ТАЪМИРУ ТАҶДИДИ БИНОИ ШУЪБАИ КОРҲОИ МУДОФИА

Шуъбаи корҳои мудофиа дар ноҳия ё ки шаҳр чун остонаи хидмати ҳарбӣ аҳамият дорад.

Аз ин рӯ, ба ободу ҷавобгӯйи замон шудани он эътибор беш аз пеш афзудааст. Моҳи дуюм аст, ки бинокорони пудратии ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сардор бунёдкор плюс» таҳти дархости корхонаи давлатии унитарии «Ширкати инженеринги хидмати дархосткунандаи ягона»-и назди ҳокимияти вилоят ҷараёни корҳои таъмири асосӣ, бинокориро ба зиммаи худ гирифтаанд. 
Бояд таъкид намуд, ки барои сохтмон ва муҷаҳҳазсозии бино наздик ба 2 млрд. 300 млн. сӯм маблағ ҷудо карда шудааст. Ҳоло дар ин ҷо ҷараёни ивазкунии дару тиреза, навсозии аршу фарши бинои дуошёнаи шуъбаи мудофиа ва бахши даъвати он, пардозкунӣ ва ғайра идома дорад. Ҳамин тариқ шабакаи коммуникатсия, таъминоти барқ, низоми гармию хунукидиҳии бино мувофиқи талаби замон таҷдид меёбад. Инчунин барои хидматрасонии қулай хонаҳои навбатӣ, идоракунӣ, бойгонӣ, қабулгоҳ ва пойгоҳи электронии даъватшавандагон созмон ёфта, онҳо бо мебел, компутер ва ашёҳои зарурӣ ҷиҳозонида мешаванд. Суратҳои алоқаманди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат барои тарбияи ватандӯстии ҷавонон хидмат мекунад. 
Ҳамин тариқ, ҷараёни азнавсозии биноҳои шуъбаи корҳои мудофиа дар ноҳияҳои Пешкӯ, Олот низ давом дорад. 
 
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: