Намоишгоҳи «Графикаи Ӯзбекистон: дирӯз ва имрӯз» баргузор гардид

Дар Корвонсаройи фарҳанги байналмилалии Икуо Хироямаи Академияи бадеии Ӯзбекистон маросими ифтитоҳи намоишгоҳи «Графикаи Ӯзбекистон: дирӯз ва имрӯз» баргузор гардид.

Имрӯз санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон босуръат рушд мекунад ва эҳёи ҷанбаҳои зиёд низ мушоҳида мешавад. Боиси  хушнудист, ки солҳои охир дар соҳаи графикаи миллӣ тағйирот ва навсозиҳои зиёд ба назар мерасанд. Инчунин, намоишгоҳҳои графикие, ки аз ҷониби Академияи бадеии Ӯзбекистон баргузор мегарданд, ба афзоиши таваҷҷуҳ ба ин навъи санъат, зиёд гардидани шумораи рассомоне, ки дар он ҷо кор мекунанд ва рушди навъҳои графика вобаста мебошад.

Дар намоишгоҳ тақрибан 50 асари графикӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Намоишгоҳ то 19 январи соли ҷорӣ идома дорад.

Хидмати матбуоти Академияи бадеии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: