Бинобар маълумоти омор бешазор тақрибан 30 фоизи хушкии кураи Заминро фаро гирифтаанд ва ғайр аз Антарктида дар тамоми қитъаҳои олам мавҷуданд. Онҳо дар як шабонарӯз 150 миллиард тонна карбонати ангидридро фурӯ бурда, 120 миллиард тонна ҳавои тоза ихроҷ мекунанд, ки он тақрибан барои нафасгирии 170 миллиард одам кифоят мекунад.
Агар ба тарзи дигар гӯем, як гектар бешазор дар як шабонарӯз 180-220 килограмм оксиген истеҳсол менамояд. Дар асоси маълумоти ЮНЕСКО аҳолии беш аз 7 миллиардинаи дунё ҳавои тозаи барои беш аз 50 миллиард мардум басандаро истифода мебаранд, ки қисми асосии онҳо аз сабаби харобии иқлим, яъне ихроҷи дудҳои завод заҳролуд мешаванд.
Таассуфовар аст, ки пойтахти кишвари мо – Тошканд низ чун яке аз шаҳрҳои ҳавояш ифлос ба қайд гирифта шудааст.
Солҳои охир бо сиёсати дурандешонаи сарвари давлат барои ривоҷу равнақ додани минтақаҳои сабз ва бунёди боғу бӯстонҳо корҳои ибратбахшу лоиқи таҳсин амалӣ мешаванд. Далели раднопазири ин ба ҳаёт татбиқ намудани лоиҳаи «Макони сабз» аст. Бояд таъкид намуд, ки хоҷагиҳои ҷангал бобати рушди иқтисодиёт ва эътидоли ҳолати экологӣ нақши муҳим мебозанд.
Ҳоло дар вилояти Самарқанд шаш хоҷагии ҷангал амал мекунад. Вазифаи асосии онҳо ниҳолшинонӣ, зиёд кардани майдонҳои боғ ва бешазор, нигоҳ доштани эътидоли минтақаҳои аҳолинишин, киштзор ва дигар ҳудудҳо аз туфону шамол, бештар кардани парвариши рустаниҳои шифобахш, ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану манзаравӣ иборат мебошанд.
Ҳудуди хоҷагиҳои ҷангали вилояти Самарқанд беш аз 65 ҳазор гектарро ташкил мекунад, 47 ҳазор гектари онҳо дар ноҳияҳои кӯҳсор буда, дар талу теппа муташаккилона ниҳолҳои дарахтони писта, бодом, чормағз нишонда шудаанд, ки ба парвариши онҳо шахсони масъул машғул мешаванд.
Танҳо соли равон дар 686 гектар майдон ниҳолҳои гуногуни дарахтони мевадеҳ ва манзаравӣ сабз карда шуд. Боз 90 гектар барои бунёди бешазор омода гардид. Баҳорон дар онҳо шинондани ниҳолҳо пешбинӣ шудааст.
Дар асоси Фармони Президент доир ба бунёди минтақаҳои ҷангал дар кӯҳистон – дар ноҳияҳои Ургут, Самарқанд, Булунғур 400 гектар боғу бӯстон барқарор гардид.
– Чанде пеш сарвари давлат ба – Самарқанд ташриф фармуда, бо фаъолияти корхонаву ташкилот, хоҷагиҳои фермерии вилоят шинос шуданд, – гуфт директори хоҷагии давлатии ба кӯчатпарварӣ ихтисосшудаи ҷангали вилояти Самарқанд Илҳомҷон Эткиров. – Ҳангоми вохӯрӣ бо фаъолони вилоят супориш доданд, ки ба масъалаҳои бунёди боғу бӯстон аҳамият диҳем. Мутахассисони мо ҷавобан ба супориш ва талабот кӯшиш мекунанд, ки Самарқандро воқеан ба сайқали рӯйи замин табдил диҳанд. Дар хоҷагиҳои ҷангали вилоят аллакай беш аз 10 миллион бех ниҳолҳои гуногуни дарахтони мевадеҳ ва манзаравӣ барои коштан дар минтақаҳои вилоят омода шудааст. Зеро ҳар қадар дарахтони мевадеҳ ва сояафкану манзаравӣ бисёр шаванд, ҳаво ҳамон андоза тоза, осмон мусаффо, нафасгирӣ сабук хоҳад шуд. Зеро беҳуда бешазорро «шуши» табиат нагуфтаанд.
Алимардон Худойқулов, котиби матбуоти садорати хоҷагиҳои ҷангали вилояти Самарқанд.