Алҳол, ҳангоме ки кишвари мо дар пояи раванди «Аз эҳёи миллӣ ба пешрафти миллӣ» ба даврони нави рушди худ ворид гардида, пойдевори давраи нави Эҳё – Ренессанси савумро ташаккул медиҳад, мероси бебаҳои адабии Алишери Навоӣ мазмуну муҳтавои беш аз пеш касб менамояд. Шавкат МирзиЁев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Дар таърихи адабиёти ҷаҳонӣ номҳое ҳастанд, ки ба сифати наҷм медурахшанд ва роҳи бисёр наслҳои баъдинаро рӯшан мекунанд. Шоир, мутафаккир ва арбоби давлатӣ Алишери Навоӣ, ки эҷодиёташ уруҷи адабиёти чиғатоӣ гардида, ба тамаддун ва фарҳанги тамоми Шарқ таъсири беназире гузоштааст, аз ҷумлаи чунин ситорагон ба шумор меравад.
Мероси ӯ, ки аз хирад, ғояҳои инсонпарварӣ ва муҳаббати амиқ нисбати забони модарӣ саршор мебошад, моро то имрӯз рӯҳбаланд ва мафтун менамояд.
Алишери Навоӣ 9 феврали соли 1441 дар Ҳирот аз оилаи асилзода ба дунё омад. Аз хурдӣ ба омӯзиш, аз худ намудани илм, забон ва санъатҳои зиёд майл намуд. Ӯ дониши ҳамаҷониба дошт; донандаи Қуръон, ҳадис, адабиёти араб ва форсӣ, таърих, фалсафа, нуҷум, тиб ва ҳуқуқ буд. Ин вусъати саводи шоир баъзан дар эҷодиёти бисёрҷанбаи ӯ равшан инъикос ёфтааст.
Навоӣ танҳо бо фаъолияти адабӣ маҳдуд нашудааст. Ӯ соҳиби мансабҳои баланди давлатӣ буд, дар даргоҳи ҳокимони Темурӣ хидмат мекард, дар ин вазифаҳои бузург низ худро ба сифати сиёсатмадори ҳушманду дурбин зоҳир намуд.
Алишери Навоӣ дар таърихи фарҳанги нафақат ӯзбек, балки тамаддуни ҷаҳонӣ нақши носутурданӣ гузошт. Асарҳои ӯ ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр шудаанд. Номи шоир рамзи шеърияти баланду пурмазмун гардидааст.
Қуллаи эҷодиёти шоир ва асари барҷастатарини адабии ӯ, бешубҳа, «Хамса» ба шумор меравад, ки аз панҷ достон: «Ҳайрат-ул-аброр», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Фарҳод ва Ширин», «Сабъаи сайёр» ва «Садди Искандарӣ» иборат буда, онҳо дар пайравии шоирони бузурги форсу тоҷик Низомии Ганҷавӣ ва Хусрави Деҳлавӣ навишта шудаанд. Шоир панҷгонаи худро дар тӯли ҳамагӣ беш аз ду сол (солҳои 1483-85) эҷод кардааст.
Яке аз беҳтарин асарҳои лирикии Алишери Навоӣ ин ғазалиёти ӯст, ки дар чаҳор девони туркӣ ва як «Девони форсӣ» гирд омада, тақрибан 2500 ғазалро фаро гирифтаанд.
Дар Ӯзбекистон Алишери Навоӣ ба сифати шоир ва мутафаккири миллӣ қадрдонӣ карда мешавад. Шаҳр, хиёбонҳо, театр ва муассисаҳои илмӣ ба номи ӯ гузошта шудаанд. Бояд гуфт, ки таъсири шоир аз ҳудуди адабиёт убур мекунад. Аз ғояҳои ӯ доир ба адолат, инсонпарварӣ ва хидмат ба халқ сиёсатмадорон, олимон ва арбобони фарҳанг низ баҳра мебаранд. Эҷодиёти шоир сарчашмаи бебаҳои дониш оид ба маданият, фарҳанг, таърих ва ҷаҳонбинии халқҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Ҳоли ҳозир, дар айёми мо, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ мегардад, ғояҳои инсопарваронаи Алишери Навоӣ аҳамияти беш аз пеш рӯзмарра пайдо мекунанд. Даъватҳои шоир оид ба такмил додани ахлоқ, ҷустуҷӯи ҳақиқат ва хидмат ба ҷамъият барои ҳар нафаре, ки баҳри дарки ҳаёти шоиста саъю кӯшиш дорад, маҳаки ҳамешагӣ мебошанд.
Ораш Акабоев, донишҷӯйи соли чоруми Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон.