Қисме аз деворҳои шаҳри қадимаи Қува кашф карда шудаанд, ки ин бозёфтҳо ба асри III пеш аз милод то асри X милодӣ тааллуқ доранд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят бо такя ба иттилои хабаргузории «Синхуа» хабар медиҳад.
Экспедитсияи муштараки бостоншиносии Луоян – Фарғона, ки ба он олимони бостоншиноси Ӯзбекистон ва Чин шомиланд, ин бозёфтро далели муҳими моддӣ барои омӯзиши рушди таърихии шаҳри қадим дар Роҳи бузурги абрешим ва мубодилаи фарҳангӣ байни Шарқ ва Ғарб арзёбӣ кардаанд.
Бозмондаҳои шаҳри қадимаи Қува масоҳати 110 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифтааст. Қалъаҳои такроран сохташудаи он шурӯъ аз давраҳои Порт, Давон ва Суғд то давраи Сомониён истифода шудаанд. Маълум шудааст, ки технологияҳои деворсозӣ маълумоти муҳимро барои омӯзиши интихоби малакаҳои меъморӣ ва тайёр кардани масолеҳи сохтмонӣ фароҳам меоваранд.
Ногуфта намонад, ки соли 2023 Пажуҳишгоҳи бостоншиносии Луояни вилояти Ҳенани Чин ва Донишгоҳи давлатии Фарғона як гурӯҳи муштараки бостоншиносиро барои анҷом додани кофтуковҳои бостоншиносии харобаҳои шаҳри қадимаи Қува ташкил кардаанд. То ҳол аз ин харобаҳо ёдгориҳои зиёд, мисли қасрҳо, дарвозаҳои шаҳр, деворҳо, биноҳои истиқоматӣ, кӯча ва устохонаҳои ҳунармандӣ пайдо шудаанд.
Экспедитсияи муштарак кофтуковҳои бостоншиносии харобаҳои шаҳри қадимаи Қуваро дар соли равон низ давом хоҳанд дод.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.