Моҳи октябри соли сипаришуда дар барномаи «Рангинкамон», ки бо забони тоҷикист, аз тариқи шабакаи телевизиони «Ӯзбекистон» оиди ҷашни забони тоҷикӣ дар мактаби рақами 17-уми шаҳри Ангрен барнома намоиш дода шуд.
Аз ин мо – мардуми тоҷики Ӯзбекистон хеле хурсанд шудем. Чунки дар он барномаи тантанавӣ мактаббачагон бо забони модарии худ бо фахр шеърҳо мехонданд. Шиору лавҳаҳои синфхонаҳо, ҳавлии мактаб бо забони тоҷикӣ навишта шуда буд. Ба тантанаи Иди забон адибони тоҷик аз пойтахт омада, ба мактаб китобҳои бисёр туҳфа карданд.
Ман баробари тамошои барнома ҳолати имрӯзаи мактабҳои деҳаамонро, ки - 5 тоанд, бо мактаби номбурдаи шаҳри Ангрен муқоиса карда, бисёр афсӯс хӯрдам, ки имрӯз мо худамон ба решаи забони модариамон теша зада истодаем.
Чунки дар давоми 10-15 соли охир дар мактабҳои деҳаи мо шумораи синфҳои тоҷикӣ кам шуда, яктоӣ синф мондааст... Ба фикри ман, барои ин пеш аз ҳама муаллимони мактабҳои деҳаамон сабабгоранд.
Ман аз мактабҳои маҳаллаҳои тоҷикнишини ноҳияҳои Деҳнав, Сариосиё, Нурато, Сӯх хабардор шуда, хурсанд мешаваму аз ҳаёти мактабҳои деҳаамон ғамгин мегардам.
Масъалаи дигаре, ки мо мардуми тоҷикзабони Ӯзбекистони имрӯза беэътиборӣ мекунем, ин масъалаи рушди матбуоти тоҷик мебошад. Сол ба сол миқдор ва ҳаҷми нашри рӯзномаҳои тоҷикӣ маҳдуд шуда истодааст. Масъули саҳифаи тоҷикии рӯзномаи «Чуст ҳақиқати», мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон Ш. Даминова мебошад, ки худи рӯзнома моҳе як бор, саҳифаи тоҷикиаш дар ду моҳ як дафъа нашр мегардад. Миқдори нашри рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳам кам шудааст. Ин бошад, ба обуначиён вобастагӣ дорад.
Назирҷон Эргашев, ноҳияи Чусти вилояти Намангон.