Аз ҷониби Бунёди нафақа дар портали ягонаи хидматрасониҳои интерактивии давлатӣ — my.gov.uz хидмати нави онлайн ба кор дароварда шуд.
Акнун шаҳрвандон метавонанд аз хона берун нарафта, нафақаи худро ба таври онлайн ба шакли нақдӣ гузаронанд.
Барои ба шакли нақдӣ гузаронидани нафақа тавассути хидмати нав, шаҳрвандонро зарурате нест, то ба шуъбаи ноҳиявӣ ё шаҳрии Бунёди нафақа муроҷиат кунанд. Ҳамаи равандҳо ба таври электронӣ, зуд ва қулай анҷом дода мешаванд.
Аз ин хидмат метавонед тавассути портали my.gov.uz истифода намоед.