Ривоят мекунанд, ки Худованд аз осмон шукӯҳ, аз Офтоб гармӣ, аз субҳ равшанӣ, аз баҳор зебоиву аз гул накҳат, хушилҳонӣ аз андалебу вафодорӣ аз қувон қатра-қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад. Дар ситоиши зан бузургони олам бисёр гуфтаанд. Аз ҷумла, донишманд Виктор Гюго дар ситоиши зан гуфтааст: «Зан қонуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст».
Ин шоҳбайти шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзода вирди забонҳост:
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Дар кишвари мо ба зан, мавқеи ӯ дар ҷамъият эътибори калон дода мешавад. Дар Ӯзбекистони Нав таъмини хуқуқу манфиат, ҳифзи шаъну шарафи зан аз самтҳои бартариноки сиёсати давлат ба шумор меравад. Имрӯзҳо занону духтарони соҳибмаърифату боистеъдод дар ҳамаи соҳаҳои ҷамъияту давлат намунаи ибратанд.
Раҷаббувӣ Имомбердиева аз зумраи бонувонест, ки бо меҳнати шоистааш ба комёбиҳо мушарраф гаштааст. Ӯ соли 1958 дар деҳаи Нанай, ки яке аз деҳаҳои хушманзари ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд мебошад, таваллуд шудааст. Падару модари меҳнатқаринаш 8 фарзанд (3 писару 5 духтар)-ро дар кӯраи зиндагӣ обу тоб додаанд. Раҷаббувӣ (фарзанди панҷумини ин оила) бо акаву укаҳояш дар ҳезумтайёркуниву алафдаравӣ ба падарашон кумак мерасонд. Корҳояшро зуд анҷом дода, алафҳои даравидаи падарашро ҷамъ меовард. Падараш ӯро дар қатори писаронаш медид. Баъзан рустӣ аз кордориву ҷасорати ӯ ба модараш мегуфт. Табиати зебои деҳааш дили ӯро тасхир менамуд ва тахаюлоташро ба олами рангин мебурд. Меҳнати якранги деҳот ӯро дилгир месохт. Баъзан ба падараш, ки сарашро бо як пора матои сафед баста, бо дос алаф медаравид, раҳмаш меомад. Наход тамоми умр бо корҳои хоҷагиву оилавӣ машғул шаванд? Ояндаашро дигар хел тасаввур мекард. Лекин ширу қаймоқ ва равғани ҳар рӯз тановул мекардаашон натиҷаи ҳамин меҳнати падараш-ку! – аз дил мегузаронд ва худро таскин медод.
Баъди хатми синфи 8 (он солҳо таҳсил 10-сола буд) ба омӯзишгоҳи тиббии Чирчиқ ҳуҷҷат супурд. Хушбахтона, аз имтиҳонҳо бомуваффақият гузашт. Акнун дар пеш як «мушкил»-и дигаре меистод – ба таҳсил розӣ кардани падар, зеро падарашро хабардор накарда, ба омӯзишгоҳ ҳуҷҷат супурда буд. Он солҳо на ҳар кас барои таҳсили духтарон розӣ мешуд. Модараш сад баҳонаро пеш оварда, падарашро розӣ кунонд. Раҷаббувӣ баъди хатми бомуваффақияти омӯзишгоҳи тиббӣ дар беморхонаи деҳааш ба ҳайси ҳамшира ба фаъолият шурӯъ намуд. Пас аз ба шавҳар баромадан ба шаҳри Чирчиқ кӯч бастанд. Минбаъд фаъолияташро дар поликлиникаи шаҳр ва кӯдакистон давом дод.
Ӯ касбашро дӯст медошт, лекин аз фаъолияташ қонеъ набуд. Аз хурдсолӣ барояш кор дар як қолаб хуш набуд. Зани донишманду зукко ҳамқадами замон буд. Баъди соҳибистиқлолии кишварамон хост бо фаъолияте машғул шавад, ки аз он дигарон ҳам баҳраманд гарданд. Аз воситаҳои ахбор аз навгониҳо огоҳ буд. Ҳар як фармону қарори ҳукуматро аз назар мегузаронд. Рӯзе ҳангоми мутолиаи рӯзномае чашмаш ба фармон «Дар бораи чорабиниҳо оид ба барномаи давлатии ислоҳ кардани соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» афтод. Тибқи консепсияи ислоҳи соҳаи тибби кишвар дар тӯли солҳои 1998-2005, дар қатори ба рӯйхат гирифтани муассисаҳои хидматрасонии ёрии таъҷилии бепул, сухан аз корҳои профилактикии пулакӣ, зина ба зина аз тасарруфи давлат баровардани муассисаҳои тиббӣ мерафт. Ин буд, ки ӯ аз пайи созмон додани муассисаи хусусӣ гардид.
Соли 1999 пас аз давутози зиёд барои кушодани клиникаи хусусии тиббӣ литсензия гирифт. Корҳои таъмири бино ва таҷҳизонидани он тӯл кашид. Ниҳоят, клиникае созмон дода шуд. Имрӯзҳо дар ин муассиса шуъбаҳои кардиология, гинекология, терапия, неврология, лаборатория ва ғайра ба аҳолӣ хидмати босифати тиббӣ мерасонанд.
– Ба беморон ташхиси дақиқ гузошта, сипас бо муолиҷа машғул мешавем. Дар клиника 31 кати табобатӣ мавҷуд. Соли 2022 ба бинои нави хушсохту замонавӣ кӯчидем, – иброз дошт Раҷаббувӣ. – Ба клиника номи духтарам Дилчеҳраро интихоб намудам. Духтарам орзуву умедам ва дар ҳама кор мададрасон аст. Натиҷаи пешниҳодҳои ӯ буд, ки бинои клиника намои замонавӣ гирифта, бо таҷҳизоти муосир ва шифокорони соҳибтаҷриба таъмин гардид.
Клиникаи хусусии Раҷаббувӣ ба стандартҳои муосири хидматрасонии тиббӣ пурра ҷавобгӯ аст. Он бо усули кори худ, ки ба принсипҳои инсондӯстона, ғамхорӣ ба беморон ва касбияти баланд асос ёфтааст, фарқ мекунад.
– Солҳои аввали ташкили клиника аз идораҳои гуногун омада, ба ҳар чиз эрод мегирифтанд. Чунин ҳолатҳо гоҳо касро маҷбур месохт, ки талош кунад. Аз надонистани қонуну қоидаҳо бисёриҳо аз баҳри соҳибкорӣ мегузаштанд. Донистани қонунҳои соҳа барои ҳимояи худ ва муассисаи созмондодаам ба кор меомаданд. Шукри Худо 7-8 соли охир барои соҳибкорон имконияту имтиёзҳои зиёд фароҳам оварда шуданд. Имрӯзҳо таҳти сарварии Президентамон Шавкат Мирзиёев дар кулли соҳаҳо ислоҳоти назаррас амалӣ мегарданд ва тамоми имкониятҳо муҳайё гардидаанд. Ҳамаи монеаҳо аз роҳи соҳибкорон бардошта мешаванд. Агар гӯянд, ки дубора кадом касбро интихоб мекунӣ, ҷавоб аниқ – соҳибкориро! Беҳуда нагуфтаанд: «Меҳнат кунӣ, роҳат мебинӣ»,– ба суханаш идома дод Раҷаббувӣ аз фаъолияти худ болида. – Роҳбари давлатамон баробари соҳаи дигар ба беҳбудии шароити ходимони тандурустӣ низ эътибори алоҳида зоҳир менамоянд. Ба ҳар як ҷамъомади марбути соҳа, ки дар он Сарвари давлатамон бо пешниҳоду навгониҳо баромад мекунанд, диққати ҷиддӣ дода, мазмуну моҳияти онҳоро ба ҷамоаи худ мерасонам. Ҳар сол дар арафаи Рӯзи ходимони тиб бароямон ғамхориву таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, Президент таъкид намуданд, ки минбаъд роҳбарони беҳтарини шуъбаҳои тандурустӣ, клиникаҳои оилавӣ ва муассисаҳои тиббӣ, ки усулҳои нави табобатро ҷорӣ карда, кормандони босалоҳиятро ҷалб намуда, хидматрасонии босифатро таъмин кардаанд, бо мукофотҳо тақдир мешаванд. Чунин рағбатноккунӣ моро хеле хушнуд менамояд, меҳнатамон қадрдонӣ мешавад.
Ташаббускорӣ, донишмандӣ, ташкилотчигӣ ва дарёдилии ин зани кордон на танҳо дар соҳаи тиб, балки дар рушд ва дастгирии занони соҳибкор низ аҳамияти калон дорад. Соли 2002 ӯро ба Иттиҳодияи занони соҳибкори Чирчиқ раис таъин карданд. Аз соли 2020 бошад, раисии Иттиҳодияи занони соҳибкори вилояти Тошкандро ба ӯҳда гирифт. Дар ин давр Раҷаббувӣ чандин шогирдро тайёр намуд. Занону духтаронро ба соҳибкорӣ, хонакорӣ даъват намуд. Ба онҳо бобати азхуд намудани касбҳои дӯзандагӣ ва пазандагӣ ёрӣ мерасонд. Шогирдонаш ороишгоҳ, ателе, сехи қандолотпазӣ кушода, нафаронро бо кор таъмин кардаанд. Заноне, ки дар хона кор карданро афзал медонанд, барои дӯхтани кӯрпаву кӯрпача фармоиш мегиранд. Фаъолияти ин зани шуҷоъ бо ин ба охир нарасид. Раҷаббувӣ аз соли 2018 аъзои фаъоли Шӯрои «Клуби занони соҳибкор»-и назди Сенат ва Олий Маҷлис ва Ассотсиатсияи соҳибкорон ва соҳибкорзанони пешбари Ӯзбекистон мебошад. Ӯ дар қатори занони пешбар ба анҷуманҳои ҷумҳуриявиву байналхалқие, ки дар шаҳру кишварҳои гуногун баргузор мешаванд, ширкат меҷӯяд. Ин вохӯриҳо ба мақсади мубодилаи таҷриба байни занони соҳибкори кишвар ва берун аз он, муҳокимаи лоиҳаҳои нав ва дастгирии ғояҳои муаррифию инноватсионӣ ташкил карда мешаванд. Ӯ дар семинарҳои марбути соҳибкорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он бо баромадҳои худ фаъолона иштирок карда, барои омӯхтани таҷрибаи занони соҳибкори кишварҳои хориҷӣ ба Ҷопон,Озарбойҷон, Туркия, Олмон, Белорус сафар кардааст.
Алҳол клиникааш ба Маркази реабилитатсия табдил ёфтааст. Дар он беш аз 64 ходими соҳибтаҷриба ба аҳолӣ хидмати босифати тиббӣ мерасонанд. Аз онҳо 16 нафарашон шифокорони дорои тоифаи олӣ буда, баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим шабу рӯз хидмати шоиста намуда, намунаи баланди ватанпарварӣ, инсондӯстӣ ва хоссатан садоқат ба савганди Гиппократро дар амал зоҳир менамоянд.
– Ман худро бонуи бахтиёр меҳисобам. Зиёда аз 26 сол аст, ки ба хилъати сафеди тиббӣ «доғе» нарасонидаам. Аксарияти беморон бо сухани нарму тасаллибахш шифо меёбанд, ки ин ҳақиқат аст,– бо мамнуният мегӯяд ӯ.
Раҷаббувӣ бо шавҳараш ду нафар фарзанд – Зоирҷону Дилчеҳраро ба воя расонданд. Алҳол Зоирҷон иқтисодчӣ ва Дилчеҳра дефектолог мебошанд. Шаш набера ворисони ояндаи онҳост.
Апа барои хидматҳои арзандааш дар назди халқу кишвар бо якчанд нишони сарисинагии Истиқлоли кишвар, «Мӯътабар аёл» ва аз ҷониби Ассотсиатсияи собиқадорон ва маъюбони Ӯзбекистон бо нишони сарисинагии «Ветеран» барои корҳои фидокорона ва самаранокаш нишони сарисинагии «Гиппократ» тақдир шудааст. Заҳмати чандинсолааш дар соҳаи ҳифзи саломатии инсон сазовори эътирофи баланди давлатӣ гардид. Раҷаббувӣ Имомбердиева соли 2025 аз ҷониби Президент дар Рӯзи кормандони тиб бо ордени «Саломатлик» (дараҷаи дуюм) мукофотонида шуд.
Гулҷаҳон Кабирова, хабарнигори «Овози тоҷик».