Маъюбон бо кор таъмин шуданд

Барои ташкили иҷрои самараноки Фармони Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба беҳтар кардани низоми таъмини шуғли шахсони маъюб» аз 8 майи соли 2025 дар ноҳияи Чуст Маркази хидматрасонии иҷтимоии «Инсон» корҳои амалии мунтазам ва мақсаднокро анҷом медиҳад.

Дар доираи ин Фармон  ба таъмини шуғли занони маъюб, фароҳам овардани шароити муносиби корӣ ва дастгирии онҳо диққати махсус дода мешавад.

Аз ҷумла, беш аз 15 нафар занони маъюб бо фаъолияти корхонаи «Elisof» шинос шуда, ба онҳо аз тарафи мутахассисони корхона дар бораи шароити  кории фароҳамовардашуда, раванди истеҳсолот, талаботи бехатарии техникӣ ва масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, дар бораи имтиёзҳои давлатӣ ва механизмҳои дастгирии шуғли шахсони маъюб муфассал маълумот дода шуд.

Дар рафти вохӯрӣ иштирокчиён имкон пайдо карданд, ки бо ҷойҳои кории мавҷуда, низоми  музди меҳнат, режими вақти корӣ  шинос шуданд. Барои 11 нафар зани маъюб, ки хоҳиши кор карданро доштанд, мувофиқи тартиб ва талаботи қонунгузории  амалкунанда ҳуҷҷатҳои дахлдор дода шуданд.

Ин чораҳо барои таъмини шуғли шахсони маъюб ва мақоми онҳо дар ҷомеа ва инчунин баланд бардоштани  самаранокии низоми ҳифзи иҷтимоӣ хидмат мекунад.

Шоҳида ДАМИНОВА, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: