Суханони ҳикматомези бузургон
Бахт тавони арҷгузорӣ бар он чизест, ки дар ту ҳаст, на бар он чизе, ки дар ту нест.
Вуди АЛЛЕН.
Агар мехоҳед замони ҳол бо гузашта мутафовит бошад, гузаштаро мутолиа кунед.
Берух ИСПИНУЗО.
Хоҳиши хандаовартарин писанд омадан барои ҳамагон бошад.
Пирс БРОСНАН.
Ду навъи музаккар (ҷинси нар) дорем, ки намешавад исми мардро бар онҳо гузошт:
1. Оне, ки модарашро зери чархҳои рӯзгор танҳо мегузорад, то ба рӯзҳои занаш бирасад.
2. Оне, ки дар маҷлиси мардона парда аз розҳои зане мебардорад, ки ба ӯ эътимод кардааст.
Уилям ШЕКСПИР.
Соиб, ду чиз мешиканад қадри шеърро,
Таҳсини ношиносу сукути суханшинос.
Соиби ТАБРЕЗӢ.
Ибодат суҳбат бо Худо нест, балки гӯш кардани Худо бошад.
Жюлен ГРИН.
Мо аз ҳаёт танҳо он чизро пайдо мекунем, ки худ гузоштаем.
Уолдо ЭМЕРСОН.
Одамон фикр мекунанд, ки беҳтар аст раҳгум задан дар байни издиҳом, то дар танҳоӣ ба дунболи ҳақиқат рафтан.
Клод Адриан ГЕЛВЕТСИЙ.
Дин аз нигоҳи авом – воқеият, аз нигоҳи донишманд – дурӯғ ва аз нигоҳи ҳоким ихтирои судмандест.
Лутсий Анней СЕНЕКА.
Барои шинохти дигарон бояд аввал худатро бишиносӣ.
Роберт ГРИН.
Касе, ки некӣ кардан мехоҳад, бо дасту пойи баста ҳам метавонад як ҷаҳон некӣ кунад.
Фёдор ДОСТОЕВСКИЙ.
Замоне, ки Афлотун дар Юнон мактаб сохт, мардум суол карданд, ки духтаронро ба мактаб бифиристем, ё писаронро?
Афлотун гуфт:
– Агар писаронро ба мактаб бифиристед, аз ҳар хонавода як нафар босавод хоҳад шуд ва агар духтаронро бифиристед, тамоми юнониҳо босавод мешаванд.
***
Ба ҷойи он, ки ба торикӣ лаънат фиристед, як шамъ рӯшан кунед.
КОНФУТСИЙ.
Тарҷума ва таҳияи А. СУБҲОН.