Бо фармони Президент соли 2026 дар мамлакат чун «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» эълон гардида, ин иқдом барои пешрафти корҳои васеи бунёдкорӣ ва навсозӣ дар минтақаҳо суръати нав бахшид.
Дар ин замина дар вилояти Ҷиззах бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо хонаву ҷойи замонавӣ, ба марҳилаи сифатан нав баровардани фарҳанги шаҳрсозӣ татбиқи як силсила лоиҳаҳои бузург пешбинӣ шудааст.
Тибқи нақша, дар соли ҷорӣ дар вилояти Ҷиззах сохтани 123 бинои бисёрошёна, ки аз 4400 хонавода иборатанд, дар назар аст.
Иншоотҳо асосан дар ноҳияҳои Зафаробод ва Ғаллаарол, инчунин дар 24 маҳаллаи дигар бунёд шуда, симои меъморӣ ва муҳити иҷтимоии маҳаллаҳо ба таври куллӣ нав карда мешаванд.
Барои иҷрои корҳои сохтмон ва бунёдкорӣ 250 миллиард сӯм маблағ ҷудо гардида, он на танҳо барои сохтмони манзилҳои нав, балки ба рушди маҷмӯии шабакаҳои муҳандисӣ-коммуникатсионӣ, роҳҳо, инфрасохтори иҷтимоӣ ва хидматрасонӣ равона мегардад.
Ҳамаи корҳои пешбинишуда дар асоси тамоюлҳои «Ӯзбекистони Нав» амалӣ шуда, ба фароҳам овардани муҳити зисти бароҳат, бехатар ва ободу озод барои аҳолӣ нигаронида шудаанд.
Ҳамзамон, дар доираи татбиқи Қарори Девони Вазирон «Дар бораи чораҳо оид ба беҳтар намудани рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва муҳити тиҷоратии ноҳияи Шароф Рашидови вилояти Ҷиззах», ки 10 декабри соли 2025 қабул гардидааст, дар ноҳия марҳилаи нави дигаргунсозиҳои бузурги миқёсӣ оғоз ёфт.
Аз ҷумла, дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Янгиобод» бунёди чор бинои истиқоматии ҳафтошёна иборат аз 168 хона ба нақша гирифта шудааст. Дар ошёнаи якум ҷойгир намудани нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ пешбинӣ гардида, ин тадбир барои фароҳам овардани шароити иловагии қулай ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Хулоса,татбиқи чунин лоиҳаҳо дар вилояти Ҷиззах ба навсозии намуди зоҳирии маҳаллаҳои шаҳру деҳот, боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дилноза РАҲМАТОВА.
Вилояти Ҷиззах.