ДЕҲААМ – МУҲАББАТГОҲАМ

Дар иҳотаи кӯҳҳои сарбаланди Нурато, дар оғӯши табиати орому зебо деҳае ҳаст бо номи Синтаб, ки ҳар кас ба он боре қадам гузорад, дигар фаромӯшаш намекунад.

Ин деҳа зодаи меҳру муҳаббат, осори бебаҳои зиндагии садсолаҳо ва рамзи ҳусни нотакрори кӯҳистон аст. Муҳаббате, ки ман бар деҳаам – Синтаб дорам, танҳо муҳаббати зодгоҳ нест, балки эҳсосест, ки дар дилам бо садои он, бо бӯю таровати гулҳои боғу роғаш, осмони пур аз ситорагонаш ҷӯш мезанад.

Моҳи марти соли 2023 барои мо соли таърихӣ буд. Ба Синтаби азиз расман мақоми деҳаи сайёҳӣ дода шуд. Ин рӯйдод барои шинохти деҳа ва пешрафти он иқдоми азим буд. Вале роҳи Синтаб ба ҷаҳониён хеле пештар боз шуда буд. Соли 2006, вақте аввалин сайёҳон аз Нидерландия ба деҳаи мо омада буданд, ҳеҷ кас гумон надошт, ки пас аз чанд сол Синтаб ба яке аз нуқтаҳои ҷолиби сайёҳии минтақа табдил меёбад.

Баъд аз он, ки деҳа расман номи сайёҳиро гирифт, меҳмонон аз Австрия, Фаронса, Олмон ва даҳҳо кишварҳои хориҷӣ ба Синтаб ташриф оварданду меоваранд. Ҳар моҳ наздикии 100-150 сайёҳ ба деҳа меоянд. Алҳол дар ин ҷо 20 хонаи меҳмонқабулкунии оилавӣ ва яке аз беҳтарин хостелҳои минтақа фаъолият доранд. Меҳмонон бештар аз обу ҳавои тоза, садои ҷӯйборҳои шаффоф, овози мурғони хушхон, осмони шаби пур аз ситора ва оромии беқиёси деҳа завқ мебаранд. Аз ҳар нафаре, ки ба Синтаб меояд, борҳо шунидаам: «Ин ҷо на танҳо табиат, балки рӯҳу равони мардум низ зебост».

Деҳа на танҳо бо табиаташ, балки бо таъриху фарҳанги ғанияш низ машҳур аст. Дар он анъанаҳои миллӣ, фарҳанги мардумӣ ва арзишҳои бостонӣ ҳифз шудаанд. Хонаҳои сангини бағали кӯҳ, хӯрокҳои миллӣ, либосҳои мардумӣ ва тарзи зиндагии осуда ҳама ҷузви ин хазинаанд. Синтаб дар масофаи 30 километр аз Айдаркӯл ҷойгир аст, ки вай аз гӯшаҳои хушобу ҳавои он ба ҳисоб меравад. Деҳа аз ҳайвонот, паррандагон ва ҳашароти гуногун ғанӣ аст. Дар қуллаҳои кӯҳ қалъаҳои қадимӣ, дар шахҳо навиштаҷоти асрҳои куҳан меҳмононро ба ҳайрат меоранд. Деҳа ҳамчунин ҷойҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ дорад.

Обанбори Синтаб, карвонсаройҳои қадимӣ, зиёратгоҳҳои Хоҷа Порсо ва Хоҷа Маҳмад Саврато, Чашмаи Акко ва ғайра ҳама диданӣ ва ҷолибанд.

Хулоса, ман ифтихор мекунам, ки алҳол деҳаам дар ҷаҳон машҳур аст ва бовар дорам, ки зеботарин чизе, ки меҳмонон дар он пайдо мекунанд, нафақат манзараҳои зебову дилкушои он, балки дили софу меҳрубонии самимии мардумаш мебошад. Синтаб ифтихори мо, муҳаббатгоҳи ман аст.

Зулола Некмуродова, донишҷӯйи соли чоруми шуъбаи филологияи тоҷики Донишогоҳи давлатии Бухоро.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: