Дар 60 маҳаллаи вилояти Сурхондарё дар доираи лоиҳаи байналмилалии муштарак инфрасохтор беҳтар мегардад.
Бо ҳамкории Вазорати иқтисод ва молияи ҷумҳурӣ, Бонки исломии рушд ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид марҳилаи дуюми лоиҳаи «Рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳои деҳот» амалӣ карда мешавад.Дар доираи ин лоиҳа дар 60 маҳаллаи ноҳияҳои Ангор, Бойсун, Тирмиз, Музработ ва Шеробод барои беҳтар намудани инфрасохтор ҳамагӣ 237 зерлоиҳа татбиқ мегардад.
Айни ҳол корҳои сохтмони роҳравҳои саломатӣ ва иҷтимоӣ, кашидани шабакаҳои оби ошомиданӣ, таъмири роҳҳо, бунёди майдончаҳои бозии кӯдакон ва дигар лоиҳаҳои муҳим оғоз шудаанд.
Ҳамаи лоиҳаҳои ба барнома воридгардида дар асоси пешниҳод ва тавсияҳои сокинони маҳаллаҳо таҳия шуда, ба анҷом расонидани пурраи онҳо то соли 2028 ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла, мутобиқи нақшаҳои рушди 60 маҳаллаи интихобшуда 56 роҳ асфалтпӯш карда мешаванд, 45 шабакаи барқ, 34 шабакаи оби нӯшокӣ кашида мешавад, 32 мактаб, 18 кӯдакистон ва 4 муассисаи тиббӣ бунёд мегарданд, 14 роҳрави саломатӣ бо насби чароғҳои шабона сохта мешаванд, 13 пул қомат меафрозад, инчунин 18 низоми обёрӣ такмил дода мешавад.
Сурайё Норманӣ. Вилояти Сурхондарё.