ҳис кардам шунидани шеър аз забони шоире, ки санъаткор аст, таъсирнок, дилнишин ва масарратбахштар аст.

Муҳаммадҷон ШОДӢ.

Шаҳри Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: