Мавсими бозшавии намоишгоҳҳо фаро мерасад

Як ширкати пешбари намоишгоҳҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ дар Ӯзбекистон, ки ба номи ItecaExhibitions фаъолият мекунад, эълон кард, ки мавсими 31-уми намоишгоҳҳои худро боз менамояд. Гуфта мешавад, ин ширкат маҳз дар рушди иқтисодиёт ва муҳити тиҷоратии Ӯзбекистон ба таври возеҳ саҳмгазор аст.

   Дар ҷараёни мулоқот бо журналистон Ойимхон Бобоҷонова, муовини директори генералии Ширкати намоишгоҳи байналмилалии Iteca Exhibitions гуфт, ки шиори он  “Аз саҳми худ дар рушди иқтисоди Ӯзбекистон ифтихор мекунад!" мебошад. 
 -Танҳо дар соли гузашта 20 намоишгоҳи байналмилалӣ, чор форуми бузургҳаҷм ва 36 семинари мавзӯӣ доир намудем. Дар ин чорабиниҳо 4 ҳазору 311 ширкат ва бренд, 251 сухангӯ ва модератор ва 3 ҳазору 957 вакил аз 55 кишвар ҷамъ омаданд. Дар соли 2026, Iteca Exhibitions нақша дорад, ки фарогирии ҷуғрофӣ, мавзӯъҳои намоишгоҳҳои худро васеъ мекунад ва нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии фаъолияташро тавассути муаррифии тақвими навшудаи чорабиниҳо тақвият медиҳад,-гуфт Ойимхон Бобоҷонова.
 Тавре ки вай боз афзуд, модели классикии мавсими нави намоишгоҳ, бидуни шубҳа, ба рушди тиҷорат ва тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ, инчунин дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди бахшҳои калидии иқтисодӣ мусоидат хоҳанд кард. Ба ин тартиб, дар соли равон 22 намоишгоҳи байналмилалӣ ва 5 конфронс дар Маҷмааи миллии намоишгоҳҳои "Узэкспосентр" ва "CAEx Uzbekistan" баргузор хоҳанд шуд. 
 Гуллола Нодирхонова, директори намоишгоҳҳои «UzBuild» изҳор намуд, ки аз ин шумор чор намоишгоҳ - TIHE (Тандурустӣ) - 30 сол, UzFood (Саноати хӯрокворӣ) - 25 сол, MiningMetalsUzbekistan (Маъдан ва металлургия) - 20 сол ва E-TechExpo (Электроника ва технологияҳои инноватсионӣ) - 5 солагии худро ҷашн мегиранд. Ба гуфтаи ӯ мавсими намоишгоҳҳои баҳории  Iteca Exhibitions маҳз бо намоишгоҳи UzBuild дар Маркази миллии намоишгоҳҳои "Узэкспосентр" дар доираи Ҳафтаи сохтмон ва интерйерҳои "Ӯзбекистон" ифтитоҳ хоҳанд ёфт.
 -Рӯйдоди ифтитоҳии мавсими намоишгоҳҳои соли 2026 Форуми байналмилалии об - Ҳафтаи оби Тошканд 2026 хоҳад буд, ки ҳамзамон бо AgroWorld Uzbekistan баргузор мешавад. Ин форум аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо кумаки Iteca Exhibitions, Институти обёрӣ ва муҳандисони механиконии кишоварзии Тошканд ва Маркази ислоҳоти пешрафта ташкил карда мешавад,-гуфт Нодир Тӯрабеков, продюсери Форуми байналмилалии об - Ҳафтаи оби Тошканд 2026.
  Ба таъкиди ин манбаъ доираи намоишгоҳҳои байналмилалӣ бо намоишгоҳи хоси соҳаҳои тиб ва зебоӣ таҳти шиори "Ҳамбастагии зебоӣ ва саломатӣ" - TIHE, PharmExpo Central Asia, Stomatology Uzbekistan, Beauty Uzbekistan / BeautyDerma Central Asia - баргузор мешаванд, ки намоишгоҳҳои бузурги байналмилалӣ, ба монанди OGU, Power Uzbekistan ва GETCA, инчунин конфронсҳои нафту газ ва энергетикиро низ дар атрофи худ муттаҳид мекунад. Ҳамаи чорабиниҳо дар маҷмааи намоишгоҳии CAEx Uzbekistan баргузор мешаванд.  
 -Ногуфта намонад, ки мавсими баҳорӣ бо намоишгоҳи "TextileExpo Uzbekistan Spring"ба анҷом мерасад ва ҷои худро оҳиста ба мавсими тирамоҳӣ иваз хоҳад кард. Он 10 намоишгоҳи байналмилалӣ ва як қатор ҷаласаҳо ва форумҳои тиҷоратиро дар меҳвар қарор медиҳад, ки соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд,-иброз медорад Людмила Стайсҳуинайте.
 Гуфта шуд, ки Iteca Exhibitions як платформаи пуриқтидори B2B буда, дастрасии мустақим ба бозигарони калидии бозор, шабакаҳои босифат ва тамосҳои воқеии тиҷоратиро таъмин мекунад ва имкониятҳои иловагиро барои муоширати тиҷоратӣ байни иштирокчиён фароҳам меорад.
 Дар мулоқоти мазкур Саидносир Усмонов, мушовири вазири сохтмони ҷумҳурӣ оид ба сиёсати иттилоотӣ, ба он нукта таваҷҷӯҳи журналистонро ҷалб намуд, ки ҳар як намоишгоҳ барои баланд шудани обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон хеле мусоидат менамояд. Зеро иштирок ва боздид аз марказҳои намоишгоҳҳои ҷумҳурӣ барои меҳмонони зиёд таассуроти калон мебахшад. Барои ҳамин сол аз сол теъдоди ташрифгарони намоишгоҳҳои байналмилалӣ рӯ ба афзоиш меоварад. 
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: