Рӯзи муҳофизони Ватан ҷашн гирифта шуд

34-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи ҳимоятгарони Ватан дар вилояти Сурхондарё бо рӯҳияи баланд ва шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.

Тадбирҳои идона аз Майдони хотира дар шаҳри Тирмиз оғоз ёфтанд. Дар он намояндагони ҳокимияти вилоят, мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, афсарон ва сержантҳо, хидматчиёни ҳарбӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ ва намояндагони васеи ҷомеа иштирок намуданд. Зери садои оркестри ҳарбӣ ба пояи ҳайкали «Модари мотамзада» гулчанбарҳо гузошта шуда, хотираи фарзандони Ватан, ки дар роҳи сулҳу оромии кишвар ва осоиштагии мардум ҷон нисор кардаанд, гиромӣ дошта шуд.

Сипас, дар маҷмааи «Қасри санъат»-и шаҳри Тирмиз маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар он ҳокими вилояти Сурхондарё, роҳбари сектори ҳарбию маъмурӣ Улуғбек Қосимов иштирок намуда, ҳозиринро ба муносибати 34-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ ва Рӯзи ҳимоятгарони Ватан самимона табрик гуфт.

Дар ҷараёни чорабинӣ гурӯҳи кормандоне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо садоқат хидмат кардаанд, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии ҳокими вилоят қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, ба ҳокими вилоят аз ҷониби фармондеҳи Гвардияи миллӣ нишони сарисинагии дараҷаи I «Барои хидмати намунавӣ» супорида шуд.

Дар фарҷоми ҷашн барномаҳои консертии оркестр ва ансамблҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳунармандони Раёсати фарҳанги вилоят хотири посбонони Ватанро болида сохт.

Сурайё Норманӣ.

Вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: