Саргарми кор будам, ки телефони мобилӣ мусиқӣ навохт. Гӯшакро бардорам, духтари холаам Манзура.
Намонад касе дар ҷаҳон пойдор,
Ҳаме номи некӯ бувад ёдгор.
Абулқосим Фирдавсӣ.
Саргарми кор будам, ки телефони мобилӣ мусиқӣ навохт. Гӯшакро бардорам, духтари холаам Манзура.
– Аҳмадҷонака, ҳама хешу табор медонанд, ки шумо фарзанди асили оилаи мо ҳастед. Қиблагоҳам шуморо ҳамчун писар дӯст медоштанд, эҳтиром мекарданд, ба мо, фарзандон намунаи ибрат нишон медоданд, – Манзура ба мақсад гузашт. – Мо ният кардем, ки дар бораи падари бузургворамон, муллопоччои шумо китоби хотира нашр намоем. Хеле хурсанд мешудем, агар шумо ёдномаи худро навишта, пешкаш менамудед.
Рости гап, аз чунин таклифи ногаҳонӣ хурсанд шудам ва хотираҳоро бо фахр рӯи коғаз овардам.
Ёде аз бачагӣ
Синни ман ба ҳафтоду панҷ дакка зад. Шукри Парвардигори меҳрубон, ки бо раҳнамоӣ, таълиму тарбияи устодони гиромиқадру беминнат дар зиндагӣ ва ҷамъият байни мардум ба мартаба, эҳтиром соҳиб шудам. Албатта дар ин кори хайр хизмати шоистаи шодравон Ворис Холбоевич Солеев ниҳоят бузург аст.
Таърихи таълиму тарбияи ин шахси хоксорро гирифтани ман шавқангез аст. Вақте ки камина яксола будам, худо укача дод, ки номаш Неъматҷон мебошад. Бибиҷони дилсӯзу ғамхор (илоҳо ҷояшон биҳишт бод!) ба модарам «духтарам Маҳкамой, акнун ба ту нигоҳубини ду фарзанд душвор, биё, ҷони оча, Аҳмадҷонро ба ман деҳ, бо хоҳарат Метиной парасторӣ мекунем» гуфт. Ана ҳамин тавр, аввал дар ҳавлии бибиҷонам ва пас ба шавҳар баромадани холаам дар ҳавлии Ворис Холбоевич, воқеъ дар маҳаллаи Қӯшҳавз ба камол расидам. Гап дар сари он аст, ки холамуллом дар мактаби мо кор мекарданд ва баъди дарс маро бо худ гирифта мерафтанд. Он айём зиндагӣ дар атрофи майдони Регистон, фасли зимистон як кунҷи сандалиро, ба қавле «иҷора гирифта» бо фарзандону набераҳои сарвари оила Холбойбобо суҳбат оростану, бозӣ кардан шавқангез буд.
Ворис Холбоевич дар Маскав дар аспирантура таҳсил гирифта, доир ба соҳаи қарокӯлпарварӣ таҳти роҳбарии академик Владимир Юдик рисолаи номзадиро дифоъ намуданд.
Дониш чароғи ақл аст
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Соли 1968 мактаби миёнаи рақами 16-уми дар маҳаллаи Ӯрташайхро бо медали тилло хатм кардам.
Бо дуои падари бузургвору модари муқаддас бо як имтиҳон донишҷӯи факултети физика-математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд шудам. Рӯзе В. Холбоевич ба хонаи мо меҳмон шуданд. Қиблагоҳам хурсандии аҳли оиларо гуфтанд.
– Хурсандӣ болои хурсандӣ, – лаб ба сухан кушоданд муллопочом, – ман ҳам баъди бо дипломи имтиёзнок хатм кардани омӯзишгоҳи байтории Самарқанд бидуни имтиҳон ба факултети қарокӯлпарварии Донишкадаи байтории Маскав қабул шудам. Аз ҳаракат – баракат. Аҳмадҷон ҷавонмарди ҳақиқӣ. Умед дорам, ки ӯ дар ин соҳа комёб мешавад.
Амри тақдир буд, ки мактаби олиро бо дипломи сурх хатм кардам ва дар Маскав ба аспирантура дохил шудам. Солҳои таҳсил азобҳои мусофирӣ кашидам, нобаҳангом Ворис Холбоевич омада, зиёфат ороста, нерӯи ҳам маънавӣ ва ҳам моддӣ мебахшиданд, маслиҳатҳои муфид медоданд. Ҳатто ҳангоми дифои рисолаи номзадӣ ташриф фармуда, маро табрик гуфтанд. Бо роҳбари илмиам Александр Брюно суҳбати самимӣ ва дилнишин ороста, барои дастгирии беғаразона миннатдорӣ изҳор карданд.
Баъди бозгашт ба Ватан, дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъолияти меҳнатиро оғоз кардам, соҳиби оила ва фарзанд шудам. Дар ҳамаи инҳо маслиҳатгару раҳнамоям В. Холбоевич буданд.
Бо тавсияи ҳамин кас ба докторантура дохил шудам. Қабл аз ҳимоя барои дуо гирифтан ба Самарқанд омадам. Шунидам, ки Ворис Холбоев бемор. Ба аёдат рафтам, аз комёбиҳои илмӣ хабар додам, ниҳоят хурсанд шуда, муваффақият талабиданд. Рӯзи ҳимоя муллопочоям омада, дар қатори аввал нишастанд. Дилам кӯҳ барин баланд шуд ва ҳимоя бо муваффақият гузашт. Хурсандии Ворис Холбоевич интиҳо надошт.
– О, шумо бемор, боз омадед? Охир, саломатии шумо боигарии мо аст, онро эҳтиёт кунед, – гуфтам ман.
– Муваффақияти шумо маро шифо бахшид, – гӯён маро падарвор ба оғӯш кашиданд муллопоччоям. – Шумо фарзанди оилаи мо, пас чаро наоям? Сонӣ, ман қурбони аҳли илму фарҳанг. Акнун бо хотири ҷамъ, дили беғам ва аз ҳама муҳимаш табъи болида сӯйи Самарқанд парвоз мекунам, ба холамуллоятон хушхабарро мерасонам.
Аз чунин меҳрубонӣ, навозиш, ситоиш қабат-қабат гӯшт гирифтам.
Бе пир марав, ки дар бимонӣ
Ворис Холбоевич беш аз 30 сол дар ягона факултаи қарокӯлпарварии Донишкадаи хоҷагии қишлоқ ҳамчун мудири кафедра, сипас, қариб 30 сол дар вазифаи декан фаъолияти пурсамар бурданд. Баробари таълиму тарбияи насли наврас, дар тадбирҳои гуногун иштирок карданд. Аз сабаби садоқат ба вазифа ва хислатҳои неки инсонӣ соҳиби эҳтиром буданд.
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба истиқлол расидани ҷумҳуриамон бисёр муаммоҳо ба миён омад. Маҳз ҳамон солҳо қабули довталабон ба факултаи қарокӯлпарварӣ коҳиш ёфт. Он айём синни муллопочом ба 60 расида буд, ки назди ректори донишкада бо ариза рафтанд, вале ректор аризаро қабул накарда, хоҳиш кард, ки боз якчанд сол кор кунад.
Сипас, боз чанд муддат адои вазифа карданд. Вале дертар, гарчанде ба нафақа баромада бошанд ҳам, дар яке аз хоҷагиҳои фермерӣ ба сифати мушовир фаъолияти пурсамар бурданд.
Дар тӯли беш аз 60 соли собиқаи меҳнатӣ ба садҳо шогирдон таълиму тарбия доданд, ки ҳоло онҳо дар соҳаҳои гуногун, на танҳо дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол, инчунин дар Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон меҳнат мекунанд. Аз ҳама муҳимаш, бо холамуллом Метиной Абдуллоева (илоҳо рӯҳашон шод бошад!) 50 сол зиндагӣ ба сар бурдаанд. Муносибати онҳо ниҳоят самимона ва ба дигарон намунаи ибрат буд. Борҳо шоҳид шудаам, ки якдигарро бо як нигоҳ мефаҳмиданд. Вақте хонадор мешудам, муллопочом гуфтанд:
– Аҳмадҷон, зани нек осоиши мард ва ободонии хона, шарики зиндагӣ, ёридиҳанда мебошад. Ҳар кӣ зан надорад, осоиши тан надорад. Насиҳатам ҳамин, ки ба ҳамсар «шумо» гуфта гап задан лозим. Ҳурмат кунӣ, ҳурмат мебинӣ, гуфтаанд бузургон.
Раҳматӣ бо ҳамсари ғамхору меҳрубон шаш нафар фарзандро муносиби замона таълиму тарбия доданд. Писаронашон Баҳодур, Эркин, Озодҷон, гулдухтаронашон Манзура, Нигора, Диёра ва қариб 50 нафар набера, абера ва чабера ба бобоҷону бибиҷон олам-олам хурсандӣ меоваранд.
Сад дареғ, ки нобаҳангом чашм аз олами ҳастӣ пӯшидани ҳамсарашон зарбаи сахт буд, на танҳо барои муллопочом, балки сулолаи Холбоевҳо.
Солҳои охир В. Холбоевич бо ҳамкасбону ҳамсолон, ҳамдилону маърифатпарварон риштаи дӯстиро боз ҳам мустаҳкам карда, базму суҳбатҳои хосса доштанд. Аз ҷумла, собиқ директори пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии қарокӯлпарварӣ ва экологияи саҳро Насрулло Асадович, директори коллеҷи байторӣ Солеҳҷон Раҳматович, проректори Донишкадаи кишоварзии Самарқанд Суръатбек Юнусович ва дигарон ҳамсуҳбати он кас буда, суҳбати эшон қариб то саҳар қаймоқ мебаст. Гоҳ-гоҳ ба ман ҳам дар давраи онҳо нишастан, ғизои маънавӣ гирифтан насиб мегашт.
Некӣ кун, номат дар ҷаҳон монад
Сад каъбаи обу гил ба як дил нарасад,
Каъба чӣ равӣ, бирав, дилеро дарёб!
– Холабачаи шумо Озодҷон, – боре бо ҳисси шодмонӣ гуфтанд муллопочом, – як даста маблағ дода, илтимос кард, ки ба зиёрати хонаи Парвардигори меҳрубон равам. Розӣ шудам. Ба маҳалла омадам ва он маблағро барои ободонии қабристон, кӯмак ба оилаҳои муҳтоҷу камбизоат сарф кардам. Охир, аз ҳазорон Каъба як дилро хурсанд кардан беҳтар аст!
Имрӯзҳо дар қабристони маҳаллаи «Дӯстлик»-и шаҳри Самарқанд дарвозаи калон, айвону курсиҳои нишаст дар рӯзҳои борону барф, тобистони тасфон ва хосатан дарахтони сояафкану манзаравӣ ёдгор аз муллопочом аст.
Ворис Солеев тобистони соли гузашта дар арафаи 90-солагӣ ҷон ба ҷонофарин супурданд. Баъди даргузашти ӯ байтҳои Шайх Саъдӣ ба хотирам расид:
Ёд дорам, ки вақти зодани ту,
Ҳама хандон буданду ту гирён.
Ончунон зӣ, ки баъди мурдани ту,
Ҳама гирён шаванду ту хандон.
Аҳмадҷон Солеев,
профессор, проректори ДДС.