Ибораҳои «оила – риштаи муқаддас», «оила неъмати бебаҳои ҳаёт», «Ватан аз остона сар мешавад»-ро хуб медонем. Оила дар асоси ризоияти ду шахс барпо гардида, онҳо баҳри ҳаёти хушбахт қадамҳои мубораки худро мегузоранд. Дар оиладорӣ масъулияти мард зиёдтар мебошад. Дар асл фаҳмиши таъмини оила танҳо вазифаи мард аст гуфтан нодуруст. Таъмини маънавии фарзандон бар зиммаи ҳам падар ва ҳам модар бояд бошад. Муҳаммад (с.а.в.) таъкид менамоянд: «Беҳтарин ҳадяи падар ба фарзанд ахлоқи ҳамида мебошад».
Эътибор ба зан ва тарбияи фарзанд ба мустаҳкамии оила мусоидат мекунад. Падар барои фарзанд ҳамон вақт падари хуб мегардад, ки модари ӯро дӯст дорад, қадр ва ҳифз намояд. Тарбияи кӯдак, ҷаҳонбинӣ ва ҳатто ояндаи вай дар муҳити оила, муносибати падару модар ташаккул меёбад.
Дар шумораи 60-уми «Овози тоҷик» (26 июни соли 2025) мақолаи мухбири рӯзнома Фаридун Йӯлдошев таҳти унвони «Алимент: сар кашидан аз пардохт гуноҳи кабир аст» чоп шуд. Ин мақола азбаски дар асоси факту рақамҳои аниқ рӯйи коғаз омадааст, маро ба андеша водор намуд.
Мутаассифона, имрӯзҳо чунин риштаи муқаддас гоҳо бо сабабҳои ночиз, бо ихтилофи тарафҳо канда шуда истодааст. Ҷудошавӣ ва парокандагии оилаҳо бисёр ба назар мерасад. Бино ба маълумоти Кумитаи миллии статистика дар миқёси мамлакатмон шумораи никоҳҳои бақайдгирифташуда дар моҳҳои январ-июни соли 2025 ба 95,3 ҳазор воҳид расид ва ба ҳар ҳазор нафар аҳолӣ коэффитсенти никоҳ 5,1 промилленро ташкил дод. Шумораи никоҳҳо дар моҳҳои январ-июни соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 2,1 ҳазор адад коҳиш ёфтааст. Шумораи ҷудошавӣ дар соли 2025 23,3 ҳазор адад буда, сатҳи он ба ҳар ҳазор аҳолӣ 1,2 промилленро ташкил медиҳад. Шумораи ҷудошавиҳо дар моҳҳои январ-июни соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 0,8 ҳазор адад зиёд шудааст. Дар натиҷа кӯдакони бегуноҳ азият мекашанд. Ҳол он ки чӣ қадар оилаҳо, падару модарон ба нохуни фарзанд зор ҳастанд. Ҳамаи инро дида ҳар як шахси солимфикр ба андеша ғарқ мегардад.
Оилаҳое, ҳастанд, ки солҳои зиёд фарзанд надидаанд, аммо оиларо муқаддас шуморида, ҷудоиро пеш нагирифтаанд. Боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки оилаҳои бефарзанд ятимону бепарасторонро ба фарзандӣ қабул намуда, амалҳои савобро иҷро мекунанд ва сафи чунин саховатпешагон торафт зиёд мегардад.
Ба мактабҳои ихтисосонидашудаи имконияташон маҳдуд рафта мебинем, ки онҳо ба ҳаёт, ба оянда чӣ қадар меҳр доранд, шукрона мегӯянд, чашмони умедбахши фарзандонро дида, падару модарон низ ашки шодӣ мерезанд. Зеро ҳар фарзанде, ки дар оила осуда ба воя мерасад, албатта, боиси рӯсурхии падару модари худ мегардад.
Агар ба таърихи ғании халқамон назар андозем, гувоҳи он мегардем, ки хислатҳои неки инсонӣ: ватанпарварӣ, ҳалолӣ, ростгӯӣ, меҳнатдӯстӣ аввало дар муҳити оила ташаккул меёфтааст.
Падару модарони ҷавон набояд фаромӯш кунанд, ки хулқу атвор ва табиати кӯдак даставвал дар муҳити оила ташаккул меёбад. Варзишгарони номӣ Нодирбек Абдусатторов, Ҷавоҳир Синдоров, Афрӯза Ҳамдамова, Баҳодур Ҷалолов, Диёра Келдиёрова, Ҳасанбой Дӯстматов, Аббос Файзуллоев, Абдуқодир Ҳусанов ва амсоли онҳо фарзандони солиму солеҳанд, ки дар муҳити оилаи солим, дар назорати волидон тарбия ёфта, ба камол расиданд.
Агар падару модар ба тарбияи саривақтии фарзанд бепарвоӣ ва беэътиборӣ зоҳир намоянд, кӣ будани рафиқони ӯро надонанд, ба роҳи нодуруст қадам мегузорад, ки дар ин маврид мақоли халқӣ «ҳамроҳи бад мебарад ба роҳи бад» ба хотир меояд. Барои тарбияи дурусти фарзанд аз ҳамаи имкониятҳо истифода бояд кард. Моҷарову беҳурматии байни падару модар ба тарбияи фарзанд таъсири бад мерасонад ва дар оила бо нафрат ва ғазаб ба воя мерасад. Рӯзе ин нафрат сабабгори ҳолатҳои нохуш мегардад. Қалъаи оиларо мустаҳкам ва аз боду борон ҳифз намудан дар дасти худамон.
Далер Азизов, хабарнигори «Овози тоҷик».