Ду лавҳаи рӯзгор

Вақте роҳи сафарро пеш мегиред, гувоҳи ҳодисаву воқеаҳои мухталиф мегардед, бо инсонҳои феълу хӯяшон гуногун ҳамсуҳбат мешавед.

Саховатпеша

Рӯзи якшанбе буд. Бо духтару набераҳоям аз Сирдарё ба Тошканд бармегаштем. Рӯз бегоҳ шуда, аз ин рӯ, ҳаракати таксиву автобусҳо қатъ гардида буд. Ҳаво сард, сим-сим борон меборид.

– Чӣ бояд кард? – рӯ овардам ба духтарам. – Субҳи рӯзи дигар ба роҳ мебароем?

Духтарам фикри маро тасдиқ кард. Сумкаҳоро ба даст гирифта ба роҳи омадаамон баргаштанӣ шудем. Ҳамин вақт марди азимҷуссае ба назди мо омада пурсид, ки ба куҷо рафтанием. Гуфтам: «Ба Тошканд, аммо ягонто таксӣ нест».

– Ман онсӯтар истода будам, шунидам, ки ба тоҷикӣ ҳарф мезанед ва аз набудани таксӣ хеле асабӣ мешудед. Ман низ ронандаи таксиям, дар ҳамин гирду атроф кирокашӣ мекунам. Хавотир накашед, ҳозир ба шинос таксибонҳо занг мезанам, шумоёнро ба манзил мерасонад, – гуфт мард ва илова намуд:

– Шумо аз куҷо?

– Аз деҳаи қаторкӯҳи Нурато, – кӯтоҳакак ҷавоб додам.

– Бобою момои ман ҳам аз ҳамон тарафҳо, – гуфт мард ва рақами чанд нафар шиносҳояшро чида, ба онҳо занг зад. Яке аз онҳо магар розӣ шуд, ки мард гуфт:

– Ба мошини ман шинед, то истгоҳи Бахт мебарам. Аз он ҷо як шиносам шумоёнро ба пойтахт мерасонад.

Аз ғамхории марди бегона дар дилам каме шубҳа пайдо шуд.

– Бародар, ташаккури зиёд, мо қарор кардем, ки субҳ ба роҳ мебароем.

– Ба шумоён кумак карданӣ будам. Ман одами худӣ, бехавотир, – аз шубҳа кардани ман рамуз гирифта сумкаҳоро ба бордони мошинаш ҷойгир кард мард.

Ба истгоҳи Бахт расидем. Мард «ҳозир» гуфту ба тарафи сабукраве, ки дар канори роҳ истода буд, рафт ва ба ронандаи он ким-чиҳоро фаҳмонд. Ронанда розӣ шуд магар, мард омада аз бордони мошинаш халтаҳои моро гирифта, ба бордони он сабукрав гузошт. Ману духтарам ва ду набераам аз мошин фаромадем. Ба марди бегона миннатдорӣ баён намудам ва ду-се сӯм роҳкиро дароз кардам. Мард пулро нагирифт ва «роҳи сафед» гуфту ба мошинаш нишаст.

Ронандаи нав ҷавони хушчақчақ будааст. Раҳораҳ аз ҳар дар суҳбат кардем.

– Холаҷон, чӣ хел сурудро шунидан мехоҳед? – пурсид ӯ.

– Суруди тоҷикӣ, – гуфтам. Ҷавон каме табассум кард ва то расидан ба манзил сурудҳои тоҷикӣ садо доданд.

Вақте то таги дари хона расидем, аз мошин фаромада ба ронанда роҳкироро дароз кардам. Ронанда гуфт:

– Ҳамон марде, ки шумоёнро ба мошини ман савор кард, роҳпулиатонро низ дод.

Ба ронандаи ҷавон сипос намуда, хайру хуш кардем. Ва то ҳол аз он марди ношиноси саховатпеша ҳисси миннатдорӣ мекунам.

Роҳкиро

Одатан, рӯзҳои чопи рӯзнома навбатдор, ки масъули мундариҷаи шумора мебошад, то дер дар идора мемонад. Баъди хонда «тоза» кардани саҳифаҳо ба хона рухсат мешаванд. Моҳҳои доман паҳн кардани вируси куруно буд ва сарфи назар аз карантин ҳар рӯз ба коргоҳ мешитофтем.

Рӯзи навбатдории камина фаро расид. Ҳамон рӯз хабарҳои муҳиму сиёсӣ пайи ҳам омадан гирифтанд. То хонда «тоза» кардани саҳифаҳо шаб аз нисф гузашт.

Ба қасди ба хона баргаштан ба кӯча баромадам, дар истгоҳҳо ҳеч кас наменамуд. Таксиҳо ҳам як-як гузашта мерафтанд. Ногаҳон марде калавида-калавида дар истгоҳ пайдо шуд. Ба дилам ваҳм афтид ва аз истгоҳ дуртар рафта истодам.

Автомобиле дар рӯ ба рӯям таваққуф кард.

– Апаҷон, ба куҷо? – пурсид ронанда.

– Ба мавзеи «Берунӣ».

– Марҳамат, шинед.

Ронанда он марди ширакайфро низ бо худ гирифт. Мард дар паҳлуи ронанда нишаст. Баъди каме роҳ гаштан боз ду ҷавондухтар ба мо ҳамроҳ шуданд. Каме осуда нафас кашидам. Раҳораҳ бо духтарон суҳбат кардем. Ғарқи суҳбат куҷо фуромадани марди ширакайфро пай набурдаам. Баъди ба манзилам расидан, ба ронанда вақте роҳпулиро дароз кардам, пулро шумурду бо ҷаҳл аз мошин фуромад.

– Апаҷон, роҳкироятон барои чӣ кам? Шумо бояд ба ду нафар пардохт кунед.

– Барои чӣ, боз барои кӣ? – ҳайратомез пурсидам.

– Ба ҳамроҳатон – марди маст, ки роҳпулиро надода пештар аз шумо фаромад. Гуфт, ки «апа мепардозанд». Охир шумоёнро аз як ҷо гирифтам, гумон кардам, ки ...

– Он мардро намешиносам, – гуфтам ва хостам ба хонаам дароям. Аммо ронанда ба ман гӯш намекард, пеши роҳамро гирифта буд.

Роҳкирои марди мастро низ дода, бо дили озурда ба хонаам даромадам.

Саодат Рӯзиева. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: