Соли нав – «Соли рушди маҳалла...»

Президент Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномааш ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми Ӯзбекистон соли 2026-умро «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» эълон кард.

Президент аз ҷумла гуфт:

– Мо бояд ба чунин ҳуввияти бағоят нодири худ ҳамеша содиқ бошем, ҷавононамонро айнан дар ҳамин рӯҳия тарбия диҳем... Ин манфиати Ватан, манфиати халқамон аст.

Барои ба чунин мақсади бузург расидан мавқеъ ва таъсири низоми маҳалла беқиёс мебошад. Зеро, агар маҳалла осудаву аҳл бошад, ҷомеа низ орому осуда ва ҳамҷиҳат мегардад. Маҳалла инкишоф ёбад, тамоми мамлакат инкишоф хоҳад ёфт.

Ин танҳо шиори оддӣ нест, балки самти стратегиест, ки бояд пояи ҷомеаи мо – маҳаллаи онро мустаҳкам кунад ва ба дараҷаи нави некӯҳолии умумии шаҳрвандон бардорад.

Маҳалла танҳо ҷойи зист ва буду боши мардум набуда, сохтори нодири иҷтимоиест, ки аз анъанаҳои асринаи кӯмаки байниякдигарӣ, некҳамсоягӣ ва қаробати маънавӣ об хӯрдааст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҳуввиятҳо ташаккул меёбанд, дониш ва таҷриба меафзояд, маҳз дар ҳамин ҷо ҳар як шахс худро як ҷузъи ҷудонопазири оилаи бузург эҳсос мекунад.

Дар шароити тағйироти босуръати ҷаҳонӣ ҳифз кардан ва инкишоф додани ин идораи нодир аҳамияти махсус пайдо мекунад.

Дар «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» бояд, пеш аз ҳама, нақши маҳалла дар ҳаёти шаҳрвандон мустаҳкам карда шавад. Он бояд аз ҳалқаи одии маъмурӣ ба иштирокдори фаъоли ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ табдил ёбад.

Баъдан бояд инфрасохтори иҷтимоии маҳаллаҳо беҳтар карда шаванд. Ободонии ҳудудҳо, таъмир кардан ва бунёди иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла кӯдакистонҳо, ширхоргоҳҳо, мактабҳо, нуқтаҳои тиббӣ, майдонҳои варзишӣ бештар ва беҳтар бошанд.

Муваффақияти «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» аз иштироки бевосита ва фаъолонаи сокинони маҳаллаҳо вобаста аст. Маҳалла нафақат маҳалли пешрафт, балки муҳаррики асосии он бояд гардад. Ташаббусҳое, ки аз поён сар мезананд, бояд ҳамаҷониба дастгирӣ карда шаванд. Ин маънои онро дорад, ки ҳар кадом сокин, ҳар кадом оила, ҳар як маҳалла метавонад бо ғояи худ ба кори умумӣ саҳм гузорад, дар татбиқшавии лоиҳаҳо иштирок ва иҷрои онҳоро назорат кунад.

«Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» – чорабинии якдафъаина нест, балки оғози стратегияи дарозмуҳлат мебошад. Асосҳое, ки дар ин давра гузошта мешаванд, механизмҳои ташаккул додани шуури шаҳрвандон тӯли солҳои минбаъда барои рушди устувори Ӯзбекистон  пойдевор хоҳанд шуд.

Таҳкими маҳалла ҳамчун идораи ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани дараҷаи ҳаёт ва некӯҳолии ҳар як инсон аз ҷумлаи он вазифаҳои калидӣ ба шумор мераванд, ки ҳаллу фасли онҳо ба Ӯзбекистон имкон медиҳад, ба ояндаи дурахшони худ, ки ба ваҳдат, ғамхорӣ нисбати аҳолӣ ва шукуфоӣ асос мекунад, дилпурона пеш равад.

Соли равон дар таърихи кишвари мо саҳифаи дурахшоне хоҳад шуд, ки метавонад нирӯву иқтидори расму ойинҳо ва саъю кӯшишҳоямонро барои пешрафт намоиш диҳад, мардумро пайи бунёди ҳаёти хубу фаровон муттаҳид намояд.

Ораш Акабоев,

донишҷӯйи соли чоруми Донишкадаи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: