Президенти Ӯзбекистон бо сафари корӣ ба Швейтсария рафт

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 21 январ бо даъвати Президенти ИМА Доналд Трамп, барои иштирок дар маросими имзои Оинномаи Шӯрои сулҳ дар шаҳри Давос, ки бо ташаббуси роҳбари Амрико таъсис дода мешавад, бо сафари корӣ ба Швейтсария рафт.

Қаблан, роҳбари давлати мо пешниҳод дар бораи пайвастан ҳамчун давлати таъсисгар ба ин шӯроро қабул карда буд.

Роҳбари кишвари мо дар номаи худ ба Президенти ИМА таъкид кард, ки ин ташаббус дар роҳи ҳалли низоъҳои дерина дар Ховари Миёна ва таъмини сулҳу субот дар минтақаи васеъ чун қадами муҳим арзёбӣ мегардад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: